Tj Ru En
Саҳифаи асосӣ
Хабарҳо
SWAp
Шарикони байналмиллалӣ
Махзани санадхои меъёри-хукуки
Хадамоти санитарию эпидемиологӣ
Хизматрасонии тиббӣ
Саҳифаи духтури амалӣ
Тибби оилавӣ
Молҳои фармасевтӣ ва тиббӣ
Ҳифзи сиҳатии модару кӯдак
Тибби халки
Этика ва деонтология
Робита
Суолҳо ва посухҳо

 авг   сентября 2010   окт

вспнвтсрчтптсб
   1  2  3  4
  5  6  7  8  91011
12131415161718
19202122232425
2627282930 
Techies Resources Behavioral Synthesis
Тибби оилавг

«БАЪЗЕ ҶАНБАҲОИ СИЁСАТИ СИСТЕМАИ ЯГОНАИ ҶОРӢ КАРДАНИ ТИББИ ОИЛАВӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Салимов Н.Ф., Зарипов С.З., Содиқова Д.Н.
(Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон)

         Тибби оилавӣ самти афзалиятноки фаъолияти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳарчи зудтар ҷори намудани он яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва таъхирнопазир мебошад, ки иҷрои он дар навбати худ ба тадбиқи самараноки ҳуҷҷатҳои стратегии миллӣ оид ба ислоҳоти системаи ҳифзи тандурустии мамлакат мусоидат мекунад. Масъалаи ҷорӣ намудани тибби оилавӣ дар кишварамон ҳанӯз соли 1988 бо Фармони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 июни соли 1998, таҳти рақами 236) «Дар бораи давра ба давра ташкил намудани ёрии аввалияи тиббӣ, аз рӯи принсипи духтури таҷрибаи умумӣ дошта( духтури оилавӣ)», ки ҳамчун «оғоз»-и фаъолияти духтури оилавии тоҷик ба ҳисоб меравад, муайян шуда буд. Аз ба тасвиб расидани ин фармон 10 сол пур шуд.

       Тавре маълум аст, дар қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 2005 «Дар бораи фаъолияти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба вазорат супориш дода шуда буд, ки барои рушди ояндаи тадбирҳое, ки ба васеъ шудани системаи ёрии аввалияи тиббӣ-санитарии ба принсипҳо ва таҷрибаи тибби оилавӣ асос ёфта равона карда шудааст, чораҳо андешад. Инчунин моҳи декабри соли 2005 дар мавзӯи «Тибби оилавӣ ва тандурустии инсон» конфронси миллӣ доир гардид, ки дар он модеои ягонаи тибби оилавӣ дар Тоҷикистон қабул гардид ва дар ин асос мо бояд вазъи ҳозираро таҳлил карда бубинем, ки мо дар ин самт кадом корҳоро анҷом додем ва оянда ба кадом натиҷаҳо расиданием.

      Дар навбати аввал бояд қайд кард, ки солҳои охир дар масъалаи омодагии то дипломӣ ва баъди дипломии мутахассисони тибби оилавӣ пешравиҳо мушоҳида мешаванд, дар бараи муассисаҳои омӯзишии то ва баъди мактаби олӣ кафедраҳои тибби оилавӣ барои омода намудан ва такмили ихтисоси мутахассисони тибби оилавӣ таъсис дода шуд. Вобаста ба ин махсус таъкид намудан лозим аст, ки дар натиҷаи ҳамкории Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ва Маркази идораи Лоиҳаи оид ба ислоҳоти системаи тандурустии Тоҷикистон натиҷаҳои мусбатро ноил шудем, ки ин созмонёбии кафедраи дуюми тибби оилавӣ дар ДДТТ мебошад ва он аз ҷиҳати таҷҳизонидани техникӣ ва азнавсозии бинои он аз ҷониби Маркази идораи Лоиҳа дастгирӣ мешавад. Инчунин барои муассисаҳои ПМСП, аз ҷумла барои онҳое, ки аз рӯӣ Принсипи духтури умумӣ(оилавӣ) кор мекунанд, як қатор ҳуҷҷатҳои таълимӣ-методӣ ва ҳисобу китоб таҳия ва нашр гардид. Илова бар ин махсус таъкид кардан лозим аст, ки дар боби ҳамкории Вазорати тандурустӣ бо донорҳои байналхалқӣ оид ба имплементация ва компонентҳои рушди институтсионалии мутахассисони тибби оилавӣ, ба як қатор пешрафтҳо ноил гаштем. Созмонёбии бонки маълумотҳо оид ба рушди потенсиали кадрӣ, аз нав дида баромадан ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ оид ба тибби оилавӣ, ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои таҳияи методологияи ягонаи маблағи сарикасӣ, стратегияи миллии сектори самарабахшии госпиталӣ, беҳтар намудани литсензиякунонӣ ва таҳияи сохтори мустақили акредитатсияи ҳифзи саломатӣ, азнавсозии системаи назорати давлатӣ аз болои сифати доруҳо ва ҷорӣ намудани маркази самарабахши харидорӣ ва тақсимоти воситаҳои доруворӣ - инҳо натиҷаи фаъолияти якҷоя бо шариконамон мебошад.

          Вусъати рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, ки барои ба даст овардани пешрафти иҷтимоиёти инсон мусоидат мекунад, бо ислоҳоти сохторӣ, афзалиятнокӣ ва сенарияҳои маблағгузори ба бахшҳое, чун рушди хоҷагии қишлоқ, маориф, тандурустӣ, таъминоти об, санитарӣ ва муҳити атроф, ки асоси таҳияи барномаи вобаста ба Рушди мақсадноки Ҳазорсола, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисодӣ дар солҳои 2006-2008 мебошад, сахт марбут аст. Барои иҷрои принсипи имкони баробари дастрасии хизмати тиббӣ таҳияи системаи муайяннамоии фармоишоти давлатӣ зарур аст. Дар ин ҳолат бештар ба хизматрасониҳое, ки арзиши он барои аксари аҳолӣ дастнорас аст, эътибор дода шуд. Аз ин бармеояд, ки давлат бояд тамоми қувваю имконоти хешро барои таъмини аҳолӣ ба хизматрасониҳои гаронқиммат равона созад ва намудҳои дастраси табобат ба воситаҳои ғайрибуҷавӣ, воситаҳо худи мизоҷон ва ғайра пешниҳод гардад. Барои баландбардории Принсипи самаранокии фаъолияти муассисаҳои ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ, аз ҷумла муассисаҳои тибби оилавӣ ҳалли масъалаҳое, ки ба амалисозии принсипҳои асосии Ташкилоти умумиҷаҳонии ҳифзи сиҳатӣ дар асри 21 : дастрасӣ, боинсофона( аз рӯи ҳақиқат, ҳамбастагӣ ва меҳрубонӣ равона карда шудааст, зарур аст.

       Қисмати авали масъалаҳо - ташкили банақшадарории стратегӣ, бо фарогирии дурнамои сети ташкилотҳои тиббӣ, кадрҳои тиббӣ, аз ҷумла мутахасисони тибби оилавӣ, созмондиҳии онҳо дар асоси талаботи воқеӣ, кафолати ӯҳдадориҳои ба кор ҷалбнамоии хатмкунандагон, таъмини алоқамандии ҷараёни литсензиякунонӣ, аттестатсия, аккредитатсия ва баҳогузорӣ ба сифати ёрии тиббӣ. Бояд фаъолияти тамоми зинаҳои системаи идораи ҳифзи саломатӣ мутобиқ карда шавад.

        Вазъи воқеӣ дар ҳифзи саломатӣ ин динамикаи афзоиши сети бахшҳои (звеноҳои) амбулаторӣ-дармонгоҳӣ мебошад. Сектори ёрии статсионарӣ қиммат(гарон) аст. Бо вуҷуди ин беморхонаҳо ҳамчун қасми бузургу асосии индустрияи хизматрасонии тиббӣ боқӣ мемонанд, пешрафтҳои дар ҷониби бартарии звеноҳои дармонгоҳӣ, нуқтаҳои ёрии таъҷилӣ бошад талаб мекунад, ки ба намудҳои ёрии тиббӣ, баробар ба дараҷаи муассисаҳои ПМСП, боандешона бояд муносибат кард. Албатта дар ин ҳолат масъалаи рушди институти тибби оилавӣ, чун бахши асосии ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ яке аз проблемаҳои муҳими системаи ҳифзи тандурустӣ мебошад.

         Қисмати дуюми масъалаҳо – тағйироти соҳаи ҳифзи саломатӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ. Дар ин ҷо масъалҳои дастгирии давлатии ҳифзи саломатӣ, тибби суғуртавӣ ва хусусӣ дар мадди аввал меистад. Суғуртавии давлатӣ, ки бештар воқеист(боинсофона) бештар қобили қабул мебошад.

       Қисмати сеюми масъалаҳо – афзоиши маблағгузорӣ дар рушди илми тиб ва технологияи навин барои анҷоми доираи зиёди таҳқиқот, бо таъкид ба муҳимияти омодагии хуби кадрҳои тиббӣ, аз ҷумла мутахассисони тибби оилавӣ, ки ба баландбардории ёрии тиббӣ ва қонеъ гардонидани талаботи мизоҷон мусоидат мекунад. Бино ба нуктаҳои дар боло зикршуда, имрӯз масъалаи аз ҳама асосӣ ин танзими қонунии рушди чӣ ҳифзи сиҳатӣ ва тандурустӣ дар маҷмӯъ ва чӣ тибби оилавӣ дар алоҳидагӣ маҳсуб меёбад.

       Алҳол дар Вазорати тандурустӣ барои афзоиши суръати ҷорӣ кардани тибби оилавӣ ба таҳияи Барномаи «Сиёсати системаи ягонаи ҷорӣ кардани тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ кардаанд. Ҳуҷҷати мазкур ҳамчун дастурамали ҳамаҷониба такмилёфта, барои ба таври системавӣ ворид гардидан ба проблемаи ҷорӣ шудани тибби оилавӣ дар ҷумҳурӣ хизмат хоҳад кард. Сиёсати мазкур барои таҳия ва қабули нақшаҳои мушаххас ва чораҳои муайянкунандаи аниқи вазифаҳо барои ҳар як идораҳои дахлдор, бо дарназардошти фикри маъмурият, кормандони илмӣ, духтурон ва мутахассисон, ҳамзамон аҳолӣ ва ташкилотҳои байналхалқие, ки ба ҷараёни тадбиқи тибби оилавӣ ҷалб гардидаанд, ҳамчун асос хизмат мекунад.

        Барои муваффақона ҷорӣ намудани тибби оилавӣ ҳалли чунин вазифаҳо зарур аст: Дар соҳаи танзими қонунии муносиботи ҷамъиятӣ дар соҳаи тибби оилавӣ:

• Таҳияи методологияи ягонаи аз ҷиҳати илмӣ асосёфтаи таҳияи лоиҳаи қонун, аз ҷумла оид ба тибби оилавӣ. Ҳамзамон таҳия ва қабули Қонун дар бораи тибби оилавӣ метавонад ба таври қонунӣ бисёр масъалаҳоро ҳал намояд, зеро ки дар он мақом ва мавқеи тибби оилавӣ дар системаи идораи давлатӣ, ташкили асосҳои инноватсионӣ ва принсипҳои фаъолияти якҷоя, муттасилӣ, масъулиятшиносӣ дар фаъолияти тиббӣ, махсусан тибби оилавӣ, сарчашмаҳои молиявӣ муайян мешавад;

• Тадбиқи амалии сиёсати устувори азнавтақсимкунии воситаҳои молиявии буҷаи ҳифзи саломатӣ ҷудо намуда ба ПМСП;

• Таҳия ва тадбиқи нақшаи миллии омӯзиши босуръат(омодасозии) оид ба тибби оилавӣ, такмили барномаи омӯзишӣ оид ба тибби оилавӣ, бо назардошти мувофиқ гардонидани он ба меъёрҳои(фаҳмишҳои) ва дастурҳои байналмилалӣ оид ба тибби оилавӣ;

• Таҳия ва ҷорӣ намудани модели рушди ПМСП, ки асоси онро духтурони оилавӣ ва ҳамшираҳои тиббии оилавӣ ташкил мекунанд, бо истифодаи бригадаҳои серсоҳаи хизмати ҳифзи саломатии сектори иҷтимоӣ ва бо ширкати аҳолии маҳаллӣ, ҳамчунин ба комёбии расонидаи хизмати комплексии ПМСП ва муттасилии аниқ бо хадамоти дигар, тағйири тамоюли ПМСП ба проблемаҳои ҳифзи саломатии ҷамъиятӣ;

• Таҳия ва тадбиқи Стратегияи маълумоти (омӯзиши) муттасили(бетанаффуси) таҷрибаҳои тибби оилавӣ, ки ба талаботи аҳолӣ асос ёфтааст, бо ҳамроҳкунии масоили беҳтарнамоии таҷрибаи навиштан ва муайянкунии воситаҳои дорувор, истифодаи стандартҳои табобат ва ғайра;

• Гузариши давра ба давраи муассисаҳои ПМСП ба шакли нави расонидани хизмати тиббӣ, бар асоси моделҳои тибби оилавӣ( гурӯҳи духтурони оилавӣ, амбулаторияҳои оилавӣ, марказҳои тибби оилавӣ).

          Яке аз масъалаҳои муҳими ба даст овардани комёбӣ дар рушди устувор ва рузафзуни тибби оилавӣ дар ҷумҳурӣ такмили ҷараёни омӯзишӣ, яъне беҳтарнамоии нишондодҳои миқдорӣ ва сифатии омодагӣ ва такмили дониши мутахассисони тибби оилавӣ мебошад. Бо мақсади мутобиқати ягонаи кори муассисаҳои омӯзишӣ, ташкилотҳои ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ оид ба дурнамо ва проблемаҳои тибби оилавӣ дар мамлакат кори Шӯрои мутобиқсозиро дар асосҳои мунтазам фаъол кардан зарур аст. Ба Шӯро ваколат дода шавад, ки на танҳо масъалаҳои раванди омӯзишро дида барояд, балки масъалаҳои роҳҳои амалии рушди тибби оилавиро ҳаллу фасл намояд:

• Созмондиҳии бахшҳои иловагии табобатӣ дар базаи муассисаҳои табобатӣ-профилактикии шаҳрҳо ва минтақаҳои наздик барои омодагӣ( ба воситаи ординатураи табобатӣ) ва такмили ихтисоси мутахассисони тибби оилавӣ( дар базаи муассисаҳои омӯзишӣ);

• Ташкили системаи ягонаи муайяннамоии дониш, фаҳмиши ординаторҳо ва азнавомодасозии мутахассисони тибби оилавӣ;

• Мусоидат ба чорӣ намудани васеъ ва давра ба давраи институти аккредитатсиякунонӣ, сертификатсиякунонӣ ва литсензиякунонии мутахассисон ва муассисаҳои тибби оилавӣ;

• Таҳияи барнома оид ба ҳамкориҳои мутақобила миёни Вазорати тандурустии ҶТ ва вазоратҳои тандурустии дигар кишварҳо барои табодули таҷриба оид ба рушди тибби оилавӣ( бо миёнаравии лоиҳаҳои инвеститсионӣ);

• Ба амалбарории таҷдиди беморхонаҳои дуюмдараҷа дар асоси нақшаҳои навоваронаи вилоятӣ.

 

 
« Пред.   След. »









Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш. Душанбе, кучаи Шевченко 69
тел: (992 37) 600-60-02; presscenter_mz@mail.ru