Tj Ru En
Саҳифаи асосӣ
Хабарҳо
SWAp
Шарикони байналмиллалӣ
Махзани санадхои меъёри-хукуки
Хадамоти санитарию эпидемиологӣ
Хизматрасонии тиббӣ
Саҳифаи духтури амалӣ
Тибби оилавӣ
Молҳои фармасевтӣ ва тиббӣ
Ҳифзи сиҳатии модару кӯдак
Тибби халки
Этика ва деонтология
Робита
Суолҳо ва посухҳо

 авг   сентября 2010   окт

вспнвтсрчтптсб
   1  2  3  4
  5  6  7  8  91011
12131415161718
19202122232425
2627282930 
VC Funding Behavioral Synthesis
Іифзи сиіатии модару кпдак

МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ РАЁСАТИ ТАШКИЛИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ТИББӢ БА МОДАРОНУ КӮДАКОН ВА ТАНЗИМИ ОИЛАИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

        Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи (минбаъд Раёсат) Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми майи соли 2008, №282 ташкил карда шудааст.
       Раёсат аз 2 бахш: бахши ҳифзи сиҳатии кӯдакону наврасон ва рушди малакаҳои воилидайнӣ ва бахши модаршавии бехавф ва танзими оила. Раёсат аз 7 басти корӣ иборат аст: сардори Раёсат, 2 мудири бахш, 2 сармутахассис, 2 мутахассиси пешбар ва 1 мутахассис.
      Ба зиммаи Раёсат иҷрои вазифаҳои зерин гузошта шудааст:
• Аз рӯи тартиби муқарраргардида татбиқ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи муҳофизати солимии модару кӯдак ва танзими оила, мониторинги ҳолати ҷорӣ, таҳия намудани барномаҳои миёнамӯҳлат ва дарозмӯҳлат дар самти ҳифзи солимии модару кӯдак ва танзими оила;
• Таҳияи дастурҳо, стандартҳо, меъёрҳо дар соҳаи ҳифзи солимии модару кӯдак ва танзими оила;
• Мутобиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таҳия намудани Низомномаи стандартҳои миллӣ дар соҳаи тандурустии модару кӯдак ва танзими оила, аз ҷумла стандартҳои сифати хизматрасониҳои тиббӣ, ҳамчунин меъёр ва нишондодҳои меъёрӣ, ҳуҷҷатҳои дастурӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии ба ҳифзи солимии модару кӯдак ва танзими оила дахлдор ва бо тартиби муқарраршуда барои тасдиқ пешниҳод намудани онҳо, таъмин намудани назорати татбиқи онҳо;
• Ташаккули фармоишҳои иҷтимоӣ дар татбиқи тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи солимии модару кӯдак ва танзими оила;
• Таҳия намудани номгӯи навъҳои фаъолияти касбӣ дар соҳаи ҳифзи солимии модару кӯдак ва танзими оила, ки бояд иҷозатномаю гувоҳномаҳо дошта бошанд;
• Иштирок намудан дар тартиби таҳия кардани гувоҳномаҳо, фаъолияти тиббӣ ва додани иҷозатномаҳо;
• Дар доираи салоҳияти худ назорат намудани татбиқ ва мониторинги иҷрои ҳуҷҷатҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ дар соҳаи ҳифзи солимии модару кӯдак ва танзими оила;
• Таҳия намудани қоида ва тартиби гузаронидани муоинаҳои тиббию генетикӣ;
• Иштирок дар таҳия намудани тавсияҳо дар бораи ба таври мусоид бо кор таъмин намудани занони ҳомиладор, таҳияи тартиби расонидани кӯмаки контрасептивӣ ба доираи аҳолии ихтиёран хоҳишдошта, номгӯи нишондодҳо ва тартиби гузаронидани стерилизатсияи тиббӣ (ҷарроҳӣ), номгӯи нишондодҳои тиббӣ барои бо роҳи сунъӣ қатъ намудани ҳомиладорӣ ва тартиби гузаронидани ҷарроҳиҳои бо роҳи сунъӣ қатъ намудани ҳомиладорӣ мутобиқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорати иҷрои онҳо;
• Пешниҳод намудани таклифҳо оид ба беҳтар намудани саҳми хадамоти ҳифзи солимии модару кӯдак ва танзими оила дар ислоҳоти тандурустӣ, баланд бардоштани самаранокии истифодаи маблағҳои буҷетӣ ва ташаккули шароитҳои иқтисоди бозорӣ дар муассисаҳои зертобеъ;
• Пешниҳод намудани таклифҳо дар ҷараёни таҳия намудани механизми расонидани ёрии кафолатноки давлатии тиббию санитарии ройгон ба модарону кӯдакон;
• Пешниҳод намудани таклифҳо дар таҳияи стратегия ва барномаҳо оид ба эмкунии модарону кӯдакон, оид ба тартиби дар муасисаҳои муолиҷавӣ ҳузур доштани ашхоси кӯдакони беморро нигоҳубинкунанда, раводид ва тартиби фиристодани кӯдакон ба муолиҷаи санаторӣ – курортӣ;



 









































 
« Пред.   След. »









Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш. Душанбе, кучаи Шевченко 69
тел: (992 37) 600-60-02; presscenter_mz@mail.ru