Tj Ru En
Саҳифаи асосӣ
Хабарҳо
SWAp
Шарикони байналмиллалӣ
Махзани санадхои меъёри-хукуки
Хадамоти санитарию эпидемиологӣ
Хизматрасонии тиббӣ
Саҳифаи духтури амалӣ
Тибби оилавӣ
Молҳои фармасевтӣ ва тиббӣ
Ҳифзи сиҳатии модару кӯдак
Тибби халки
Этика ва деонтология
Робита
Суолҳо ва посухҳо

 авг   сентября 2010   окт

вспнвтсрчтптсб
   1  2  3  4
  5  6  7  8  91011
12131415161718
19202122232425
2627282930 
Techies Resources ESL
Хадамоти санитарию эпидемиологг

НИЗОМНОМАИ

Раёсати санитарию эпидемиологии дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муқаррароти умуми

1. Раёсати санитарию эпидемиологӣ (минбаъд - Раёсат) системаи сохтори мақоми Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда ба Хадамоти давлатии санитарию эпидемиологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешавад.
2. Раёсат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо ва амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳо ва амрҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқи, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳо, қарорҳо, амрҳои Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармонҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, инчунин ҳамин Низомномаро дастури амал қарор медиҳанд.
3. Дар назди Раёсат барои баррасии коллегиалӣ ва ҳалли масъалаҳои рушд, идоракуни, такмили фаъолияти хадамоти санитарию эпидемиологи Шуроҳои санитарию эпидемиологӣ таъсис дода мешаванд, ки тибқи низомномаҳое, ки Сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии тоҷикистон тасдиқ менамояд, фаъолият мекунанд.

Мақсад ва вазифаҳои Раёсат

4. Бо мақсади таъмини бехатарии санитарию – эпидемиологии аҳолӣ ба Раёсат
5. Раёсат мутобиқи вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда: 
- оид ба масъалаҳои таъмини амнияти санитарию – эпидемиологии аҳолӣ, барои қабул намудан мақомот пешниҳодҳо тайёр менамояд: 
-  дар таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ оиди ба таъмини амнияти санитарию – эпидемиологии аҳолӣ, инчунин пешниҳодҳо ба лоиҳаҳои мақсадноки илмӣ ва барномаҳои минтақавӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳо, барқарорсозии муҳити зисти одам, иштирок менамоянд; 
-  бо тартиби муқараршуда қоидаҳои санитарӣ, меъёрҳо ва меъёрҳои гигиенӣ таҳия ва тасдиқ мекунад: 
-  экспертизаи санитарию гигиенӣ ва эпидемиологӣ ташкил мекунад ва мегузаронад:
- дар соҳаи омӯзиши ҳолати саломатии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои одам ва муҳити зисти он, илмӣ ва дигар намуди ташхисҳо ташкил менамояд: 
- дастури идоракунии корҳо оид ба ташакули тарзи ҳаёти солим, тарбияи гигиенӣ ва ташфиқоти малакаи дониши гигиении аҳолӣ иштирок намуда, дар амал тадбиқ мекунад: 
-  баҳодиҳии қонунгузории Ҷумҳурии тоҷикистон дар соҳаи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ;
 - бо мувофиқа ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомотҳои худидоракунӣ, ташкилотҳо ва аҳолиро дар бораи ҳолати саломатии аҳолӣ дар шароити муҳити зисти одам, санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ахборот пешниҳод менамояд; 
- баҳодиҳи аз рӯи бақайдгирии давлатии моддаҳои кимиёвӣ ва биологии хатарнок, бақайдгирии давлатии иловаҳои фаъоли биологии хӯрока, сертификатсияи маводҳои тиббии иммунобиологӣ ва моддаҳои дезинфексионӣ, инчунин назорат аз рӯи сифати онҳо мебарад; 
- ба фаъолият корие, ки ба барангезандаҳои бемориҳои сироятии одам вобастаги дорад, бо тартиби муқараршуда литсезия медиҳад;

6. Дар тобеияти бевоситаи Раёсат қарор доранд: 
- Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ; 
- Марказҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ташаккули тарзи солими ҳаёт; 
- Маркази ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии иммунопрофилактикӣ; 
- Марказҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии стансияҳои дезинфексионӣ; 
- Марказҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии мубориза бо бемориҳои тропикӣ (вараҷа); 
- Марказҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ шаҳрӣ ва ноҳиявии пешгири ва мубориза зидди СПИД; 
- Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои карантинии Вазорати тандурустӣ; 
- Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба проблемаҳои ғизо; 
- Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии тиббии профилактикӣ;

 
« Пред.   След. »









Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш. Душанбе, кучаи Шевченко 69
тел: (992 37) 600-60-02; presscenter_mz@mail.ru