Tj Ru En
Саҳифаи асосӣ
Хабарҳо
SWAp
Шарикони байналмиллалӣ
Махзани санадхои меъёри-хукуки
Хадамоти санитарию эпидемиологӣ
Хизматрасонии тиббӣ
Саҳифаи духтури амалӣ
Тибби оилавӣ
Молҳои фармасевтӣ ва тиббӣ
Ҳифзи сиҳатии модару кӯдак
Тибби халки
Этика ва деонтология
Робита
Суолҳо ва посухҳо

 авг   сентября 2010   окт

вспнвтсрчтптсб
   1  2  3  4
  5  6  7  8  91011
12131415161718
19202122232425
2627282930 
SVTechie Technology
Моліои фармасевтг ва тиббг

 РАЁСАТИ ФАРМАТСИЯ ВА МОЛҲОИ ТИББИИ ДАСТГОҲИ МАРКАЗИИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

          Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ (минбаъд Раёсат) сохтори Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, идоракунии давлатиро дар соҳаи фарматсия ва молҳои тиббӣ амалӣ гардонида, барои таҳия ва амалисозии сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи фарматсия ва молҳои тиббӣ ва назорати таъминоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ дар муассисаҳои табобатӣ ва фарматсевтии ҷумҳурӣ ҷавобгу мебошад.
       Раёсат дар доираи салоҳиятҳои худ назорат ва ҳамоҳангсозии сохторҳои назоратию иҷозатномадиҳӣ ва илмию истеҳсолии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ, Маркази ҷумҳуриявии хариди доруворӣ ва молҳои тиббӣ, Корхонаи воҳиди давлатии «Кумитаи Тоҷикфарминдустрия», Маркази илмӣ-истеҳсолии дорусозӣ, Корхонаи муштараки «Тоҷик Аҷанта Фарма Лимитед»), инчунин лоиҳаҳои якҷояи байналмиллалӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фарматсевтӣ ва молҳои тиббӣ фаъолият мекунанд, амалӣ мегардонад.
Ба Раёсат иҷрои вазифаҳои асосии зерин вогузошта шудааст:
• Иҷроиши Сиёсати давлатии доруворӣ, мониторинг санҷиши ҳолати кунунии вазъ, таҳияи дурнамо ва барномаҳои миёнамӯҳлату дарозмӯҳлат оиди инкишофи соҳаи фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ, таҳияи пешниҳодҳо оиди бадастории нишондодҳои дилхоҳ;
• Дар якҷоягӣ бо сохторҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукуматҳои иҷроияи маҳаллӣ, назорати сифати таъминоти маводи доруворӣ дар муассиҳои табобатӣ, новобаста аз шакли моликият ва тобеъияти идоравиашон ба амал меорад;
• Сиёсат ва стратегияи таъминоти аҳолиро бо маводи доруворӣ таҳия месозад; • Барои рекламаи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ иҷозатнома медиҳад;
• Дар якҷоягӣ бо сохторҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи аҳолиро бо маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ муайян менамояд, дар таҳия ва аз нав дида баромадани Рӯйхати маводи асосии доруворӣ ва Дастурамал оид ба амалияи клиникӣ иштирок мекунад;
• Аз нав дида баромадани Формуляри маводҳои асосии дорувории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамояд;
• Ташфиқоти таъинот ва истифодабарии мақсаднок ва самараноки маводи доруворӣ ва молҳои тиббиро таъмин менамояд;
• Таҳияи намудани низомнома, андоза, қоида ва меъёрҳо барои фаъолияти фармасевтӣ ва назорати иҷрои онҳо;
• Ташкил намудан ва гузаронидани мониторинг оиди таъсири номатлуби маводи доруворӣ дар муассисаҳои тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
• Таҳия ва бо таври қабулгардида пешниҳод намудан ба сохторҳои дахлдор лоиҳаи Қонунҳо, Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар лоиҳаҳо оид ба соҳаи фарматсия ва молҳои тиббӣ, маблағгузорӣ, саҳмгузорӣ (инвестирования), андозбандӣ, нархгузорӣ ва инкишофи муассисаҳои фармасевтӣ ва саноати фармасевтӣ;
• Дар асоси қонунҳои амалкунанда ташкили таҳияи меъёрҳо дар соҳаи фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ, меъёрҳои сифати хизматрасонии фармасевтӣ ва дигар андоза, қоида ва меъёрҳо, ҳуҷҷатҳои дастурамалӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи фармасевтӣ ва молҳои тиббӣ, таъминоти назорати иҷроиши онҳо.

 
« Пред.   След. »









Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш. Душанбе, кучаи Шевченко 69
тел: (992 37) 600-60-02; presscenter_mz@mail.ru