Tj Ru En
Саҳифаи асосӣ
Хабарҳо
SWAp
Шарикони байналмиллалӣ
Махзани санадхои меъёри-хукуки
Хадамоти санитарию эпидемиологӣ
Хизматрасонии тиббӣ
Саҳифаи духтури амалӣ
Тибби оилавӣ
Молҳои фармасевтӣ ва тиббӣ
Ҳифзи сиҳатии модару кӯдак
Тибби халки
Этика ва деонтология
Робита
Суолҳо ва посухҳо

 авг   сентября 2010   окт

вспнвтсрчтптсб
   1  2  3  4
  5  6  7  8  91011
12131415161718
19202122232425
2627282930 
SVTechie ESL
Хабаріо

ЭЪЛОН


     Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи СПИД – 1 декабр барои беҳтарин мавод оид ба мавзӯи СПИД дар байни хабарнигорони телевизион, радио ва расонаҳои хабарии электронӣ озмун эълон менамояд. Маводҳо бояд оид ба масъалаи доғи имрӯза – бемории СПИД, роҳҳои пешгирӣ ва мубориза бо он тайёр гардида бошанд ва маводҳои 3 моҳи охир тайёргардида оид ба ин мавзӯъ ба озмун пешниҳод карда шаванд. Барномаҳои телевизион ва радио бояд дар шакли диск ва хабарҳо дар шакли чопӣ на дертар аз 2 декабр ба Маркази матбуоти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди СПИД пешниҳод гардонида шаванд. Ҷамъбасти озмун рӯзи 2 декабр баргузор мешавад.

      ТАМОС: 
     Маркази матбуоти Вазорати тандурустиим Ҷумҳурии Тоҷикистон : 600-60-02  
     Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД: 236-01-38  


 

СЕМИНАР ОИД БА ТАЙЁРИИ ПЕШАЗТАҲЛИЛИИ БИОМАВОДҲО


     12.10.09. Рӯзҳои 13-14 октябри соли равон бо ибтикори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази миллии тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар оид ба тайёрии пешазтаҳлилии биомаводҳо ва масъалаҳои ҳозиразамони ташхиси иммуноферментӣ барпо мегардад.

      Мақсади гузаронидани чунин семинар таъмини иштироки мутахассисон дар семинарии ҷумҳуриявӣ бо иштироки олимони варзидаи бурунмарзии Федератсияи Руссия оид ба омӯзиши мутахассисони озмоишгоҳҳо, пизишкёрони ҳуҷраҳои тазриқгоҳӣ доир ба талаботҳо, нигоҳдошт ва расонидани биомаводҳо то озмоиш, инчунин баррасии масъалаҳои ҳозиразамони таҳлили иммуноферментӣ барои табибон, акушер-гинекологҳо, урологҳо, трансфузиологҳо, бемориҳои пӯсту зӯҳравӣ мебошад.

      Семинар ду рӯз давом карда, дар он коршиносон аз Федератсияи Руссия, мутахассисон аз муассисаҳои шифоии ҷумҳурявӣ, раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ширкат хоҳанд варзид.

Маркази матбуоти ВТ.


ВОХӮРӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН

      10.10.09. Дирӯз дар толори маҷлисҳои бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино бо роҳбарони муассисаҳои тиббӣ, таълимӣ ва ходимони кафедраҳои илмӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов, муовини аввали вазири тандурустӣ Саида Ҷобирова, муовинон Соҳибназар Раҳмонов ва Аъзамҷон Мирзоев ширкат варзиданд. 

       Оид ба дастовардҳо дар соҳаи тандурустӣ сардори раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ Ӯктам Бобохоҷаев баромад намуда, ҳозиринро бо комёбиҳои назарраси касбӣ ва илмиву техникӣ дар соҳа шиносо намуд.

     Оид ба иҷроиши фармони вазири тандурусӣ оид ба мустаҳкам кардани пойгоҳҳои клиники муассисаҳои таълимӣ сардори раёсати илм ва таҳсилоти тиббию фармасевтӣ Саломиддин Исупов суханронӣ намуд.

      Дар вохӯрӣ мудири кафедраи бемориҳои пӯст Зоиров П., ректори Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон Аҳмадов А., директори Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина Гулмуродов Т., сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Темуров А., сартабиби маркази ҷумҳуриявии клиникии урологӣ Нусратуллоев И. бо таклифу пешниҳодоти мушаххас оиди рушди соҳа баромад намуда, қайд карданд, ки чунин вохӯрӣ дар ҷумҳурӣ бори аввал дар ин сатҳ гузаронида мешавад ва ин як воситаи хуб барои баёни ақидаҳо ва мубодилаи афкор бо роҳбарияти вазорати тандурустӣ мебошад.

    Дар вохӯрӣ роҳбарияти дастгоҳи марказӣ ба суолҳои ҳозирин посухҳои мушаххас доданд.

Маркази матбуоти ВТ.


МАЪРАКАИ БЕКИРМГАРДОНӢ ДАР МАКТАБҲОИ ТОҶИКИСТОН


     Ба наздикӣ аз тарафи вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов ва вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов оиди гузаронидани маъракаи бекирмгардонӣ фармони якҷоя ба тасвиб расид.

    Ин чорабинӣ бо мақсади паст намудани сатҳи паҳншавии бемориҳои гелминтӣ ва кам намудани миқдори гелминтҳо дар бадани мактаббачагони синни 7-14 солаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз 28 то 30 октябри соли 2009 гузаронида мешавад. Дар назар аст, ки ин чорабинӣ ҷамъ 1 336 139 нафар мактаббачагонро дар тамоми ҷумҳурӣ фаро мегирад.

     Тибқи ин фармон ҳамаи сардорони раёсатҳои тандурустӣ ва маорифи вилоятҳо, шаҳри Душанбе, сартабибони беморхонаҳои марказӣ ва мудирони шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ вазифадор карда шудаанд, ки барои гузаронидани корҳои ташкилӣ ва назоратӣ оид ба чорабинии бекирмгардонӣ дар байни мактаббачагони синни 7-14 солаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шахсони мутасаддиро таъин намуда, гурӯҳҳои назоратиро созмон диҳанд ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳоро оид ба гузаронидани ин чорабинӣ воқиф намоянд.

     Ҳамчунин директорони Маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемориҳои тропикӣ Каримов С. ва Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Шарипов ҷиҳати ташкилу гузарондани корҳои тайёрӣ дар байни кормандони тиббӣ ва омӯзгорон, созмон додани гурӯҳҳои мониторингӣ, омӯзишӣ, тақсимоти доруҳо ва бурдани корҳои таблиғотию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ бо истифодаи васеи воситаҳои ахбори омма супоришҳои мушаххас гирифтанд.

     Чорабинии бекирмгардонӣ бо кӯмак ва дастгирии молиявии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид ЮНИСЕФ гузаронида мешавад.

Маркази матбуоти ВТ.


СЕМИНАР ОИД БА РАСОНИДАНИ ЁРИИ ПАЛЛИАТИВӢ БАРОИ МУТАХАССИСОНИ ВАЗОРАТ


        6 октябр дар шаҳри Душанбе семинар оид ба принсипҳои расонидани ёрии паллиативӣ барои мутахассисони Вазорати тандурустӣ дар чаҳорчӯбаи барномаи «Тандурустии ҷамъиятӣ»-и Институти «Ҷомеаи кушода» Бунёди Мадад – Тоҷикистон ба имзо расидааст, баргузор гардид. 

      Семинарро муовини вазири тандурустии мамлакат Соҳибназар Раҳмонов ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки имрӯз дар Тоҷикистон омӯзиши унсурҳо ва ҷорӣ намудани чунин шакли ёрӣ ба беморон хеле бамаврид аст.

      Дар семинар 55 нафар мутахассисон аз зумраи духтурон, ҳамшираҳои шафқат ва кормандони тиббие, ки дар соҳаҳои саратоншиносии калонсолон ва кӯдакон, масъалаҳои ВИЧ, нигоҳубин ва дастгирӣ кор мекунанд, иштирок намуданд. Барои гузаронидани семинар гурӯҳи мутахассисон аз ИМА: Ҷон Чарлз Эли – профессор геронтолог, мудири маркази тиббии хизматрасонии паллиативӣ, профессор Томас Смит – директори шӯъбаи паллиативии маркази саратоншиносии Массейи Донишгоҳи Вирҷиния, Мэри Каллавей – мудири барномаи байналмилалӣ оид ба ёрии паллиативӣ дар Ню-Йорк, Нейл Майкл Эллисон - профессори саратоншинос, намояндаи Барномаи ёрии паллиативии Институти «Ҷомеаи кушода»-и Ню-Йорк аз ИМА ташриф овардаанд ва маърӯзаҳои намоишӣ баргузор хоҳанд кард.

       Дар назар аст, ки баъди анҷоми семинар иштирокчиён оид ба унсурҳо ва шаклҳои ёрӣ ба беморон дар охири ҳаёт, сари вақт ба нақша гирифтани ёрӣ ва тартиб додани дастурҳо оид ба хоҳиши беморон доир ба муолиҷаи онҳо дар охири ҳаёт, хусусиятҳои психологии муошират бо беморони шифонопазир ва аъзоёни оилаи онҳо, бедардгардонии беморони шифонопазир ва фурӯ нишондани аломатҳои дигар аз рӯи комёбиҳои охирини илми тиб, қоидаву дастурҳо оид ба таъин кардан ва бекор намудани муолиҷа ҳангоми ёрии паллиативӣ дониш ҳосил мекунад.

       Семинар се рӯз давом намуда, 8-уми октябр ҷаласаи ҷамъбастии он баргузор мегардад.

    Маълумот:     Калимаи «паллиативӣ» аз вожаи лотинии «паллиум» (рӯйпӯш) гирифта шудааст. Мувофиқи таърифи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ «Ёрии паллиативӣ» - ин ҷамъи усулҳои беҳтар кардани сифати ҳаёти бемор ва аъзоёни оилаи ӯ, ки ба бемории марговар дучор гардидаанд, тавассути сабук гардонидани азоб, барвақт ошкор намудан ва баҳодиҳии аниқи душвориҳои бавуҷудомада (ҳангоми синдроми дар два намудҳои дигари ихтилоли фаъолият), инчунин расонидани ёрии психологию иҷтимоӣ мебошад.


Маркази матбуоти ВТ.


ҲУКУМАТИ ИМА БАРОИ ҲАМКОРИИ ДАҲСОЛА АЗ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИИ ТОҶИКИСТОН СИПОСГУЗОР АСТ

      Душанбе, Тоҷикистон,      2 октябри соли 2009.     Сафири ИМА Кен Гросс, дар якҷоягӣ бо Вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов ва ҷонишини Сарвари намояндагии Оҷонсии ИМА оид ба рушди Байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Кевин Дин дар маросиме, ки дар он нақши муҳими ҳамкории дарозмўҳлат ва ҳамкории байни ҳукумати ИМА ва Тоҷикистон дар соҳаи ислоҳоти тандурустӣ эътироф шуда буд, иштирок намуданд. Аз соли 1999 сар карда, чунин ҳамкорӣ боиси натиҷаҳои назаррас дар соҳаи хизматрасонии босифат дар Тоҷикистон тариқи дигаргун намудани системаи идоракунӣ ва маблағгузории соҳаи тандурустӣ гардид. 

     «Дар 10 соли охир лоиҳаи ЗдравПлюси USAID ҳамкории хеле самараноки байни Вазорати тандурустӣ ва ташкилотҳои кўмакрасонро барпо намуд. Тариқи ҳамкорӣ онҳо ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустиро якҷоя татбиқ намуданд, ба пурқувват намудани кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС), беҳтар намудани саломатии модарон ва кўдакон, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа оид ба масъалаҳои солимӣ мусоидат намуданд. Чунин самтҳои фаъолият яке аз афзалиятҳои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, Стратегияи миллии паст намудани сатҳи камбизоатӣ, ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва Стратегияи соҳаи тандурустӣ то соли 2010, ки лоиҳаи он айни ҳол таҳия шуда истодааст, мебошанд», - гуфт сафир Кен Гросс.

       Лоиҳаи ЗдравПлюси USAID дар татбиқи тибби оилавӣ ба Вазорати тандурустӣ кўмаки худро расонидааст. Тибби оилавӣ барои барвақт муайян намудани бемориҳо ва паст намудани сатҳи бистарикунонӣ мусоидат менамояд. Инчунин, тибби оилавӣ захираҳои соҳаи тандурустиро сарфа намуда, арзиши хизматрасониҳои тиббиро барои оилаҳо паст менамояд. Паст шудани арзиши хизматрасониҳои тиббӣ ба беҳтар намудани дастрасии ёрии тиббӣ ба кулли аҳолӣ мусоидат менамояд. Билохир, тибби оилавӣ барои баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ барои саломатии худ бо роҳи дигаргун намудани тарзи ҳаёти худ кўмак мерасонад. 

       Дигаргун намудани муносибат ба соҳаи маблағгузории тандурустӣ дигар тарафи муҳими ислоҳоти тандурустӣ дар Тоҳикистон мебошад. Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои кўмакрасон ва Вазорати тандурустӣ, лоиҳаи ЗдравПлюси USAID системаи нави маблағгузориро таҳия намуд, ки дар он клиникаҳо ва беморхонаҳо аз рўи шумораи ҳодисаҳои табобатшуда маблағгузорӣ мешаванд. Ислооти маблағгузории тандурустӣ инчунин Барномаи кафолатҳои давлатӣ нисбати таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кўмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009-ро дар бар мегирад, ки бо дастгирии Бонки умумиҳаҳонӣ, Бонки рушди Осиё ва Лоиҳаи Сино, ки аз тарафи офиси Швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ маблаҳгузорӣ мешавад, татбиқ шуда истодааст. 
Лоиҳаи ЗдравПлюс яке аз лоиҳаҳои сершумори Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) мебошад, ки бо дастгирии аҳолии ИМА имконпазир шуд. Аз соли 1993 ба воситаи лоиҳаҳои худ USAID барои рушди иқтисодиёт, институтҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ ва маорифи Тоҷикистон бештар аз 300 миллион доллари Амрико ҷудо намудааст.  


КОНФРОНС БА МУНОСИБАТИ БУЗУРГДОШТИ БУЗУРГОН

      30.09.09. Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино шукӯҳи хоса дошт. Ин ҷо бо ибтикори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 20-солагии қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бузургдошти Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Ҷалолиддини Румӣ конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Забон – муҳимтарин омили худшиносии тиббии ҷомеа» баргузор гардид. Дар даромадгоҳи толор намоиш ва фурӯши китобҳои Нашриёти давлатии «Адиб» ва намоиши китобҳо ва дастовардҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои ширкаткунандагони конфронс пешниҳод гардида буд.

     Дар ин чорабинии бошукӯҳ муовини аввали вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова, муовинони вазир Соҳибназар Раҳмонов ва Аъзамҷон Мирзоев, як гурӯҳ меҳмонон – раиси Кумитаи иҷроияи Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» - Исомиддин Салоҳиддинов, шоир, нависанда ва пажӯҳишгари эронӣ, узви Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон «Пайванд» - Муҳаммадризо Тоҷдинӣ, раиси Кумитаи истилоҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Толиб Шарифов, раиси Иттиҳодияи тоҷикону форсизабонони Канадо – Насриддини Пайкор, ровии маъруф, ҳунарпешаи театри ба номи Лоҳутӣ Ортиқ Қодирӣ (Ориёнфар) ҳузур доштанд. 

     Конфронс таҳти сарварии муовини вазири тандурустии мамлакат Соҳибназар Раҳмонов баргузор гашт. Дар он маърӯзакунандагони зиёде баромад намуда, оид ба масъалаҳои забони давлатӣ ва истифодаи он, мушкилоти татбиқи забони тоҷикӣ дар соҳаи тандурустӣ, забони ҳуҷҷатнигорӣ ва коргузории тиббӣ ва ислоҳоти он, истилоҳоти тиббӣ дар забони матбуоти тоҷик, мушкилоти истилоҳофаринӣ дар соҳаи тандурустӣ, меъёрҳои тарҷумаи истилоҳоти тиббӣ суханронӣ намуданд. 

     Махсусан маърӯзаҳои Исомиддин Салоҳиддинов, Толиб Шарифов, Юсуф Нуралиев, Абдумуслим Темуров бо шавқи махсус шунида шуд. Маърӯзакунандагон нақши тоҷикон ва забони тоҷикиро дар арсаи ҷаҳонӣ қайд намуда, иброз доштанд, ки мо бояд ба қадри осори гузаштагон бирасем ва бо истифода аз илму навгониҳои фанноварӣ барои ояндагон низ ин меросро ҳифз намоем ва дар дараҷаи ин осор асарҳо биофарем. Лоиқи тазаккур аст, аст, ки дар ин конфронс аз тарафи олимон ва таҳқиқгарон пешниҳод ба миён омад, то бо дастгирии Вазорати тандурустӣ асарҳои «Ҳидоятулмӯъталимин фи тиб», «Луғати истилоҳоти тиббӣ»ба дасти чоп расад. 

     Иштироки ровии хушбаён, ҳунарпешаи театри ба номи Лоҳутӣ Ортиқ Қодирӣ (Ориёнфар) конфронсро боз ҳам пуршукӯҳтар ва хотирмон гардонид. Ровӣ ба тариқи ширу шакар дар байни ҳар як маърӯза шеърҳои ватандӯстона ва пур аз эҳсоси миллии шоирони гуногунро қироат намуда, барои дӯстдорони каломи ноби тоҷикӣ як базми пур аз меҳр ва саршори шеъри оламгири тоҷикиро барпо намуд. Ровӣ ҳатто ба хотири рӯзи Мавлавӣ як ғазали ӯро бо тарзи сӯфиён бо овози хубу ширадор замзама намуда, ҳозиринро ба ваҷд овард. Ин ҷашне буд ба ёдбуди ҳамаи бузургони шеъри форсии тоҷикӣ. Ва дар поёни ин конфронс ин суханҳои пурҳикмат cадо доданд: «Бигузор ҳамеша дар масҷидҳои дили шумо азони ишқ, меҳр ва муҳаббаттанинандоз гардад».

Маркази матбуоти ВТ.


ҶАМЪБАСТИ КОРИ ЛОИҲАИ «ВИЧ-СПИД» ВА МУҲОҶИРАТ»


      29.09.09. Имрӯз конфронси хулосавӣ аз рӯи натиҷаҳои иҷрои лоиҳаи «ВИЧ-СПИД» ва муҳоҷират дар водии Рашт» баргузор гардид. 

      Конфронс таҳти сарварии муовини вазири тандурустии мамлакат Аъзамҷон Мирзоев сурат гирифт. Дар он мутахассисони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ, Бонки осиёгии Рушд, намояндагони вазорати нақлиёт, созмонҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ширкат доштанд. 

     Дар конфронс бо сухани ифтитоҳӣ муовини вазири тандурустии мамлакат Аъзамҷон Мирзоев, сардори намояндагии Бонки осиёгии Рушд дар Тоҷикистон Макота Оҷира баромад намуданд. 

     Лоиҳа аз моҳи январи соли 2008 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2009 амалигардонии он ба анҷом расид ва он дар се ноҳияи водии Рашт – Нуробод, Рашт, Тоҷикобод амалӣ гардида, 45 ҳазор нафар аҳолиро фаро гирифт. Мувофиқи ин лоиҳа дар ноҳияҳои мазкур нуқтаҳои боварӣ ташкил гардида, корҳои фаҳмондадиҳӣ оиди риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар байни занон, ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ, сохтмончиёни шоҳроҳи «Бӯстон-Чаноқ» ба роҳ монда шуданд.

     «Лоиҳаи «ВИЧ-СПИД» ва муҳоҷират» яке аз лоиҳаҳоест, ки мувофиқи шартномаи байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёгии Рушд имзогардида амал мекунад ва пурра ба сиёсати пешгирифтаи Вазорати тандурустӣ дар соҳаи пешгирии ВИЧ/СПИД дар байни муҳоҷирон мувофиқ аст», - қайд кард муовини вазири тандурустии мамлакат Аъзамҷон Мирзоев дар баромади худ. 

      Оид ба натиҷаҳои ниҳоии иҷрои амалигардонии ин лоиҳа роҳбари лоиҳаи «ВИЧ-СПИД» ва муҳоҷират» Тамара Сирбиладзе, муовини роҳбари лоиҳа Ибод Шарифӣ, мушовир оид ба мониторинг Алиҷон Солиев, шарики лоиҳа, директори иттиҳодияи ҷамъиятии «Нисо» Савринисо Ҳафизова маърӯзаҳои намоишӣ пешниҳод намуданд.

     Сардори намояндагии Бонки осиёгии Рушд дар Тоҷикистон Макота Оҷира низ дар сухани хотимавии худ натиҷаҳои кори лоиҳаро ҷамъбаст намуда аз амалигардонии он қаноатмандии худро изҳор намуд. «Бо кӯшиши роҳбарони лоиҳа як қатор чораҳое таҳия гардидаанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон метавонад онҳоро барои амалигардонии чунин лоиҳаҳо дар минтақаҳои дигар истифода намояд, - қайд намуд ӯ. Кори ҷамъбастии лоиҳа дар саридораи Бонки осиёгии рушд, ки дар Манила ҷойгир аст, мувофиқи ҳисоботҳои пешниҳодшаванда арзёбӣ хоҳад шуд».

      Роҳбари лоиҳаи «ВИЧ-СПИД» ва муҳоҷират» Тамара Сирбиладзе қайд намуд, ки «Чунин мешуморам, ки лоиҳа бомуваффақият амалӣ гардид. Сараввал он барои 1 солу шаш моҳ пешбинӣ гардида буд, бо дарназардошти баъзе мушкилот мӯҳлат ба 3 моҳи дигар дароз карда шуд ва лоиҳа бомуваффақият кори худро анҷом дод». Сипас ӯ ба муовини вазири тандурустии мамлакат Аъзамҷон Мирзоев барои таҳияву дастгирии ин лоиҳа, ба маблағгузори ин лоиҳа - Бонки осиёгии рушд, ба маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди СПИД, маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, намояндагони мақомоти ҳукумати маҳаллӣ барои кӯмак, дастгирӣ ва муносибати хуб изҳори миннатдорӣ намуд. 

     Хотиррасон менамоем, ки ин лоиҳа бо маблағгузорӣ ва дастгирии молиявии Бонки осиёгии Рушд бо ҳаҷми умумии  500 000 доллари амрикоӣ амалӣ мегардид.

Маркази матбуоти ВТ.


КОНФРОНСИ ХУЛОСАВИИ ЛОИҲАИ «ВИЧ-СПИД» ВА МУҲОҶИРАТ»


     28.09.09.      Пагоҳ 29.09.09 дар меҳмонхонаи «Меркурий»-и пойтахт вохӯрӣ-конфронси хулосавӣ аз рӯи натиҷаҳои иҷрои лоиҳаи «ВИЧ-СПИД» ва муҳоҷират» баргузор мегардад. 

     Дар ин чорабинӣ мутахассисони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ, намояндагони вазорату муассисаҳои дахлдор, созмонҳои байналмилалӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳаллӣ ширкат хоҳанд варзид.

   Дар назар аст, ки дар вохӯрӣ-конфронс муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзамҷон Мирзоев иштирок ва баромад хоҳад кард.

     Бояд қайд кард, ки маблағгузории ин лоиҳа аз тарафи Бонки осиёгии рушд амалӣ карда мешавад. Маблағи ин лоиҳа 500 000 доллар буда, мақсади асосии он баланд бардоштани савияи дониши муҳоҷирон аст. Дар рафти амалигардонии лоиҳа ба нуқтаҳои тиббии ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод, Нуробод баъзе таҷҳизоти тиббӣ ва техникӣ харидорӣ шудааст, ки пас аз хотимаёбии лоиҳа барои истифодаи бебозгашт дода мешаванд.

Маркази матбуоти ВТ.

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ


     25.09.09.      Дар маҷлисгоҳи хадамоти санитариву эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои Ҳамоҳангсозӣ ва вохӯрӣ бо сарпарастону намояндагони ожонсиҳои иҷроия, лоиҳаҳои инвеститсионии дар соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишаванда баргузор гардид. Дар он намояндагон созмонҳои байналмиллалӣ ба монанди Хазинаи Оғохон, Комиссияи аврупоӣ, Хазинаи Глобалӣ, Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ширкат доштанд. Ҷаласа таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустии мамлакат Соҳибназар Раҳмонов сурат гирифт. 

     Дар ҷаласа масъалаҳои мавзӯи иштироки ҷамоаҳо ва муҳокимаи лоиҳаҳои оянда бо ширкати ҷамоаҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар, натиҷаҳои баҳодиҳии сохтори маълумотдиҳии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтори маблағгузории тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, оид ба ин масъалаҳо маърӯзаҳо ва намоишҳо пешниҳод шуданд. 

      Оиди маърӯзаҳо пурсишу посухҳо ва мубодилаи афкори судманд ҷараён гирифт. Ҷаласа худи ҳамин рӯз кори худро ба анҷом расонид.


Маркази матбуоти ВТ.

 

 

ФАРБЕҲӢ ВА ДИАБЕТИ ҚАНД ДАР БАЙНИ КЎДАКОН


  Суқроти бузург гуфтааст:

 хӯрдан барои зиндагӣ кардан аст,

на зиндагӣ кардан барои хӯрдан.


      Паҳншавии фарбеҳӣ то имрўз дар тамоми ҷаҳон 25%-ро ташкил менамояд. Дар мамлакатҳои Аврупои Ғарбӣ аз 15- 30%, дар Руссия 30%, дар мамлакатҳои тараққикардаи Шарқ 10-16% ва дар ИМА 30-35%, аз ҷумла дар байни кўдакон ва ҷавонон 25%-ро ташкил менамояд. Аз рўи пешбинии олимон шумораи беморони гирифтори фарбеҳӣ сол то сол меафзояд.

      Сабаби якуми пайдоиши фарбеҳӣ ин номувофиқатӣ байни ғизои истифодашуда ва энергияи (ккал) масрафшуда мебошад. Яъне ашхосе, ки фаъолияташон ба кори ҷисмонии вазнин вобаста аст, бояд бисёртар ғизо истеъмол намоянд ва баръакс ашхоси фаъолияташон ба кори ҷисмонии сабук вобаста, бояд камтар ғизо истифода баранд. Аз ҳамин сабаб ккалорияи зиёдатӣ, ки бо воситаи ғизо вориди ҷисми инсон мегардад, ба мисли равған дар таги пӯст ё ин, ки дар атрофи узвҳои дарунии бадан ҷо мегирад. Сабабгори дуюми пайдоиши фарбеҳӣ ин камҳаракатӣ мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки тараққиёти техника сабабгори камҳаракатии одамон гардидааст. 

     Сабабҳои дигари пайдоиши беморӣ - ин бемориҳои эндокринӣ ва омилҳои авлодӣ мебошанд. Вайроншавии реҷаи истемоли хўрок ва кам истифодабарии калсий (маҳсулоти ширӣ) низ метавонад фарбеҳиро ба вуҷуд оварад.  

       Қайд намудан зарур аст, ки дар солҳои охир фарбеҳӣ дар байни ҷавонон ва кўдакон низ хеле паҳн шудааст. Аз сабаби то охир инкишоф наёфтани организми кўдак, функсияҳои муҳофизатии онҳо камтар фаъолият менамояд. Дар натиҷа, кўдакони вазнашон аз меъёр зиёдтар сершавиро ҳис накарда, организмашон бисёр ғизоро талаб менамояд. Дар натиҷа, ин ҳолат ба бемории фарбеҳӣ оварда мерасонад. 

    Кўдаконе, ки мубталои фарбеҳианд, хусусияти тобовариашон нисбати глюкоза (карбогидратҳо) паст мегардад, яъне ҳиссиёти хуҷайраҳояшон барои инсулин суст мегардад. Дар натиҷа, чунин кўдакон ба осонӣ ба бемории диабети қанд гирифтор мешаванд. Хусусияти дигари манфии фарбеҳӣ дар он аст, ки молекулаҳои равған фаъолияти ҳормонҳои ҷинсиро суст менамоянд, ки ин дар навбати худ ба дер инкишофёбии ҷинсии ҳам духтарон ва ҳам писарон оварда мерасонад. Саршавии ҳайзбини духтарон дар ин ҳолат қафо мемонад, яъне на дар синни 11-14 солагӣ, балки дар синни 16-17 солагӣ ва аз он ҳам болотар. Дар байни писарбачагон бошад, аломатҳои дуюми балоғатрасӣ дертар ба вуқӯъ мепайвандад.  

      Фарбеҳӣ инчунин сабабгори бемориҳои дигар низ шуда метавонад. Масалан бемории фишорбаландӣ, талхадон, ғадуди зери меъда, устухону бандҳо, меъдаву рӯда аз қабили чунин бемориҳоянд. 

      Аз ҷиҳати вазнинӣ 4 намуди фарбеҳиро қайд намудан ҷоиз аст. 
      Вазни зиёдатии бадан: 

                                  1.  аз 10-29%;
                                  2.  аз 30-49%;
                                  3.  аз 50-99%;
                                  4.  аз 100% зиёдтар

      Табибон ҳангоми табобати чунин беморон аз ҷадвалҳо ва формулаҳои махсус истифода мебаранд. Яке аз чунин формулаҳо ин индекси вазни бадан (ИВБ) мебошад. Чи қадаре, ки коэффисиенти ин индекс зиёд бошад, ҳамон қадар вазни бадан калонтар аст.

     Дар зиёдшавии вазни бадан таркиби маҳсулоти истеъмолшаванда аҳамияти калон дорад. Ғизоҳое, ки мо истеъмол менамоем аз карбогидратҳо, сафедаҳо, чарб, об ва моддаҳои минералӣ иборат аст. Аз ҳамаи ин моддаҳо серғизотаринаш чарб мебошад. Дар бадани инсон дар вақти сӯхтани 1 грамм сафедаҳо ва карбогидратҳо 4 ккал ва дар вақти сӯхтани 1 грамм чарб 9 ккал нерӯ ҳосил мешавад. 

     Ба падарону модарони азиз муроҷиат карда гуфтаниам, саломатии фарзандҳоятон дар дасти худи шумо мебошад ва барои пешгирии ин беморӣ диққататонро ба якчанд маслиҳат ҷалб карданӣ ҳастам.

      Якчанд маслиҳатҳои муфид нисбати кам истеъмол намудани чарбу:

     - дар вакти хариди маҳсулот, ба навиштаҷоти он диққат диҳед, хусусан ба миқдори чарб;

   - барои хариди маҳсулот ба мағоза гурусна наравед, зеро дар ин ҳолат бевосита маҳсулоти серғизоро харид менамоед.

     - дар вақти тайёр намудани хўрок аз равғани растанӣ истифода баред;

    - бисёртар аз маводҳои донагӣ (лӯбиё, мош, наск, марҷумак, гандум) истифода баред;

    - миқдори ҳаррӯзаи ғизоро кам намоед. Аз ғизоҳои тезтайёршаванда ё fast food (гамбургер, сэндвич) истифода набаред,

    - истифодаи маска ва маҳсулоти қаннодиро камтар кунед;

    - аз маҳсулоти ширии равғаннокиаш камтар аз 3%-ро бисёртар истифода намоед.

     Маслиҳатҳои муфид нисбати зиёд намудани ҳаракат:  

    - ба ҷои истифодаи воситаҳои нақлиёт, беҳтараш бисёртар пиёда роҳ гаштан даркор (масалан: рафтан ба мағоза, мактаб)

     - дар хонаҳои баландошёна аз лифт истифода набурда, беҳтараш пиёда бароед;

     Иҷрои ҳар як кор дар хона харҷи ккалорияро талаб менамояд. Инак, тайёр намудани хўрок 114 ккал, шустушўи табақу косаҳо 162 ккал, шустани дару тирезаҳо 204 ккал, баромадан ба зинапояҳо 228 ккал ва бозӣ бо кўдакон 228 ккал.


Давлатмамадова М.Б.
духтур-эндокринологи Маркази
ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ  


СУРХЧА ВА ГУЛАФШОНРО МАҲВ КАРДАН МУМКИН АСТ! 


     Новобаста аз муваффақиятҳои зиёд оиди паст намудани бемории сурхча дар ҷаҳон, бемории сурхча ба гурӯҳи бемориҳои сироятӣ дохил мешавад, ки ҳоло сабабгори фавти зиёди кӯдакон мегардад. 

     Умуман ба бемории сурхча зиёда аз 10% фавти кӯдакони то 5 сола рост меояд. Мувофиқи нишондодҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, гарчанде 80% ва зиёдтар сатҳи фарогирии кӯдакони ҷаҳонро ташкил медиҳад, ҳар сол аз бемории сурхча садҳо ҳазор одамон мемиранд. Барангезандаи бемории сурхча – вирус буда, қобилияту сироятнокии ниҳоят баландро дорост, 95-96% - и кӯдакони бо бемор алоқамандбуда, сироят меёбанд. 

     Асосан бемории сурхча бо оризаҳои худ хеле хатарнок мебошад, ки пеш аз ҳама газаки шуш, газаки гӯш, таъсироти ҷиддӣ ба хун ва ғайра. Бо вуҷуди ин, боз ба паст намудани масъунияти умумии он (паст шудани муқобилиятнокӣ) ба дигар бемориҳои сироятӣ мерасонад. 

    Бо ин мақсад дар соли 2004-ум Бюрои минтақавии Аврупогии ТУТ мақсад гузошт, ки то соли 2010-ум бемории сурхча ва гулафшонро маҳдуд намуда, ба сироятёбии таҳҷоӣ роҳ надиҳад. Дар чорчӯбаи амалӣ гардондани дурнамои мубориза бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарондани Рӯзҳои миллии эмкунӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон ба нақша гирифта шуд. 

     Гарчанде, ки бемории гулафшон бемории хатарнок ба ҳисоб намеравад, сироятёбии занони ҳомиладор аз ин беморӣ ниҳоят оқибатҳои мудҳиш дорад. Дар мавриди сироятёбии зани ҳомиладор дар 3 моҳаи аввали ҳомиладорӣ дар 70% ҳодисаҳо, навзодон бо синдроми гулафшони модарзоди навзодон, яъне оризаҳои вазнин: нобиноӣ, каршавӣ ва нуқсони модарзодии дил таваллуд мешаванд. 

     Гулафшон низ бемории сироятшавандаи барангезандаи вирус буда, сарчашмаи ягонаи он танҳо одами бемор ба шумор меравад. Нисбатан аз бемории сурхча сироятнокиаш пастар буда, аслан дар кӯдакон сабук мегузорад. Беморӣ бо баландшавии таби бадан, бад шудани ҳолати умумӣ, дарди сар, калон шудани бандҳои лимфатикии пушти сар ва ақиби гӯшҳо сар шуда, дар бадани бемор пайдо шудани холчаҳои майда, асосан дар қисми паҳлӯии бадан ва дасту пойҳо, ки тақрибан 5 –6 рӯз нигоҳ дошта мешавад. Гарчанде гулафшонро кӯдакон хеле сабук мегузаронанд, онҳо асосан паҳнкунандагон, хусусияти эпидемиологӣ дар гардиши вируси гулафшон ва асосан сарчашмаи бемории гулафшон барои занони ҳомиладор ба ҳисоб мераванд. Ба ғайр аз ин, дар мавриди синдроми гулафшони модарзод дигар узвҳо низ ба монанди: ҷигар, мағзи сар осеб мебинанд. 

     Ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 110 ҳазор чунин бемориҳо ба қайд гирифта мешаванд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳоло системаи назорати эпидемиологӣ аз болои синдроми гулафшони модарзод амал намекунад, барои ин гарчанде беморӣ вуҷуд дорад, расман ба қайд гирифта нашудааст. 

     Бо мақсади ба сатҳи паст овардан ва дар ояндаи наздик тамоман маҳв намудани бемориҳои сурхча, гулафшон, дар қатори гузарондани эмкунии даврагӣ бар зидди бемории сурхча дар 12 – моҳагӣ ва 6-солагӣ, барои тамоман баркандани гузариши ҳар ду беморӣ, дар мадди аввал маъракаи оммавии эмгузаронӣ зидди ин бемориҳо ва баъдан ворид намудани эмкунии доимӣ бар зидди сурхча ва гулафшон ба тақвими миллӣ амалӣ мегардад. 

     То саршавии давраи эмгузаронии зидди бемории сурхча теъдоди зиёди кӯдакон ба ин беморӣ дучор мешуданд, қисмати зиёди онҳо мефавтиданд, 10-15 сол пеш сурхча баъди давраи муайян, яъне ҳар 4-5 сол баъд, ба хурӯҷи беморӣ меовард. Шумораи беморшудагон ба 5-6 ҳазор нафар мерасид. Баъди гузарондани чорабиниҳои мушаххас, махсусан баъди беҳтар намудани сифатнокии эмкунии доимӣ зидди ин беморӣ ва гузарондани маъракаи оммавӣ дар соли 2004-ум, ки зиёда аз 3 млн. одамонро фаро гирифта буд, сатҳи бемории сурхча сол ба сол паст шуда, дар солҳои 2007-2009 тамоман ба қайд гирифта нашудааст. Чорабинии дар пеш истода имкон медиҳад, ки аҳолии ба бемории сурхча мутобиқро тамоман кам намоянд ва шароити гузариши онро маҳдуд созад. Бо тарзи мукаммал назорат намудани фаъолияти сохторҳои эпидемиологӣ аз болои бемории сурхча ва истифода аз ташхисгоҳи боварибахши ТУТ дар назди Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии тибби профилактикии Вазорати тандурустӣ, бо ташхиси беморон ва гумонбаршудагон ба бемориҳои сурхча ва гулафшон, ба маҳв намудани ин бемориҳо муваффақ хоҳем шуд. 
Дар давраи Рӯзҳои миллии эмкунӣ зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон, ваксинаи сифатнок, ки аз тарафи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ сертификат дорад ва ба тамоми талаботҳои байналхалқӣ ҷавобгӯ аст, истифода бурда мешавад. Ваксинаи сурхча ва гулафшон (СГ) ваксинаи комплексӣ буда аз ду маводи зидди ҳарду беморӣ иборат аст ва дар бадани кӯдак масъунияти пурқувват пайдо мекунад, ки шахси эмшударо то охири умр аз сироятшавии ин бемориҳо эмин медорад. 

     Сифатнокии ваксина ба нигоҳдории занҷири хунукитаъминкунанда дар давоми гардиши ваксина аз муассисаҳои марказӣ, вилоятӣ, ноҳиявӣ то мизи эмкунандагон вобастагии калон дорад. Чун таъмини ин талабот ба кормандони тиб хеле алоқамандӣ дорад, бо ин мақсад кормандони вобаста будаи тиб – аз сатҳи роҳбарияти муассисаҳои тиббии вилоятӣ, ноҳиявӣ ва бригадаҳои эмгузаронӣ омӯзонда шудаанд.

     Дар амалӣ гардондани ин чорабинии муҳим барои тандурустии ҷумҳурӣ, Вазорати тандурустӣ бо ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ - Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид, Маркази назорати бемориҳои ИМА ва ғайра ҳамкорӣ мекунанд.  

Маркази ҷумҳуриявии эмтаъминкунӣ
Маркази матбуоти ВТ ҶТ.




ТӮҲФАИ ХУБ БА ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ


     08.09.09.     Дар арафаи иди 18-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии молиявии Хазинаи СММ оид ба нуфузи аҳолӣ (UNFPA) китобе таҳти унвони «Солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ дар соли 2008» омода гардид ва аз чоп баромад.

      Ин китоб маълумоти омории солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустии солҳои 2007-2008-ро, ки аз тарафи кормандони Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ таҳия гардидаанд, дарбар мегирад ва он ба мутахассисону роҳбарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имконият медиҳад, ки аз солимии аҳолӣ ва фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ огаҳӣ дошта бошанд ва нишондиҳандаҳои фаъолияти муассисаҳои зертобеи худро дар муқоиса бо муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои дигар арзёбӣ намоянд.

      Дар таҳия намуднаи маҷмӯа аз ҳисоботи омории соҳавию давлатии пешниҳоднамулаи марказҳои омор ва иттилооти тиббии шаҳру вилоятҳо ва беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, инчунин аз маълумоти демографии Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки нишондиҳандаҳои тандурустии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ истифода карда шудааст.

    Дар маҷмӯа таклифу пешниҳодҳои сармутахассисони ғайривоҳидии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Т оҷикистон ба инобат гирифта шудаанд.

    Маҷмӯа бо назардошти таклифу пешниҳодоти сармутахассисон ва мутахассисони Вазорати тандурустӣ бо тағйироту иловаҳо таҳия гардидааст.

      Бояд тазаккур дод, ки ин маҷмӯа, ки ҳар сол бо теъдоди 270 нусха ба чоп мерасид, имсол бо теъдоди 500 нусха дар чопхонаи ҶДММ «Орбита» нашр гардидааст.


Маркази матбуоти ВТ.


06 -УМИ СЕНТЯБРИ СОЛИ 2009


    Бегоҳии имрӯз баъд аз анҷоми сафари пурмаҳсул аз давлати Хорватия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани бемористони Абуалӣ Ибни Сино воқеъ дар кӯчаи Фотеҳ Ниёзии шаҳри Душанбе иштирок намуд.

    Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст лентаи рамзиро бурида, ба фаъолияти ин маркази хусусии тиббӣ, ки тавассути сармояи соҳибкорони Тоҷикистону Эрон бунёд ёфтааст, асос гузошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳонаш сипас аз утоқу озмоишгоҳҳои ин бемористони муосир боздид ба амал оварданд.

     Бояд гуфт, ки ин беморхона аз ҷониби ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Дили солим" бунёд ёфта, барои бунёди он 35 миллион сомонӣ сарф гардидааст. Он дар бинои 9-ошёна ҷойгир буда, дар 7-қабати он 105 кат ҷойгир шуда, муосиртарин шароитҳои муолиҷаву ташхис дар он насб гардидааст. Бемористон дорои шӯъбаҳои ҷарроҳии дил, гурда, озмоишгоҳи муҷҷаҳаз бо дастгоҳу васоили пешрафтаи ҷаҳонӣ, дармонгоҳ бо дастгоҳҳои навтарини ангиографӣ ва сангшикан мебошад. Лозим ба таъкиди хос аст, ки бемористони Абӯали ибни Сино дар Осиёӣ Марказӣ назир надошта, барои фаъолият дар он ҷарроҳони машҳур аз давлатҳои Эрон ва Олмон ҷалб гардиданд, ки онҳо ҳама гуна ҷарроҳии вобаста ба дилро метавонанд дар мамлакат анҷом диҳанд.

    Ин амр бешубҳа имкон медиҳад, ки шаҳрвандони гирифтори бемориҳои дил бо масрафоти миёншикан барои ташхису табобат ба хориҷи кишвар нарафта дар ватани худ ба таври матлуб ва замонавӣ дармон шаванд.

     Ҳамзамон ин марказ ташхису табобати ниёзмандонро аз давлатҳои ҳамсоя дар назар дорад. Ба андешаи таҳлилгарон бо мавриди истифода қарор гирифтани бемористони Абӯалӣ ибни Сино заминаҳои рушди тиббӣ хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мегардад. Муассисони ин маркази тиббӣ мегӯянд, ки нархи дармон дар бемористон қобили рақобат буда, илова ба он барои шаҳрвандони Тоҷикистон то 30 дар сад арзиши табобат арзонтар ба нақша гирифта шудааст.

     Бояд гуфт, ки дар ин муассиса бештар аз 250 нафар мутахассисон фаъолият хоҳанд намуд, ки 70-фоизи онро мутахассисони маҳаллӣ ташкил хоҳад дод. Баъд аз боздиди уттоқу ҳуҷраҳои ташхису табобат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон изҳори минатдорӣ намуда, ин ташаббусро намунаи ибрат хонд.

     Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди намояндагони соҳаи тандурустии мамлакат суханронӣ намуда, аз дастовардҳои имрӯзаи соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла рушди мунтазами тибби хусусӣ дар мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуд.
 

   06 уми сентябри соли 2009


СУХАНРОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МӮҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР МАРОСИМИ БА ИСТИФОДАДИҲИИ МАРКАЗИ ТИББӢ



     Ҳамватанони азиз!
     Ҳозирини гиромӣ!

    Имрӯз мову шумо дар арафаи ҷашнгирии 18-умин солгарди истиқлолияти давлатии кишварамон шоҳиди ба истифодаи мардуми мамлакат супоридани боз як иншооти муҳими иҷтимоӣ – маркази тиббии аз ҳар лиҳоз муосир гардидем. 

     Чунон ки шумо огоҳ ҳастед, Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз қадамҳои нахустини худ соҳаи тандурустиро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ эълон кардааст.

      Ҳамин аст, ки дар давоми 18 соли истиқлолият бо истифода аз маблағҳои буҷети давлатӣ ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ зиёда аз 750 муассисаи нави тандурустӣ бунёд гардида, бо таҷҳизоту технологияи муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудааст. 

    Фароҳам овардани шароити мусоид, ворид намудани шаклҳои нави ташхис имконият дод, ки имрӯз табобати қисми зиёди беморону корафтодагон дар дохили кишвар анҷом дода шавад. 

      Вале таҷрибаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки яке аз роҳҳои баланд бардоштани сатҳ ва сифати кӯмаки тиббию беҳдоштӣ ин васеъ намудани усулҳои хизматрасонии тиббӣ ва ба роҳ мондани шаклҳои гуногуни он мебошад. 

    Яке аз чунин шаклҳои хизматрасонии тиббӣ, ки метавонад омили рақобатпазири баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ гардад, тибби хусусӣ мебошад. 
Дар баробари ин, рушди тибби хусусӣ метавонад барои ба мардум дастрас намудани номгӯи васеи хизматрасониҳои тиббӣ ва истифодаи технологияи навтарини тиббӣ имконият фароҳам оварад. 

     Намунаи дастовардҳои тибби хусусиро дар мисоли давлатҳои тараққикардаи ҷаҳони мутамаддин дидан мумкин аст. 

    Чунончи, таҳлили вазъи муассисаҳои тандурустии давлатҳои Аврупо, аз ҷумла Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар соли 2008 нишон медиҳад, ки зиёда аз 50 фоизи кӯмаки тиббию беҳдоштии расонидашуда ба сохторҳои хусусии тиббӣ рост меояд.

       Агар яке аз омилҳои муҳими рушди тибби хусусӣ ин дар як радиф мондани муассисаҳои тибби хусусӣ бо муассисаҳои давлатии тандурустӣ бошад, омили дигар воридоти технологияи навтарин ва усулҳои самарабахш дар фаъолияти тибби хусусӣ мебошад.

     Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои охир вазъи хизматрасониҳои тиббиро ба назар гирифта, дар баробари сохторҳои давлатии тандурустӣ ба тибби хусусӣ низ диққати махсус зоҳир намуда истодааст.  

     Далели ин гуфтаҳо ҳанӯз соли 2002 қабул шудан ва мавриди амал қарор гирифтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти тибби хусусӣ» ва як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар дар ин самт мебошад. 

     Ҳамзамон бо ин, ман борҳо дар суханрониҳои худ, инчунин ҳангоми вохӯриҳо бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷорӣ оид ба зарурат ва роҳҳои рушди тибби хусусӣ таъкид намуда будам.

     Натиҷаи дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки имрӯз ба 300 нафар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ иҷозатномаи машғул шудан ба тибби хусусӣ дода шудааст ва ин раванд метавонад ҳаққи интихоб ва рақобати солимро ба вуҷуд оварад. 

     Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар айни ҳол қисми зиёди шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дорои иҷозатномаҳои тибби хусусӣ танҳо бо корҳои ташхисӣ ва кӯмаки аввалияи тиббӣ машғуланд, ки чунин амал мушкилоти соҳаро дар маҷмӯъ ҳал карда наметавонад. 

     Барои рушди тибби хусусӣ дар Тоҷикистон ҳоло тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, мӯҳлати бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ аз 45 рӯз то ба 5 рӯз кам карда шудааст. 

    Маҳз бо фароҳам овардани чунин шароити мусоид, инчунин ҷалби маблағҳои инвеститсионии дохиливу хориҷӣ соҳаҳои гуногун, аз ҷумла соҳаи тиб низ дар солҳои охир рушд ёфта истодааст. 

     Маркази тиббии имрӯза, ки мо онро дар арафаи 18-солагии яке аз рӯйдодҳои муҳимтарини таърихи миллатамон, яъне истиқлолияти давлатӣ ба истифода супоридем, дар соҳаи тандурустӣ яке аз аввалин муассисаҳои тиббӣ мебошад, ки бо маблағгузории сармоягузорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон омодаи хизмат гардид. 
Ин иншооти муҳими иҷтимоӣ бо сарфи зиёда аз 35 миллион сомонӣ дар бинои 9 - ошёна, ки дар 7 ошёнаи он маркази тиббӣ бо шумораи умумии 150 кат пешбинӣ шудааст, мавриди истифода қарор дода шуд. 

     Марказ дорои шӯъбаҳои ҷарроҳии дил, бемориҳои гурда, озмоишгоҳ ва дармонгоҳ мебошад. Ҳамзамон бо ин, дар назар аст, ки ояндаи наздик ба маркази мазкур ба таври илова ба маблағи қариб 7 миллион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ ворид карда шавад ва ин имкон хоҳад дод, ки якчанд намуди дигари хизматрасонии тиббӣ дар сатҳи муосир ба роҳ монда шавад. 

     Дар марказ аз ҷониби мутахассисони варзидаи хориҷӣ, аз ҷумла табибони эронӣ ва олмонӣ ҳамаи намудҳои ҷарроҳии дил, гурда ва амалиёти ҷарроҳӣ бо истифода аз усули ҷарроҳии эндоскопӣ анҷом дода мешавад.

     Марказ бо навтарин дастгоҳҳо ва таҷҳизоти истеҳсоли Олмон, Амрико ва Эрон муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва дар он табибони Тоҷикистон, Олмон ва Эрон ба муолиҷаи беморон машғул хоҳанд шуд. 

      Бемороне, ки то ба ҳол барои ташхис ва гузаронидани амалиёти ҷарроҳии қалб бо харҷи зиёд ба кишварҳои хориҷӣ мерафтанд, минбаъд метавонанд дар дохили кишвар ташхис ва табобати сатҳи ҷаҳонӣ гиранд.

     Бояд тазаккур дод, ки баъди ба истифода додани марказ 250 ҷойи кори доимӣ фароҳам меояд, ки беш аз 60 фоизи онро мутахассисони ватанӣ ишғол хоҳанд кард. 

     Инчунин маркази мазкур метавонад ҳамчун пойгоҳи муҳими омӯзишӣ ва такмили ихтисос барои мутахассисони ватанию хориҷӣ истифода бурда шавад. 

     Рушди тибби хусусӣ дар кишвар, дар баробари ин, ба баландшавии музди меҳнати кормандони соҳаи тиб мусоидат карда, метавонад ҳамчун омили боздошти ба хориҷа рафтани мутахассисони соҳа, истифодаи технологияи навтарин дар самти ташхису табобат ва фароҳам овардани шароити муносибу рақобати озод хизмат намояд. 

     Дар баробари ин, бояд гуфт, ки то ба ҳол мушкилоте мавҷуданд, ки барои дар сатҳи зарурӣ инкишоф ёфтани тибби хусусӣ монеаҳо эҷод менамоянд ва зарур аст, ки ин монеаҳо ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд. 

     Бинобар ин, ба Вазорати тандурустӣ супориш дода мешавад, ки якҷоя бо дигар вазорату идораҳои дахлдор дар асоси омӯзиш ва арзёбии вазъи имрӯзаи тибби хусусӣ барои таъмини инкишофи минбаъдаи ин шакли хизматрасонии тиббӣ масъалаҳои вобаста ба таъмини сатҳи баланди хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, танзими нархи хизматрасони дар муассисаҳои тиббии хусусӣ, пешниҳоди имтиёзҳои муайян барои муассисаҳои хусусии тиббӣ, аз ҷумла дар бобати ҷудо намудани биноҳо ва қитъаҳои замин барои сохтмон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва дарозмуддат барои таҷҳизонидани муассисаҳои хусусии тиббӣ, дар мавриди ворид намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ, қабул намудани барномаи давлатии дастгирии лизинги имтиёзноки таҷҳизоти тиббӣ ва таҳия намудани дурнамои бахши тибби хусусӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоти мушаххас манзур намояд.

     Такроран таъкид месозам, ки ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳарчи бештар тараққӣ додани соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла хизматрасонии хусусии тиббӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо минбаъд низ ба хотири рушди ин соҳа ҳамаи чораҳои заруриро меандешем. 

     Зеро чунон ки дар яке аз суханрониҳои худ изҳор дошта будам, саломатии миллат боигарии давлат мебошад.

     Дар охир бори дигар ҳамаи шумо ворисони ростини фарзанди бузурги миллати тоҷик Абӯалии Синоро ба ифтихори фарорасии солгарди истиқлолият табрик намуда, бароятон дар ҳифзи саломатӣ, дарозумрӣ ва саодату хушбахтии мардуми кишвар барору пешравиҳо орзӯмандам. 

     Ҳамчунин ба дӯстони эронӣ, ки барои бунёди ин маркази муҷаҳҳазу мӯҳташам саҳми арзандаи бародарона гузоштаанд, инчунин ба ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони ин бинои замонавӣ ширкат кардаанд, изҳори сипос менамоям.

     Ва пешниҳод менамоям, ки ба хотири бузургдошти хизматҳои барҷастаи фарзанди фарзонаи миллатамон Абӯалӣ ибни Сино ин муассиса «Маркази тиббии Ибни Сино» номида шавад.  

       Ҳамеша тансиҳату хонаобод бошед!

 Матнҳо аз сайти Президенти Тоҷикистон гирифта шудаанд.

 

 

 ИФТИТОҲИ БЕМОРХОНАИ КӮДАКОНАИ БЕМОРИҲОИ СИЛ


     04.09.09.      Дар шаҳри Душанбе дар бинои таъмиршудаи беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемориҳои сил имрӯз маросими ботантанаи кушодашавии беморхона баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи беморхона муовини аввали вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова, директори Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Растислав Врбинский, Менеҷери қисмати амалигардонии лоиҳаҳои Хазинаи Глобалӣ дар Тоҷикистон Салебан Омар, инчунин намояндагони раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ширкат карданд.

      Бояд қайд кард, ки таъмири бинои беморхонаи мазкур аз тарафи Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар доираи маблағҳои Хазинаи Глобалӣ ба анҷом расонида шудааст. Барои таъмири пурра, таҷҳизонидан бо мебел ва лавозимоти зарурӣ наздики 160 ҳазор доллар сарф гардидааст.

     Беморхона дорои 50 кат аст. Барои фаъолияти беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемориҳои сил аллакай маводи тиббӣ ва доруворӣ омода карда шудааст.


Маркази матбуоти ВТ

 

 

 

 МАРОСИМИ ИФТИТОҲИ БЕМОРХОНАИ КӮДАКОНА

     04.09.09.      Имрӯз кушодашавии беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемориҳои сил дар шаҳри Душанбе соати 15–и рӯз дар бинои таъмиргаштаи беморхона баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар маросими ифтитоҳи беморхона муовини авали вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова, директории барномаи тоҷикистонии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид Растислав Врбинский, Менеҷери қисмати амалигардонии лоиҳаҳои Хазинаи Глобалӣ дар Тоҷикистон Салебан Омар, инчунин намояндагони раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ширкат хоҳанд кард.


Маркази матбуоти ВТ


КОНФРОНСИ МИЛЛӢ ОИД БА НАТИҶАҲОИ ТАДҚИҚОТИ ХАДАМОТИ ТАНДУРУСТИИ ҶАМИЯТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН


      01.09.09. Имрӯз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» бо ибтикори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ конфронси миллӣ оид ба натиҷаҳои тадқиқоти хадамоти тандурустии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон баргузор гардид. Мавзӯъҳои ислоҳоти соҳаи санитариву эпидемиологӣ, сохтори тандурустӣ ва тандурустии ҷамоавӣ; муқаррарот, мақсадҳо, ҳудуди ӯдадориҳо, нақши назорати санитариву эпидемиологӣ аз мавзӯъҳои мубрами ин чорабинӣ мебошанд.

      Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ муовини вазири тандурустии мамлакат Аъзамҷон Мирзоев кушод. Дар конфронс мушовири минтақавии Хадамоти тандурустии ҷомеавии Бюрои минтақавии аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Мария Хараланова, сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Самариддин Алиев ширкат ва баромад доштанд.

      Ҳозирин дар оғоз маърӯза-намоиши корманди Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Наврӯз Ҷаъфаров таҳти унвони «Натиҷаҳои пажӯҳишҳои пешакӣ» мавриди муҳокима қарор доданд. Сипас барои ширкаткунандагон намоишҳои намунавӣ оид ба сохтори тандурустии ҷамоавӣ дар мамлакатҳои Аврупо бо баромади таҳлилии Мария Хараланова пешниҳод гардид. Оиди масъалаҳои зикргардида ва ҷиҳатҳои пурқувват ва заифи хадамоти тандурустии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон суолу посухҳо ва мубодилаи афкори судманд сурат гирифт.

      Конфронс пагоҳ низ кори худро идома медиҳад.

Маркази матбуоти ВТ.

 

ТАҚСИМОТИ ТЕХНИКАИ КОМПЮТЕРӢ


     Аз 22 моҳи августи соли ҷорӣ, аз тарафи Лоиҳа оид ба тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ, ба Раёсатҳои тандурустии вилоятӣ ва муассисаҳои табобатӣ, вилояти Суғд тақсимоти 234 адад ва вилояти Хатлон 305 адад маҷмӯаи компютерӣ, аз қабили принтер, техникаи бисёрчопкунӣ, факс ва дигар ҷузъиёти компютерӣ, оғоз гардид. Нахустин маҷмӯаи компютерҳо ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон расонда шуд. Рӯзи 25 август бошад, қисмати ҷудогашта барои вилояти Суғд расонда хоҳад шуд. Ёдовар мешавем,ки маҷмӯаи компютерҳо барои баҳисобгирии ҳолатҳои табобатшуда, шумораи беморони муроҷиаткарда, хароҷоти тиббию санитарӣ ва корбарии молиявӣ хеле зарурӣ ва саривақтӣ мебошад. Ёдовар мешавем, ки ин маҷмӯи техникаи компютерӣ ба беморхонаи шаҳрии 2, таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд, Хонаи кӯдакон, Маркази саломатии шаҳрии 1,2,3,4,5,6, Маркази саломатии шаҳри Хуҷанд, ба Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб, Маркази вилоятии бемориҳои чашм, Беморхонаи шаҳрии 1,2 барои калонсолон, Беморхонаи шаҳрии кӯдакона, Маркази вилоятии наркологӣ, Маркази ёрии таъҷилии шаҳри Кӯлоб ва Маркази бемориҳои қалб аз рӯи реҷаи тақсимкунӣ, таъмин карда мешаванд.

     Бо воридкунии техникаи нав ва компютерикунонии ахбороти воридшуда, кори мутахассисон ва кормандони муассисаҳои табобатии вилояти Суғду Хатлон беҳтар хоҳад гашт. Лозим ба тазаккур аст, ки кормандон ва сардухтурону муҳосибони муассисаҳрои тиббӣ аз тарафи Лоиҳаи тандурустии заминавӣ ва ҷамоавӣ, маҳорати компютерӣ омӯзонда шуд. Ин усули нави корбарии молиявӣ ва омори тиббӣ ба дигаргуниҳое, ки бо воридсозии ислоҳоти соҳа ба амал омадаанду талаби замон мебошанд, кӯмаки зиёд мерасонад.


Маркази матбуоти

Лоиҳа оид ба тандурустии

заминавӣ ва ҷамоавӣ


СЕМИНАР-ҶАЛАСАИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР ДУШАНБЕ


     21.08.09.      Имрӯз дар Душанбе бо ибтикори Вазорати тандурустии Тоҷикистон ва бо ҳамдастии созмонҳои байналмиллалии Ҳамкорон оид ба Рушд семинар-ҷаласаи ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Асосҳои консептуалии Стратегияи комплексии сиҳатии оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 ва афзалияткунонии проблемаҳои солимии омма» оғоз гардид.

      Дар кори семинар муовини авали вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова, мудири шӯъбаи тандурустӣ оид ба масъалаҳои занон ва оилаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Бобоҳоҷиева Л.С, сардори намояндагии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Тоҷиткистон, узви Шӯрои Ҳамоҳангсозӣ - Сантино Северони, сардори Идораи Шветсарӣ оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон, узви Шӯрои Ҳамоҳангсозӣ - Рудолф Шох, роҳбари гурӯҳи корӣ оиди таҳияи «Стратегияи комплексии сиҳатии оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» узви Шӯрои Ҳамоҳангсозӣ - Рустамова М.С. иштирок ва баромад намуданд. 

     Ҳозирин дар давоми ду рӯз масъалаҳои зерин: асосҳои консептуалии таҳияи Стратегияи комплексии сиҳатии оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020, сохтори идорасозии тандурустӣ, вазъият, мушкилот, афзалиятҳо, лоиҳаҳои афзалиятҳо ва хизматрасониҳои пешниҳодшаванда – вазифаҳое, ки ба таҳияи стратегия марбутанд, такмили механизмҳои маблағгузории системаи тандурустӣ, мушкилоти асосӣ ва афзалиятҳои захираҳои тандурустӣ, таҳлили натиҷиаҳои сафарҳои саҳроии гурӯҳи корӣ, муҳокимаҳо, хулоса ва тавсияҳо доир ба мушкилоти афзалиятнок ва роҳҳои ҳалли онҳо мавриди муҳокима қарор медиҳанд.

    Дар давоми семинар-ҷаласа саволу ҷавобҳо, муҳокимаҳо, кор дар гурӯҳҳои хурд, ташкили намоишҳои слайдҳо дар назар аст.
    Семинар-ҷаласа пагоҳ низ кори худро давом медиҳад.

Маркази матбуоти ВТ.

 


ПАЁМИ ТАБРИКИИ 
ВАЗИРИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН НУСРАТУЛЛО САЛИМОВ 
БАХШИДА БА РӮЗИ КОРМАНДОНИ ТИБ


     Роҳбарияти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи марказии иттифоқҳои касаба ва тамоми кормандони тиб соли понздаҳум аст, ки рўзи кормандони соҳа ва иди касбии худро, ки бо зодрўзи фарзанди фарзонаи миллат, аллома Абўалӣ ибни Сино рост меояд, ҷашн мегиранд. 

     Кормандони соҳаи тандурустӣ иди касбии худ ва зодрўзи ҳаким Абўалӣ ибни Синоро дар арафаи ҷашнгирии 18-умин солгарди истиқлоли кишвар ва 15-солагии Конститусияи (Сарқонун) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои назарраси касбӣ истиқбол мегиранд.

      Аз фурсат истифода бурда, Шумо ҳамкасбони мўҳтарам ва дар симои Шумо тамоми кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистонро ба муносибати иди касбӣ табрику муборакбод намуда, ба Шумо тансиҳатӣ, умри бобаракату хонаи обод таманно менамоям.

      Дар асоси маълумотҳои омории мавҷудбуда дар сохтори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи мутахассисони олии тиб 13 392 нафар ва кормандони миёнаи тиб 29 662 нафарро ташкил медиҳад. Тибқи маълумоти расмӣ соле зиёда аз 29 миллион муроҷиат ба қайд гирифта мешавад, ки ба ҳисоби миёна ба 1 нафар 4 муроҷиат рост меояд. Аз ин миқдор шумораи муроҷиат зиёда аз 836 ҳазор нафар бистарӣ карда шуда, 198 ҳазор нафари онҳо ҷарроҳӣ мешаванд. Дар паси ҳар нафар шаҳрванд хизмати софдилонаи парасторон, пизишкёрон ва пизишкон меистад. Ман ба ҳар кадоми Шумо, ҳамкасбони азиз, барои чунин кори пурифтихор ва садоқати бепоён арзи сипос ва миннатдории худро изҳор мекунам.

      Ҷомеаи ҷаҳонӣ мувофиқи қарорҳои Шӯрои Умумиҷаҳонии Сулҳ ва ЮНЕСКО 2 маротиб - солҳои 1952 (солшумории ҳиҷрии қамарӣ) ва 1980 (солшумории мелодӣ) ҳазорсолагии зодрўзи мутафаккири барҷаста, табиби ҳозиқ, файласуф Абўалӣ ибни Синоро ҷашн гирифт, ки номи ў дар мамлакатҳои Ғарб чун Авитсенна машҳур аст. 

     Асарҳои безаволи Шайхурраис Абўалӣ ибни Сино манбаъ ва сарчашмаи боэътимоди тибби муосир мебошад ва то ба имрўз аз он олимон, файласуфон ва табибон дар тамоми гўшаю канори дунё ба таври васеъ истифода мебаранд. 

     Дар умри кўтоҳ ва бобаракати худ, Шайхурраис барои оламиён мероси гаронмоя гузошт, ки на ҳамаи он бо забони модариамон дастраси мову шумо гаштаанд. 

     Дарки ин ҳақиқат, мо - ворисони аслии Ҳакими бузург ва файласуфи беназирро водор месозад, ки барои бо пуррагӣ ба забони модариамон нашр шудан ва мавриди омўзиши ҳамагонӣ қарор гирифтани асарҳои он пайваста кўшиш намоем. Халқ ва давлати тоҷикон ҳамеша бузургони илму фарҳангро қадрдонӣ намуда ба хизматҳои шоёни онҳо сипосгузор мебошад. 

      Беҳтарин коре, ки мову Шумо барои оромии рўҳи ниёгони бузургамон карда метавонем, садоқат ба Савганди табиби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарки масъулият идома додани анъанаҳои неки эшон мебошад.

       Имрӯз дар муассисаҳои табобатии кишвар, чуноне, ки дар боло қайд кардем ҳазорон нафар табибон ва кормандони миёнаи тиб фаъолият мекунанд, ки ҳаёти худро ба ин пешаи пурифтихор ва накӯ бахшидаанд. 
Бояд ҳар як корманди соҳаи тиб суханони Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Саломатии миллат – боигарии давлат»-ро шиори худ қарор диҳад ва кўшиш намояд, ки заҳмати ҳаррӯзаи ў саҳме барои андӯхтани ин сарват гардад.

       Лутфан барои меҳнати фидокорона, дастони моҳир ва дарёдилӣ бароятон миннатдорӣ мекунам. Чунин мешуморам, ки барои ҳар яки Шумо иззату эҳтиром, эътирофи мизоҷон ва сипосгузории онҳо беҳтарин мукофот аст!

     Дар охир бори дигар Шумо ҳамкасбони мўҳтарамро ба муносибати иди касбӣ табрику муборакбод намуда, ба Шумо тансиҳатӣ, хушиқболӣ ва дар фаъолияти меҳнатиатон комёбиҳои беназирро орзумандам.

       Хонаободу тансиҳат бошед!


 

БЕМОРИИ ЗУКОМИ НАВ - ТАҲДИДИ ПАНДЕМИЯ

Мусоҳиба бо муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев А.С.

     Пеш аз ҳама барои хонандагони мо мухтасар дар бораи бемории зуком, манбаи сироят ва барангезандаи он ахборот медодед.

     Барангезандаи бемории зуком ин вируси зуком, ки ба оилаи Ортомиксовирида дохил мешавад мебошад. Ин вирус дар табиат дар се намуд арзи вуҷуд дорад; вируси намуди А, Б ва С.
Вируси зукоми намуди А барои бисёри ҳайвонотҳо, ҳайвонҳои обию баҳрӣ, паррандагон ва одамон бемориовар буда дар табиат гардиш менамояд. Гардиши миқдори зиёди ин намуд, метавонад ба осонӣ ҷиҳатҳои биологӣ ва антигении худро иваз намояд.

     Вируси зукоми намуди Б танҳо дар байни одамон гардиш намуда хосияти сусти тағйирёбиро дорост.
Вируси зукоми намуди С бошад дар табиат камтар вомехӯрад ва беморшавии одамон аз ин намуд хеле кам мебошад.
     Манбаи асосии беморӣ ин шахси бемор мебошад. Вақтҳои охир ба манбаи сироят паррандагон, асосан он паррандагоне, ки дурпарвоз ва обӣ ҳастанд низ дохил карда мешаванд. Омўзиши вируси зукоми намуди А инсон нишон медиҳад, ки ин асосан аз парранда пайдо шудааст.
    Дар васоити ахбори омма намудҳои гуногуни ин бемориро ном мебаранд ба монанди H5N1 ё H1N1 ва ғайра ин чиро ифода мекунад? Пандемияҳое, ки дар ҷаҳон паҳн шуда буданд кадом намуди вируси зуком буд?
     Вируси зуком хосияти тағйирёби дорад ва маҳз ҳамин хосият барои пешгирии ин беморӣ монеъа пайдо мекунад. Вирус қабатҳои берунӣ дорад, ки онҳо гемагглютинин ва нейраминидаза номгузорӣ шудаанд. Н ин ҳарфи аввали номи лотинии гемагглютинин ва N ҳарфи аввали нейраминидаза мебошад. То ҳол 16 зернамуди гемагглютинин (Н) ва 9 зернамуди нейраминидаза (N) маълум карда шудааст. Агар ба таври назариявӣ тасаввур намоем зиёда аз 254 зернамуди алоқаи ин ду зернамуд вуҷуд дорад. 
     Дар ҳар давру замон намудҳои гуногуни ин зернамудҳо авҷгирии бемории зукомро ташкил додаанд. Масалан пандемияҳое, ки солҳои 1918-1919 хурӯҷ дошт ин зернамуди H1N1 буд, ки зиёда аз 500 миллион нафар гирифтори ин беморӣ шуд, баъдтар солҳои 1956-1957 зернамуди H2N2, ки қариб нисфи аҳолии кураи замин гирифтори ин беморӣ шуда буд. Пандемияи солҳои 1968-1969 бошад зернамуди H3N2 ва дар якуним сол тамоми ҷаҳонро фаро гирифт вале дар давлатҳои алоҳида сатҳи фарогирӣ то 20% -ро ташкил доду халос.
     Солҳои охир инсоният бо зернамуди H5N1, ки бо номи зукоми парранда маълум аст рў ба рў шуд ва аз аввали соли ҷорӣ бошад, зукоми А/ H1N1 хурӯҷ карда ситодааст. Қайди бемории зукоми нав номи вируси қобилияташ баланди сироятноки зукоми A/Калифорния/04/2009 – ро гирифтааст.
     Хатари паҳншавии ин намуди зукомро Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дараҷаи охир – 6-ум эълон намудааст. 
      Аз эълон намудани хатари дараҷаи 6 аз тарафи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ аллакай зиёда аз 1,5 моҳ сипарӣ шудааст вазъи вогирӣ дар ин муддат чӣ гуна аст?   

    Пеш аз ҳама дар бораи давра ва дараҷаи бемории зуком, ки аз тарафи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ муайян шудааст гуфтаниам. Ҳамагӣ 4 давра ва 6 дараҷаи паҳншавии беморӣ вуҷуд дорад.  
Хатари дараҷаи 6 ин дараҷаи охирин буда дараҷаи паҳншавии пандемияро ифода менамояд. Дар ин давра эҳтимолияти пайдоиши пандемия дар минтақаҳои алоҳида, нишондоди баланди беморӣ дар байни аҳолӣ ва авҷгирии дубораи беморӣ ба амал омаданаш мумкин.
      То имрўз (18.08.09) дар тамоми кураи замин зиёда аз 231 353 нафар бемор ба таври ташхиси бемориашон тасдиқ ёфтааст, ки аз он 2107 нафар фавтидааст. Ин беморӣ бо таври ташхисӣ дар зиёда аз 140 давлати дунё маълум карда шудааст. Аз кишварҳои ҳамсоя беморӣ дар Федератсияи Руссия (180) ба қайд гирифта шудааст.

      Агар дар Русия ин беморӣ бошад, пас пайдоиши он дар ҷумҳурии мо низ мумкин аст?

      Эҳтимолияти пайдоиши ин беморӣ дар ҷумҳурии мо низ мумкин аст, зеро миқдори зиёди аҳолии мо на фақат ба Русия, балки ба дигар кишварҳои дунё, ки ин беморӣ дар сатҳи авҷгирӣ аст, сафар мекунанд ва чи хеле маълум аст, роҳҳои гузариши ин беморӣ бисёр содда аст, яъне басанда аст, ки дар як ҷой бо бемори зуком муддати кўтоҳ алоқа карда гирифтори ин беморӣ гардид. Ва як бемор дар як шабонарўз метавонад аз 3-7 шахси солимро сироят намояд.

       Оё оид ба пешгирии ин беморӣ дар фурудгоҳҳо, истгоҳи роҳи оҳан ягон чора андешида шудааст ё не?

      Албата аз рўзҳои аввали сар задании ин беморӣ дар фурудгоҳҳо ва истгоҳи роҳи оҳан бо тамоми кормандони соҳа машваратҳои омўзишӣ гузаронида шуд. Инчунин овезаҳо, маводҳои таълимӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ аз тарафи кормандони тиббии ин муассисаҳо мунтазам гузаронида мешаванд.
       Нуқтаҳои санитарии гузаргоҳҳо дар ҳолати омодабош қарор доранд. Дар моҳи гузашта тавассути роҳи оҳан аз қатораи Москва-Душанбе чунин беморони гумонбар маълум карда шуд ва бояд қайд кунам, ки чӣ кормандони роҳи оҳан ва чӣ кормандони тиб бо як масъулияти баланд аз рўи он дастурҳое, ки дода шуда буд, амал намуда сари вақт ин гумонбарон таҳти назорат гирифта шуданд, қатора безарар гардонида шуда беморон бистари гардиданд. Хушбахтона, ташхиси ин беморон дигар бемориро маълум намуд.
 Бояд хотирнишон намуд, ки ҳамарӯза ҳамаи он қатораҳо ва мусофироне, ки аз фурудгоҳ ба ҷумҳурӣ дохил мешаванд аз тарафи роҳбаладон дар вақти сафар зери назоратанд ва дар ҳолати гумонбарӣ то омада расидани тайёра ва ё қатора ҳамаи чораҳои зидиэпидемикӣ тайёр мешаванд ва дар дафтарҳои махсус қайд карда мешаванд.

       Мехостам дар бораи чораҳои зиддиэпидемикӣ, ташхис ва табобати ин беморӣ дар ҳолат маълум кардан каме маълумот медодед.

        Умуман чораҳои зиддиэпидемикӣ ин ҷамъи чорабиниҳост сар карда аз маълум намудани гумонбар ба ин беморӣ то бистарӣ ва табобат намудани онро дар бар мегирад. Дар ин силсила мо бояд кӯшиш намоем, ки гумонбари мо ба ин беморӣ то ҳадди имкон бо теъдоди ками одамон дар алоқа бошад.
 Оид ба ташхиси ин беморӣ дар ҷумҳурӣ ду ташхисгоҳ аллакай омодаи ин кор ҳастанд. Дар саросари ҷумҳурӣ бригадаҳои махсуси эпидемиологӣ ташкил шудааст, ки онҳо бо автомашина, телефонҳо, қуттиҳои махсус барои гирифтани намунаҳои ташхис ва либосҳои муҳофизатӣ таъминанд. Дар ҳолати даркорӣ онҳо дар муддатҳои кўтоҳтарин намунаи ташхисро ба ташхисгоҳҳои марказӣ дастрас менамоянд.
Оид ба бистарӣ ва табобат бошад аз тарафи Вазорати тандурустӣ фармон ба тавсиб расидааст, ки тамоми чорабиниҳо ва беморхонаҳо муайян шудаанд ва аз рўи он амал хоҳем намуд. Дар саросари табобатхонаҳои ҷумҳурӣ катҳои махсус барои бистарӣ, миқдори лозимаи доруворӣ захира карда шудааст. Доруҳои зиддивирусӣ бошанд дар сатҳи ҷумҳурӣ мутамарказонида шудаанд.  

      Акнун дар бораи пешгирии ин беморӣ мехоҳем пурсон шавем.

     Албатта пешгирӣ роҳи осон ва каммасраф мебошад ва барои амалӣ намудани он бояд ҳар як шахс кӯшиш намояд. Чораҳои пешгирикунандаи бемории зукоми нав аз бемории зукоми муқаррарӣ фарқе надорад. Новобаста ба ин мехоҳам, бори дигар такрор намоям. Манбаи сирояти зукоми нав ин шахси бемор мебошад. Роҳҳои гузариш аз як шахс ба шахси дигар ба воситаи ҳаво ҳангоми нафас кашидан, атса, сулфа задан ба амал меояд. 
      Ҳангоми пайдоиши ин беморӣ ба айёдати бемор нарафтан ва аз ҷойҳои ҷамъомади бисёри одамон канорагӣ гирифтан ва дар мавридҳои зарурӣ бо ниқоб гаштан яке аз чораҳои эминӣ мебошад. Ҳамзамон риояи гигиенаи шахсӣ ва обутоб додани бадан, хўрокҳои серғизо низ аз манфиат холӣ нест. 
        Умуман вируси бемории зуком дар муҳити атроф хеле ноустувор аст ва аз таъсири ҳарорати баланд, ҷӯшонидан ва нурҳои ултрабунафш тез нобуд мешавад, вале ба ҳарорати пасти хунукӣ тобовар мебошанд.

         Дар бораи эмгузаронӣ чӣ гуфтаниед?

        Эмгузаронӣ яке аз роҳҳои асосии пешгирии бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб меравад. Аммо эмми бемории зуком бояд ба он зерсохтори тағйирёфта мутобиқат намояд. Истифодаи эмми бемории зукоми мавсими дар ин ҳолатҳо низ фоидаовар аст. Эмм барои зукоми нав ҳоло дар сатҳи омўзиш ва коркард қарор дорад ва аз рўи маълумотҳо истеҳсоли он то моҳи сентябр бояд роҳ монда шавад.
 Албатта пас аз истеҳсол ҷумҳурии мо низ аз ин намуди эмм харидорӣ хоҳад кард, танҳо барои он қисми аҳолие, ки хатари беморшавии онҳо зиёд аст.

Мусоҳиб: Тиллои Некқадам


КОНФРОНСИ СИЛШИНОСОНИ ТОҶИК ДАР ДУШАНБЕ

 
        15.08.09.     Имрўз дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» Конфронси ҷумҳуриявии илмию амалӣ дар мавзўи «Оиди ҳамоҳангсозии соҳаи зиддисилӣ бо муассисаҳои кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Дар кори он мудири шўъбаи тандурустӣ оид ба масъалаҳои занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева, муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов, сардори раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ӯктам Бобохоҷаев, директори Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемории сил Саъдулло Сайдалиев ширкат варзиданд. Ҳамчунин дар кори он намояндагони созмони байналмиллалии «Ҳоуп», «Каритас» (Люксембург), мутахассисон ва коршиносон аз минтақаҳои гуногун ва навоҳии ҷумҳурӣ иштирок намуданд. 

        Дар конфронс мудири шўъбаи тандурустӣ оид ба масъалаҳои занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева бо маърўзаи таҳлилӣ таҳти унвони «Масоили сил – ҳамчу масоили ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ» баромад намуд. 

       Бояд қайд намуд, ки дар чорабинии мазкур масъалаҳои гуногун: вазъи амалӣ намудан Барномаи мубориза бар зидди бемории сил дар ҷумҳурӣ ва масоили ҳалталаби он, баҳодиҳӣ дар Барномаи мубориза бар зидди бемории сил, назорати сироятёбӣ ва пешгирии бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти вазорату идораҳои масъул дар амалинамоии Барномаи мубориза бар зидди бемории сил, ҳамгироиии муассисаҳои кўмаки аввалияи санитарию тиббӣ бо соҳаи зиддисилӣ дар мубориза бар зидди бемории сил, вазъи бемории сил, камбудиҳо ва дастовардҳои мубориза бар зидди он дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

         Конфронс худи ҳамин рўз кори худро ба анҷом расонид.


Маркази матбуоти ВТ.




ТАБИ ХУНИН ДАР ДУШАНБЕ


       11.08.09.      Рӯзи 9-уми августи соли равон ба беморхонаи клиникии шаҳрии «Ёрии тиббӣ-таъҷилӣ» истиқоматкунандаи муваққатии кӯчаи Нахимов 64/6-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо аломатҳои бемории решмарази меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта бистарӣ карда шуд. 

       Дар натиҷаи санҷиши эпидемиологӣ маълум гардид, ки бемор ба харидуфурӯши маҳсулоти полезӣ машғул мебошад. Дар давраи то беморӣ дар ноҳияҳои Шаҳритуз, Қубодиёну Ҷиликӯл дар сари заминҳои полезӣ хоб кардааст ва ӯ дар натиҷаи газидани канаҳои иксоидӣ гирифтори сирояти таби хунин гардидааст. Ҳолати бемор таҳти назорати духтурон қарор дорад. Алоқамандоне, ки бо бемор сарукор доштанд, низ таҳти назорат қарор гирифтаанд. Аҳволи бемор вазнин нест ва ягон сабаб барои паҳншавии воҳима низ вуҷуд надорад. 

       Тавре, ки муовини вазири тандурустии мамлакат Аъзамҷон Мирзоев изҳор намуд ҳар сол бо ин беморӣ 10-15 нафар одамон ба қайд гирифта мешаванд, он табобатшаванда аст, махсусан агар дар оғози беморӣ ба духтурон муроҷиат карда шавад, таъсири табобат хубтар мегардад. 


Маркази матбуоти ВТ.


ТАБИ ХУНИН ДАР ТУРСУНЗОДА

        08.08.2009     Охири моҳи июли соли ҷорӣ бо гумон ба бемории таби хунин шаҳрванди деҳаи Зиёратути ҷамоати Навободи шаҳри Турсунзода дар шӯъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода бистарӣ гардида буд. 

      Ҳафтаи охир гирифторони бемории таби хунин дар шаҳри Турсунзода зиёдтар ба кайд гирифта шуданд. То имрӯз бемории 5 нафар тасдиқ гардида, се нафари онҳо фавтидаанд. Ҳолати 2 бемори дигар мӯътадил буда, онҳо таҳти назорат қарор доранд. Ҳоло дар шаҳри Турсунзода 24 нафар алоқамандон зери назорат гирифта шудаанд.

       Беморон ва алоқамандон пурра бо маводҳои табобатӣ таъмин буда, раванди табобати онҳо таҳти назорати сармутахассиси шӯъбаи бемориҳои сироятии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов қарор дорад.

     Дар деҳаҳое, ки ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст, корҳои пешгирикунанда ва фаҳмондадиҳӣ, инчунин санҷиши ҳарорати бадани одамон аз тарафи табибон ба роҳ монда шудааст.

      Тадқиқ нишон дод, ки манбаи ин сироят ҳайвони калон ва хурди шохдор, хояндаҳо ва паррандаҳои ёбоӣ мебошанд. Инсон ба воситаи газидани кана гирифтори ин сироят мешавад. Шахси сироятёфта аз ҷиҳати эпидемиологӣ, бахусус дар вақти оғози хунравӣ, хеле хавфнок аст.

    Нишонаҳои аввалини беморӣ чунинанд: саршавии ногаҳонӣ, дарди мушакҳо, буғумҳо, ҳарорати бениҳоят баланд ва дертар пайдошавии обилачаҳои хунин ва хунравӣ.

       Роҳҳои пешгирӣ:  риояи қоидаҳои оддии тозагӣ, мубориза бар зидди кана, ҳангоми сару кор бо ҳайвонот ва корҳои саҳроӣ пӯшидани либоси остиндароз. 

                                                                                                                                                           Маркази матбуоти ВТ.


ТАВАҶҶӮҲ


      Ба таваҷҷӯҳи ҳамаи роҳбарони ташкилотҳо, муассисаҳо ва шахсони хоҳишманд расонида мешавад, ки Маркази ҷумҳуриявии дезинфексияи профилактикии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нобуд кардани шапалакҳои зарриндумбол (шапалакҳои сафеди хурд, «златогузька»), ки зиёд шудани онҳо имрӯзҳо мардумро ба ташвиш овардааст, дархостҳо қабул менамояд. 

      Телефонҳо барои тамос:
                                                                 236 25 11;       236 28 91;       918 83 64 66


 Маркази ҷумҳуриявии
дезинфексияи профилактикӣ




ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ОГОҲ МЕНАМОЯД

      Вақтҳои охир дар гирду атрофи биноҳо, ҳавлиҳо ва дар даруни биноҳо шапалакҳои сафед ҷамъ мешаванд, ки ҳангоми даст расонидан ё ба рӯи пӯст нишастан ҷои он сурх шуда ба хоридан медарояд. Ин чӣ гуна шапалак аст? Ва чӣ бояд кард? Дар ин бора барои маълумоти аҳолӣ маводи зерин пешкаш мешавад.

     Зарриндумболак (Златогузка — Euproctis chrysorrhoea (L.)) асосан зараррасони растаниҳои дарахтӣ буда, ба навдаву барги дарахтон зарари зиёд мерасонад.

      Аз моҳи июн то август шапалакҳои болиғ бештар бегоҳӣ ва шабона фаъол мегарданд. Хангоми боридани борон онҳоро рӯзона дар танаи дарахтон, деворҳои хонаҳои истиқоматӣ ва ғайра вохӯрдан мумкин аст. Модинаҳои бордоршуда асосан дар қисми поёнии барг ва ё навдаҳо то 200-300 адад тухм гузошта, аллакай аз охирҳои моҳи июл аз тухмҳо кирминаҳо мебароянд, ки онҳо низ барги дарахтонро ҳамчун манбаи ғизо истифода мебаранд. Зимистонро кирминаҳо дар лонаҳое, ки аз ҳисоби барги дарахтон омода сохтаанд аз сар мегузаронанд.

      Баҳорон дар вақти пайдошавии баргҳо, онҳо аз нав ба хӯрдани баргу навдаҳо оғоз намуда, баъдан хӯрдани гулҳои дарахтонро сар мекунанд. Барги дарахт пурра тӯъмаи ин ҳашарот гардида, аз он танҳо риштаи мобайнӣ боқӣ мемонаду халос. Дар ин давра онҳо шабона ба лонаашон бармегарданд. Баъдтар онҳо алоҳида зиндагӣ намуда, шабона дар ҷои зараррасонидаашон мемонанд. Ин асосан баъди пӯстпартоии охирин сурат мегирад. Дар ин ҳолат онҳо фақат ҳангоми боридани борон ё хунукшавии ҳаво ҷамъ мешаванд. Дар ин ҳангом онҳо метавонанд муддати дароз бе ғизо зинда монанд. 

      Дар фасли тирамоҳ зарари расонидаи зариндумболак назаррас набуда, миқдори зиёди онҳо танҳо дар як ё ду шохи дарахт ҷамъ мешаванд. Баҳорон бошад, онҳо бисёр гурусна буда, дар ҳамаи шохи дарахт хазида, на танҳо баргҳои навбаромадаро, балки баргҳои калонро низ пурра хӯрда нобуд месозанд.  

      Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки ин ҳашарот дар марҳилаи кирминагӣ ва болиғӣ зарарасони растаниҳо ба шумор рафта, аз ҷиҳати эпидемиологӣ барои инсон хатарнок нест. Яъне, паҳнкунандаи ягон бемории сироятӣ набуда, дар организми он барангезандаҳои бемориҳо афзоиш намеёбанд. Фақат ҳангоми расидани бадани одам ба зарриндумболак пайдошавии ҳассосияти ғайритабиии бадан (аллергия), ба монанди хориши бадан, сурхшавӣ ва пайдошавии обила баъди хориш мушоҳида карда мешавад. 
        Бо назардошти гуфтаҳои боло Вазорати тандурустӣ чунин тавсияҳоро пешкаш менамояд:

      - тирезаҳои хонаҳои истиқоматиро бо тӯр маҳкам бояд кард;
      - ҳангоми нобуд сохтани онҳо бояд кӯшиш кард, ки ба бадан нарасанд;
      - аз заҳрхимикатҳо истифода намуда ҷойҳои ҷамъшавии онҳоро дору пошидан лозим.


 СЕМИНАРИ КОРӢ ДАР МАВЗЎИ «ТИББИ ХУСУСӢ, РОҲҲОИ ИНКИШОФ ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ ОН»


6-уми июли соли 2009 Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ тибқи Нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди тибби хусусӣ аз 05 феврали соли 2009 гузаронидани семинари кории худро дар мавзўи «Тибби хусусӣ, роҳҳои инкишоф ва назорати фаъолияти он» ба нақша гирифтааст. 
Дар семинари мазкур иштироки муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонов С.Б., сардори Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобохоҷаев О.И., директори Маркази мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нидоев С.Н., намояндагони муассисаҳои табобатии хусусӣ ва намояндаи ҷамъияти Олмонии ҳамкории техникӣ GTZ дар назар аст.  
Семинари корӣ аз се маърӯза оид ба баҳодиҳии вазъи кунунии тибби хусусӣ, роҳҳои афзалиятноки рушди он, танзими фаъолияти аккредитатсиякунонӣ ва иҷозатномадиҳӣ ва саволу ҷавобҳо дар доираи мавзӯъҳои фарогири он иборат аст. Чорабинии мазкур бо мақсади ҷалби таваҷҷӯҳи мутасаддиёни соҳа ҷиҳати такмилу инкишофи яке аз соҳаҳои муҳими тандурустӣ тибби хусусӣ, ки рушди он метавонад боиси боз ҳам хубтар шудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва рақобатпазирӣ байни муассисаҳои табобатӣ гардад, гузаронида мешавад. Гумон меравад, ки семинар дар роҳи дарёфти воситаву усулҳои нисбатан муосири ташкил ва такмили тибби хусусӣ такони хубе гардад.  

Маркази матбуоти ВТ.  


ИСЛОҲОТИ МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ ТОҶИКИСТОН

 

      30.06.2009.      Имрӯз дар мавзӯи «Ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустии Тоҷикистон» мизи мудаввар барпо гардид, ки он бо ибтикори Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази татбиқи лоиҳа оид ба тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ, бо маблағгузорӣ ва дастгирии молиявии Бонки Умумиҷаҳонӣ гузаронида шуд.

      Дар кори он муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзамҷон Мирзоев, намояндаи доимии Намояндагии доимии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Кяра Бронки, сариқтисодчӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказии Бонки Умумиҷаҳонӣ Пиа Шнайдер иштирок ва суханронӣ карданд.

      Мизи мудаввар дар ду қисмат «Пардохти охирини маблағгузории сарикасӣ ва госпиталӣ, чорабиниҳои таҳлилии ин пардохтҳо» ва «Воридот дар стратегияи маблағгузории тандурустӣ» гузаронида шуда, масъалаҳои ба ин мавзӯъҳо вобаста таҳлил гардиданд.

    Ҳамчунин дар мавзӯъҳои «Комёбиҳои назаррас дар доираи татбиқи маблағгузории сарикасӣ», «Натиҷаҳои тадқиқотии Шӯъбаи таҳлили сиёсати тандурустӣ оид ба таъсири Барномаи кафолатҳои давлатӣ ба аҳолӣ», «Таъсири Барномаи кафолатҳои давлатӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ», «Комёбиҳо дар рафти татбиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ» маърӯзаҳо шунида шуда, дар атрофи онҳо мубоҳисаҳо давом карданд.

     Дар ин чорабинӣ ҳамкорон оид ба рушд, маблағгузорони ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, намояндагони Вазорати молия, рушди иқтисод ва савдо, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ, коршиносони ватаниву хориҷӣ ширкат варзиданд.

                                                                                                                                                           Маркази матбуоти ВТ.


МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА ИСЛОҲОТИ МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ ТОҶИКИСТОН


      29.06.2009       Пагоҳ бо ибтикори Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази татбиқи лоиҳа оид ба тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустии Тоҷикистон» барпо мегардад. 

      Ҳадаф аз гузаронидани чунин чорабинӣ азназаргузаронӣ ва баррасии охирин натиҷаҳои маблағгузории тандурустӣ ва чорабиниҳои таҳлилӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ якҷоя бо ҳамкорон оид ба рушд амалӣ гаштанд, инчунин баровардани натиҷа барои Стратегияи маблағгузории соҳаи танудурустӣ, аз қабили беҳтар гардонидани идоракунии захираҳо ва боадолатона истифодабарии хизматрасониҳои тиббӣ, ҳамчунин пешниҳод ва баррасии натиҷаҳо оид ба пардохти нақдӣ ва ислоҳоти маблағгузории сарикасӣ, пардохти госпиталӣ дар асоси ҳолатҳои табобатгашта; воситаҳои ҳисоботдиҳӣ оид ба идоракунӣ ва санҷиш дар сохтори тандурустӣ; баамалории дастгирии ташаббусҳо доир ба маблағгузории стратегии соҳаи тандурустӣ, ба мисоли сиёсати ҳамаҷониба оид ба ҳампардохт, ислоҳоти пардохти расонандаи хизмат мебошад. 

      Дар назар аст, ки дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ, намояндагони муассисаҳои тандурустии маҳалҳо, мушовирон аз ташкилотҳои хориҷӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҳамкорон дар рушд ширкат варзида, баҳсу мубодилаҳои афкор ва пурсишу посухҳои манфиатнок гузаронида мешаванд.

   Бояд қайд кард, ки мизи мудаввар бо маблағгузорӣ ва дастгирии молиявии Бонки Умумиҷаҳонӣ гузаронида мешавад.

                                                                                                                                                            Маркази матбуоти ВТ.


МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА ИСЛОҲОТИ МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ ТОҶИКИСТОН


      29.06.2009      Пагоҳ бо ибтикори Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази татбиқи лоиҳа оид ба тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустии Тоҷикистон» барпо мегардад. 

      Ҳадаф аз гузаронидани чунин чорабинӣ азназаргузаронӣ ва баррасии охирин натиҷаҳои маблағгузории тандурустӣ ва чорабиниҳои таҳлилӣ, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ якҷоя бо ҳамкорон оид ба рушд амалӣ гаштанд, инчунин баровардани натиҷа барои Стратегияи маблағгузории соҳаи танудурустӣ, аз қабили беҳтар гардонидани идоракунии захираҳо ва боадолатона истифодабарии хизматрасониҳои тиббӣ, ҳамчунин пешниҳод ва баррасии натиҷаҳо оид ба пардохти нақдӣ ва ислоҳоти маблағгузории сарикасӣ, пардохти госпиталӣ дар асоси ҳолатҳои табобатгашта; воситаҳои ҳисоботдиҳӣ оид ба идоракунӣ ва санҷиш дар сохтори тандурустӣ; баамалории дастгирии ташаббусҳо доир ба маблағгузории стратегии соҳаи тандурустӣ, ба мисоли сиёсати ҳамаҷониба оид ба ҳампардохт, ислоҳоти пардохти расонандаи хизмат мебошад. 

      Дар назар аст, ки дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати тандурустӣ, намояндагони муассисаҳои тандурустии маҳалҳо, мушовирон аз ташкилотҳои хориҷӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҳамкорон дар рушд ширкат варзида, баҳсу мубодилаҳои афкор ва пурсишу посухҳои манфиатнок гузаронида мешаванд.

    Бояд қайд кард, ки мизи мудаввар бо маблағгузорӣ ва дастгирии молиявии Бонки Умумиҷаҳонӣ гузаронида мешавад.

                                                                                                                                                             Маркази матбуоти ВТ.


ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ШОҲМОТБОЗӢ МУАЙЯН ШУДАНД


     24.06.2009 Аз 20 то 24 июни соли равон дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи шоҳмотбозон бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи маводи нашъадор, ки дар тамоми дуне хамасола рузи 26 июн тачлил мешавад ва солгарди таъсисёбии Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ баргузор гардид. Тавре ки сардори маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустӣ Сулҳиддин Нидоев хабар дод, имрӯз дар даври ниҳоӣ, ки 4 нафар довталабон ба он роҳхат гирифта буданд, ғолибон муайян карда шуданд. Ҷои аввал насиби Қубод Мақсудшоев- хизматчии қисми ҳарбии 01215-и Вазорати мудофиаи Чумҳурии Тоҷикистон, ҷои дуюм насиби Хайриддин Ризоев- табиб-урологи қисми тиббии корхонаи нассоҷӣ гардид. Ҷои саввумро ду нафар Ислом Маҳкамов - корманди кумитаи амнияти Тоҷикистон ва Насим Зиёев - табиби рентгенолог аз Маркази миллии тиббӣ бо ҳам диданд.

      Байни занон бошад, мақоми аввалро дар мусобикаи шохмот Шоира Саидалиева - сармутахассиси Дастгоҳи Иҷроияи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ишғол карда, Ӯғулой Хоҷаева ва Нигина Каримова табибони аллергологи Маркази тиббии шаҳрӣ ба мақоми дуюм ва сеюм баромаданд.

      Рӯзи 26 июн маросими тӯҳфасупорӣ ба ғолибони мусобиқа дар Вазорати тандурустӣ баргузор мегардад.

                                                                                                                                                        Маркази матбуоти ВТ


Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи 
Маркази кардиологии вилояти Суғд

23.06.2009.



Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

     Қабл аз ҳама шуморо ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ – яке аз ҷашнҳои бузургтарини Ватани маҳбубамон, ки таҷлили умумиҷумҳуриявии он имсол дар Суғди бостонӣ баргузор мешавад, муборакбод гуфта, бароятон рӯзгори хушу осуда ва саломативу хушҳолӣ орзумандам.  

     Боиси хушнудист, ки дар доираи чорабиниҳои идона ва дар арафаи ин ҷашни барои ҳар як фарди бонангу номуси миллати мо муқаддас бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи боз як иншооти навбунёди иҷтимоӣ – табобатгоҳи бемориҳои қалби вилоят, яъне боз як самараи неки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ҷамъ омадаем. 

      Ин рӯйдоди фараҳбахшро ба ҳамаи сокинони Хуҷанди бостонӣ ва тамоми мардуми вилоят муборакбод гуфта, ба муҳандисону меъморон, сохтмончиёну коргарон ва ҳамаи онҳое, ки дар тарҳрезӣ ва бунёди ин иншооти муҳим саҳм гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.  

      Мавриди истифода қарор гирифтани бинои замонавии ин беморхона, бешубҳа, боз як намунаи ғамхории давлат ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи саломатии мардум мебошад.  

      Ин марказ, ки аз моҳи июли соли 2000–ум фаъолият дорад, то оғози сохтмони бинои нав дорои ҳамагӣ 40 кат буд ва дар он соле зиёда аз 1300 нафар беморон саломатии худро барқарор мекарданд. Албатта, ин талаботи ҳамаи корафтодаҳоро қонеъ карда наметавонист ва онҳо барои табобат моҳҳо навбат мепоиданд ё маблағи зиёд сарф карда, ба хориҷи кишвар мерафтанд.

       Бо дарназардошти чунин вазъ сохтмони бинои нави иловагӣ ба нақша гирифта шуд ва барои бунёди он аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ 2 миллиону 500 ҳазор сомонӣ сарф гардид. 

       Бинои имрӯза, ки бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ҷиҳозонида шудааст, барои ташкили низоми муосири ҳифзи тандурустии мардум, ҳамчунин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат заминаи хуберо фароҳам меорад.  

      Ва итминон дорам, ки ин маркази муолиҷавию солимгардонии ба талаботи замона ҷавобгӯ, ки дар соҳили дарёи Сир, дар иқлими мусоиду муҳити барои шахсони гирифтори бемории қалб орому мувофиқ воқеъ гардидааст, натанҳо ба яке аз марказҳои пурқуввати табобатии вилоят, балки кишварамон табдил меёбад. 

    Дӯстони азиз!

    Мо ҳамеша ва такрор ба такрор хотирнишон мекунем, ки татбиқи ҳадафҳои неку созандаамон, пеш аз ҳама аз сулҳи пойдор, суботи иҷтимоӣ ва ваҳдати комили ҷомеа вобастагӣ дорад. 

     Маҳз ба шарофати сулҳу салоҳ соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон марҳала ба марҳала рушд ёфта, ба хотири вусъат додан ба ислоҳоти бунёдии соҳа, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати хизматрасонии ҳарчи беҳтари тиббӣ ба аҳолӣ ва умуман ҳифзи саломатии мардум пайваста тадбирҳо андешида мешаванд.  
Рушди ҳадафманди соҳаи тандурустӣ ва вусъати тоза пайдо кардани бозсозии он ба мо имкон медиҳад, ки минбаъд тавассути баланл бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, ҷорӣ намудани усулҳои замонавии ташхису табобат, муҳайё кардани шароити муносиб барои густариши шаклҳои гуногуни хизматрасонии тиббӣ дар кишвар ба ҳадафи стратегии дар ин самт муайянкардаамон – беҳдошти саломатии аҳли ҷомеа, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва бо ҳамин роҳ ба ташаккули миллати солим ноил гардем. 

      Зеро саломатӣ барои инсон сарвати бебаҳост ва ҳифзу нигаҳбонии он масъулияти хеле бузургест, ки ин вазифа дар навбати аввал ба дӯши шумо - табибон вогузор шудааст. 

    Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти аҳамияти бузурги ҳифзи саломатии мардум ва вусъатбахшии раванди ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин бозсозиву бунёди иншооту муассисаҳои нави тиббӣ, ки ин марказ намунаи равшани он мебошад, ҳамаи тадбирҳои имконпазирро амалӣ карда истодааст.

     Барои татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва таҳкими заминаҳои моддиву техникии он ҳамасола маблағҳои зиёди давлатӣ, сармояи хориҷӣ ва грантҳо истифода мешаванд.

     Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки дар давоми солҳои истиқлолият аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар саросари кишвар зиёда аз 700 муассисаи тандурустӣ сохта ва таъмиру таҷдид карда шудааст, ки қисми зиёди онҳо дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд воқеъ мебошанд. 

   Чунончи, дар вилоят тайи солҳои охир Маркази вилоятии мубориза бар зидди бемориҳои сил, таваллудхонаи вилоятӣ, беморхонаи вилоятии клиникавии кӯдакон ва шӯъбаҳои алоҳидаи он, инчунин шӯъбаи нави маркази солимгардонии беморони шараёну дил сохта ва таъмир карда шуданд. 

     Дар як қатор муассисаҳои тиббӣ – беморхонаҳои минтақавию ноҳиявӣ, марказу бунгоҳҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Ғончӣ, Зафаробод, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ корҳои сохтмону азнавсозӣ ба анҷом расонида шуданд. Илова бар ин, барои рушди соҳаи тандурустии ноҳияҳои Исфара ва Мастчоҳ беш аз ду миллион сомонӣ ҷудо карда шуд. То қарибӣ дар қаламрави вилоят таҷҳизоти томографияи компютерӣ умуман мавҷуд набуд ва беморон барои ташхис асосан ба хориҷи кишвар мерафтанд. 

      Барои харидории чунин таҷҳизоти зарурии тиббӣ аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти мамлакат якуним миллион сомонӣ ҷудо карда шуд ва ҳоло он дар шаҳри Хуҷанд дар хизмати мизоҷон қарор дорад.  
Дар айни ҳол, аз ҳисоби маблағҳои буҷети вилоят барои таъмиру сохтмон, харидории доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ ва нақлиёти санитарию ёрии таъҷилӣ зиёда аз дуюним миллион сомонӣ сарф шудааст.  

        Ҳоло корҳои тармиму сохтмон дар аксари муассисаҳои тиббии вилоят, ки дар онҳо 4 ҳазору 500 нафар мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва 11 ҳазору 500 нафар кормандони миёнаи соҳаи тиб ба аҳолӣ хизмат мерасонанд, идома доранд.

      Дар сафи табибони вилоят имрӯз 11 доктори илм, 63 номзади илми тиб ва теъдоди зиёди довталабони унвонҳои илмӣ бо фаъолияти пурсамари тадқиқотию амалӣ машғуланд.

      Бояд зикр кард, ки имрӯз дар соҳаи тандурустии вилоят бахши хусусӣ нисбатан хуб инкишоф ёфта истодааст ва саҳми он дар расонидани кӯмаки тиббию санитарӣ рӯз ба рӯз назаррас мегардад. 
Ҳоло дар қаламрави вилоят дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти хусусии тиббӣ» як силсила муассисаҳои тиббии хусусӣ фаъолият мекунанд ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки корафтодагон аз сатҳи хизматрасонии онҳо қаноатманд мебошанд. 

     Дар ин робита ҳамчунин мехоҳам бори дигар хотирнишон созам, ки рушди соҳаи тибби хусусӣ дар кишварамон тақозои замон аст, зеро ин раванд шароити баробари ҳаққи интихобро барои корафтодаҳо, инчунин рақобати солимро ба вуҷуд оварда, бешубҳа, ба болоравии сатҳу сифати ҳифзи саломатии аҳолӣ ва дар айни замон поён рафтани нархи хизматрасониҳои тиббии пулакӣ мусоидат менамояд. 

     Аз ин лиҳоз, дар марҳалаи кунунӣ рушди соҳаи тибби хусусӣ бояд яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати тандурустӣ ва дигар мақомоту сохторҳои дахлдор буда, татбиқи чорабиниҳо дар ин маврид метавонад барои расидан ба дурнамои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шароит фароҳам оварад.  

    Илова бар ин, ҳоло дар соҳаи тандурустии мамлакат татбиқи чандин лоиҳаҳои сармоягузорӣ идома дорад, ки албатта, ба хеле беҳтар шудани шароити беморхонаву дармонгоҳҳо ва марказҳои тиббӣ, таҷҳизонидани онҳо бо воситаҳои муосири тиббии ташхису муолиҷа мусоидат мекунанд. 

     Мо ҳамчунин ният дорем, ки дар се соли оянда бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 400 муассисаи тиббиро дар минтақаҳои мухталифи кишварамон, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба анҷом расонем. Мақсад аз ҳамаи ин чорабиниҳо беҳбудии тадриҷии вазъи инфраструктураи тиббии кишвар мебошад. 

     Дар баробари ин, ба масъалаҳои ҳалталаби гузаштан ба усулҳои нави хизматрасонии тиббӣ, тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа, ҳифзи саломатии модару кӯдак ва наврасон, вогирии бемориҳои сироятӣ ва дигар бемориҳое, ки паҳншавии вусъатёбандаи онҳо боиси ташвиши ҷомеа гаштааст, диққати махсус дода мешавад. 

      Вале вобаста ба ин, таъкид месозам, ки хизматрасонии шоиста ва замонавии тиббӣ ба аҳолӣ, пеш аз ҳама, аз сатҳи маҳорату малакаи касбӣ, муомила ва фаъолияти инсондӯстонаи табибон ва умуман кормандони соҳаи тандурустӣ вобастагӣ дорад. 

    Хилъати сафед ва савганди Гиппократ ба дӯши шумо - табибон вазифаи басо сермасъулият, вале пурифтихор - ғамхорӣ барои солимии халқу миллат ва зиёда аз ин, ҳаёти инсонро вогузоштааст.  

     Ва бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки табибони кишвари мо ҳамчун яке аз табақаҳои боэҳтирому бонуфузи ҷомеа, рисолати худро дар ин самт содиқона, бо дасти поку дилу нияти нек ва холисона адо карда истодаанд. 

      Шумо табибони соҳаи дил бошед, ба наздиктарин ва ҳассостарин узви бадани инсон, яъне қалби ӯ сару кор доред ва аз ин бояд ифтихор карда, ҳамеша дар пайи такмили донишу таҷриба ва баланд бардоштани сатҳи касбии худ бошед.  

    Дар охир бори дигар иди Ваҳдати миллӣ ва ифтитоҳи бинои нави беморхонаро ба ҳамаи шумо муборакбод гуфта, бароятон рӯзгори пурфайзу баракат ва барору комёбиҳо орзумандам. 

    Ҳамеша саломату сарбаланд ва номбардори Ватани худ бошед! 

    Ташаккур!  


«ҲАЁТ ИДОМА ДОРАД…»

     20.06.2009.     «Ҳаёт идома дорад…» таҳти ин унвон имрӯз дар бинои асосии Вазорати тандурустии Тоҷикистон мусобиқа оид ба шоҳмот оғоз гардид, ки он аз 20 то 24 июн баргузор гашта, ба муносибати 26 июн - Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи маводи нашъадор ва солгарди таъсисёбии Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ бахшида шудааст. 

     Дар он муовини аввали вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Бобоева, муовинон Соҳибназар Раҳмонов ва Аъзамҷон Мирзоев, муовини аввали директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Вайсиддин Азаматов, намояндаи Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ Мӯътабара Воҳидова, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва дигар сохторҳо иштирок ва баромад намуданд.

     Дар доираи нақшаи якҷояи чорабиниҳои Вазорати тандурустӣ бо Вазорати фарҳанг ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ аз тарафи ҳунармандони театри Лоҳутӣ намоиши театрикунонидашуда оиди нашъамандӣ - ин падидаи номатлуби замона пешкаш гардид.

     Сипас мусобиқаи варзишии шоҳмот оғоз гардид.

     Чорабинӣ бо ибтикори Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бодастгириву кӯмаки молиявии Хазинаи глобалии мубориза зидди СПИД, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи ПОТЕНСИАЛ-и ЮСАИД баргузор карда шуд.

     Ҳадафҳои асосии гузаронидани ин озмун: созмон додани маҷмӯи умумии чорабиниҳо оиди паст кардани болоравии сӯиистеъмоли маводи нашъадор, гардиши ғайриқонунии онҳо, кам кардани миқёси густариши нашъамандӣ, ҷиноятҳо ва қонунвайронкуниҳои вобаста ба онҳо, гузаронидани тарзи ҳаёти солим мебошанд.

     Дар рӯзи аввали мусобиқа зиёда аз 300 нафар хоҳишмандон ширкат варзиданд. 32 нафар шоҳмотбози ғолиб ба даври 1/16 ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Мусобиқа давом дорад.

     Барои ғолиби шиори беҳтарин, ғолибони барномаҳои радио ва телевикторина ва барои иштирокчиёни беҳтарин озмун эълон гардидааст. Ғолибони мусобиқаҳо бо мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд.


                                                                                                                                                 Маркази матбуоти ВТ


МУСОБИҚА ОИД БА ШОҲМОТ

 

      19.06.2009.     Аз 20 июни соли равон дар Душанбе мусобиқа оид ба шоҳмот оғоз мегардад, ки он ба муносибати 26 июн - Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза зидди нашъамандӣ бахшида мешавад.

     Созмондиҳандаи ин чорабинӣ Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

      Чунин чорабинии варзишӣ-иттилоотӣ ба боло бурдани огоҳии аҳолӣ оиди зарари маводи мухаддир дар шакли амалиётҳои оммавӣ нигаронида шудааст. Чорабинӣ дар чорчӯбаи иҷрои «Барномаи пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва беҳтаркунии хизматрасонии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005 – 2010» таҳти № 113 аз 02.04.2005 ва «Барномаи давлатии умумии пешгирии нашъамандӣ ва мухолифат бар зидди қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2012», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри 2007 таҳти № 585 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.

      Ҳадафҳои асосии гузаронидани ин озмун: созмон додани маҷмӯи умумии чорабиниҳо оиди паст кардани болоравии сӯиистеъмоли маводи нашъадор, гардиши ғайриқонунии онҳо, кам кардани миқёси густариши нашъамандӣ, ҷиноятҳо ва қонунвайронкуниҳои вобаста ба онҳо, гузаронидани тарзи ҳаёти солим мебошанд.

     Аз ҷониби Вазорати тандурустӣ аз 18.05.2009 таҳти № 311 дар бораи ташкили чорабиниҳои гуногун бахшида ба ин рӯз қарор ба тасвиб расид. Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои гуногуни хусусияти пешгирӣ дошта дар шакли сӯҳбат, муҳокима, теле ва радиовикторина, намоишҳои театрикунонидашуда, инчунин бозиҳои варзишӣ ба нақша гирифта шудааст.

     Дар мусобиқа намояндагони зиёда 50 ташкилотҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои байналмиллалии бо масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ ва ВИЧ, воситаҳои ахбори омма корбаранда ширкат меварзанд.

      Мусобиқаи мазкур бо дастгирии молиявии Хазинаи глобалии мубориза зидди СПИД, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лоиҳаи ПОТЕНСИАЛ-и ЮСАИД баргузор карда мешавад.

      Аз рӯи маълумотҳои оморӣ оиди гирифторони нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин раванд рӯ ба поён оварда истодааст: масалан, дар соли 2007 - 8744 нафар ба қайд гирифта шуда бошанд, пас дар 1 июни соли 2009 ин миқдор ба 8243 нафар расидааст. Бо роҳҳои гузариши ВИЧ/СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нашъамандони аз сӯзандору вобастабуда 56,4% -и тамоми миқдори гирифторони ВИЧ-ро ташкил медиҳанд. Бо дарназардошти чунин маълумотҳо, чорабиниҳои оид ба пешгирии нашъамандӣ гузаронидашаванда барои паст кардани сатҳи сироятшавии ВИЧ/СПИД нақши муҳим мебозанд.

     Маълумот:      Соли 1987 Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид қарор қабул намуд, ки ҳар сол 26 июнро ҳамчун Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва қочоқи ғайриқонунии онҳо ҷашн намоянд, ки ин ҳамчун нишондоди изҳори ҷасорати худ барои пурзӯр намудани фаъолият ва ҳамкорӣ бо мақсади созмон додани ҷамъияти байналмиллалии аз сӯиистеъмоли маводи нашъаовар озод, инъикос гардид.
Қарори мазкур 7 декабри соли 1987 тибқи тавсияи конфронси Байналмиллалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва қочоқи ғайриқонунии он қабул карда шуд ва 26 июни соли 1987 нақшаи ҳамаҷонибаи фаъолияти ояндаи мухолифат бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъаовар қабул гардид..  


ТАШРИФИ КОРШИНОСИ ИТОЛИЁВӢ ГУЛИЕЛМО БЕРНАРДИ БА ДУШАНБЕ


      16.06.2009.        Дар доираи лоиҳаи минтақавии Оҷонсии байналмиллалӣ оид ба энергияи атомӣ (МАГАТЭ) RER 9/093 “Strengthening Radiological Protection of Patients and Medical Exposure Control” аз 15 то 20 июни соли ҷорӣ коршиноси МАГАТЭ ҷаноби Гулиелмо Бернарди ба ҷумҳурии мо ташриф ба амал меорад.

     Гулиелмо Бернарди соли таваллудаш 1952, шаҳрванди Италия буда ихтисосаш кардиолог аст. Маълумоти олии тиббӣ (1971-1977, Донишгоҳи шаҳри Триест, Италия) ва маълумоти баъдидипломӣ оиди кардиология (1980-1984, Донишгоҳи шаҳри Феррара, Италия) дорад. Муаллифи зиёда аз 60 рисолаҳои илмӣ дар соҳаи кардиологияи интервентсионӣ мебошад. Дар айни замон директори озмоишгоҳи клиникаи донишгоҳии шаҳри Удинеи Италия аст. Ғайр аз ихтисоси асосии кардиологи интервентсионӣ, ҷаноби Бернарди бо МАГАТЭ низ ҳамкории зич дошта, вазифаҳои гуногуни коршиносиро дар тамоми ҷаҳон иҷро менамояд.

     Ҳадафи асосии ин ташриф расонидани кӯмаки амалӣ оиди беҳгардонии муҳофизати беморон ва кормандони тиббӣ аз таъсири нурҳои ионӣ мебошад. Мавзеи расонидани чунин кӯмак - шӯъбаи дар ҷумҳурӣ ягонаи ҷарроҳии рентгеноэндоваскулярии (мудири шӯъба Баротов А.К.) Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина (директор – профессор Гулмуродов Т.Г.) аст.

     Дар ҷараёни ташрифи ҷаноби Бернарди муайяннамоии шароити радиатсионӣ дар шӯъбаи мазкур ҳангоми амалиётҳои интервентсионӣ, аз ҷумла – стентикунии артерияҳои коронарӣ ҳангоми бемориҳои ишемиявии дил ба нақша гирифта шудааст. Таҳияи маҷмӯи чорабиниҳо оиди кам кардани миқдори нур ҳам барои беморон ва ҳам барои кормандони тиб низ дар назар аст. Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2009-2010 оиди беҳгардонии шароити радиатсионӣ дар шӯъбаи ҷарроҳии рентгеноэндоваскулярӣ таҳия мегардад.
Ҳамчунин ҷаноби Бернарди барои мутахассисони соҳаи рентгенологияи тоҷик якчанд маърӯзаҳо хоҳад хонд. Масъалаҳои мубрами бехатарии радиатсионӣ ба монанди: таъсири нурҳои ионӣ ба организми инсон, нургирии кормандони тиббӣ ва воситаҳои муҳофизатӣ, муқаррароти меъёрҳои нургирии табобатгирандагон ва ғайра муҳокима карда мешаванд.

       Илова бар ин, аз ҷониби мутахассисони соҳаи ренгенология ва радиатсияи Тоҷикистон дар мавзӯъҳои «Санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муҳофизати радиатсионӣ» (М.Аҳмадов, Оҷонсии муҳофизати ядроӣ ва радиатсионии назди Академияи Улуми Ҷумҳурии Тоҷикистон), «Муҳофизати радиатсионии табобатгирандагон» (В.Шарипов, Ассотсиатсияи ташхисдиҳандагони нурии Тоҷикистон), «Вазъи муҳофизати радиатсионӣ ҳангоми амалиётҳои интервентсионӣ» (А.Баротов, Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина) намоишҳо пешниҳод карда мешаванд.


МАШВАРАТИ КОРӢ ОИДИ ПЕШГИРИИ НАШЪАМАНДӢ


     15.06.2009.      Имрз дар Душанбе машварати корӣ оид ба мавзӯи «Роҳҳои самараноки ҳамкории ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ дар пешгирии нашъамандӣ» баргузор мегардад.

     Чорабинии мазкур аз ҷониби Маркази миллии назорат ва пешгирии нашъамандии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

     Машварат дар арафаи доираи маъракаҳое, ки ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди нашъамандӣ бахшида шудаанд ва дар доираи Меморандум оид ба ҳусни тафоҳум, ки дар байни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯъбаи ташкилоти байналмиллалии Институти «Ҷамъияти кушода» - Бунёди мадад дар Тоҷикистон имзо шудааст, гузаронида мешавад.

    Ин чорабинӣ барои ҳалли масъалаҳои «Барномаи пешгирии паҳншавии нашъамандӣ ва беҳтаркунии хизматрасонии наркологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005 – 2010», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2005 тасдиқ шудааст ва «Барномаи давлатии умумии пешгирии нашъамандӣ ва мухолифат бар зидди қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008 – 2012», ки бо карори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007 тасдиқ шудааст, гузаронида мешавад.
Яке аз мақсадҳои асосии ин барнома – ташкил намудани маҷмӯаи умумии чораҳои кам кардани болоравии сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва гардиши ғайриқонунии онҳо, кам кардани миқёси паҳншавии нашъамандӣ ва вобаста ба он – қонунвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо, равона шудааст.

     Дар кори машварат намояндагони Вазорати тандурустӣ, Вазорати адлия, Оҷонсӣ оид ба назорати маводи нашъаовар, Вазорати маориф, шӯъбаҳои минтақавии марказҳои ВНМБ/АҒНМБ, ташкилотҳои ҷамъиятие, ки барои пешгирии нашъамандӣ ва ВНМБ фаъолият мекунанд ва созмонҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.

     Мақсади гузаронидани ин машварат – дида баромадани дастовардҳо, муайян кардани усулҳои фаъоли ҳамкорӣ ва ҳарифии иҷтимоӣ доир ба масъалаҳои пешгирии нашъамандӣ ва оқибатҳои он, инчунин муайян кардани афзалиятҳо барои оянда мебошад.

        Маълумот:       Соли 1987 Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид қарор қабул намуд, ки ҳар сол 26 июнро ҳамчун Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва қочоқи ғайриқонунии онҳо ҷашн намоянд, ки ин ҳамчун нишондоди изҳори ҷасорати худ барои пурзӯр намудани фаъолият ва ҳамкорӣ бо мақсади созмон додани ҷамъияти байналмиллалии аз сӯиистеъмоли маводи нашъаовар озод, инъикос гардид.
Қарори мазкур 7 декабри соли 1987 тибқи тавсияи конфронси Байналмиллалии мубориза бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъаовар ва қочоқи ғайриқонунии он қабул карда шуд ва 26 июни соли 1987 нақшаи ҳамаҷонибаи фаъолияти ояндаи мухолифат бар зидди сӯиистеъмоли маводи нашъаовар қабул гардид..  


САБҚАТИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ: «ХУН БО НОМИ ҲАЁТ»


       «Хун бо номи ҳаёт» - таҳти ин шиор рӯзи 13 июни соли 2009 бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва дастгирии барномаи мубориза бо ВИЧ/СПИД, сил ва вараҷа (ПРООН) бори аввал сабқати телевизионӣ гузаронида мешавад. Ин чорабинӣ бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун баргузор мегардад. Рӯзи умумиҷаҳонии донори хун ҳамчун иди ҳамасола аз тарафи вазирони тандурустии ҳамаи давлатҳои аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ассамблеяи Умумиҷаҳонӣ соли 2005 қабул гардидааст ва ҳар сол сафи давлатҳои аъзо ва миқдори чорабиниҳои дар ин давлатҳо гузаронидашаванда зиёд мегарданд. Ин ҷашн ба 14 июн - зодрӯзи олими бактериологи венагӣ, барандаи ҷоизаи Нобел - К.Ландштейнер, ки бори аввал ҷудошавии хунро ба гурӯҳҳо кашф кардааст, рост меояд. 

     Баргузории Рӯзи умумиҷаҳонии донори хунро ҳамчунин Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Федератсияи созмонҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Федератсияи умумиҷаҳонии созмонҳои донори хун ва Созмони умумиҷаҳонӣ оиди хунгузаронӣ ҳамоҳангсозӣ мекунанд.

       Хундиҳии мунтазам барои пешгирии бемориҳои системаи дилу раг фоиданок буда ба худэҳёшавии тамоми организм мувофиқат менамояд. Олимон аз шаҳри Куопиои Финландия 5 ҳазор мардонро муоина намуда, маълум карданд, ки шахсони мунтазам хунсупоранда ба сактаи қалб даҳҳо маротиба камтар гирифтор мешаванд. 

       Хундиҳӣ бевосита ба беҳшавии ҳолати ҳиссиётии одам таъсир мерасонад. Дар вазъиятҳои ҷиддӣ ба монанди ҳодисаҳои нохуш донор имконияти зиёдтари зинда монданро дорад, зеро организми ӯ ба талафи хун мутобиқ гардидааст. 

      Маркази ҷумҳуриявии илмии хуни Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи хоҳишмандонро барои ширкат варзидан ба сабқати телевизионӣ  дар нишонии кӯчаи Мирзо Турсунзода, 1 гузаргоҳи 16 даъват менамояд. Чузъҳои хуни дар ин руз супоридашаванда барои кӯмак расонидан ба беморони гемофилия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд.

                                                                                                                                                          Маркази матбуоти ВТ.


ШӮЪБАИ НАВ ДАР БЕМОРХОНАИ МАЧИТОН 


       12.09.2009.      Имрӯз дар беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии бемориҳои сил воқеъ дар шаҳраки «Шифо»-и ноҳияи Ваҳдат шӯъбаи нави табобати мултирезистентӣ (намуди ба дорувори зиддисилӣ мутобиқгаштаи сил) расман ба кор оғоз мекунад. 

      Дар назар аст, ки дар маросими кушодашавии он муовини вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов, сардори раёсати ташкили хазматрасониҳои тиббӣ Октам Бобохоҷаев, сардухтури беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии бемориҳои сил Саидаҳтам Рустамов, профессор Умринисо Сироҷиддинова, дигар мутахассисони варзидаи соҳа ва Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ширкат меварзанд. Қайд кардан лозим аст, ки барои кушода шудани ин шӯъба ҳам аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ва ҳам аз тарафи маблағгузорон саҳмгузорӣ шудааст. Бонки рушди Олмон барои ин 1,5 миллион евро ва Хазинаи глобалии СММ 250 000 доллари амрикоӣ ҷудо намуданд.

      Шӯъба дорои 80 кат буда, дар он бемороне бистарӣ карда мешаванд, ки гирифтори намуди сили ба доруворӣ мутобиқ мебошанд . Табобат дар он аз 6 моҳ то 1 сол давом намуда, ду давраро дар бар мегирад.

Маркази матбуоти ВТ


НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДУШАНБЕ

     10.06.2009.     Имрӯз дар толори Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи Хазинаи Кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) конференсияи матбуотӣ баргузор гашт.

      Дар конференсияи матбуотӣ муовини вазири тандурустӣ Аъзам Мирзоев, сардори намояндагии Хазинаи Кӯдакони Созмони Миллали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) хонум Ҳонгвей Гао, сардори раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оила Шералӣ Раҳматуллоев, сарварони марказҳои профилактикӣ, мутахассисони варзидаи соҳа иштирок намуданд.

    Дар нишасти матбуотӣ мавзӯъҳои «Тақсими ғилофакҳои витамини А» ва «Бегиҷҷагардонии кӯдакон» муҳокима гардиданд.

    Дар чорчӯбаи ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо тақсимоти ғилофакҳои витамини А дар байни кӯдакони синни аз 6 то 72 моҳа ва бегиҷҷагардонии кӯдакони синни аз 24 то 72 моҳа саҳми муҳимро мебозанд. Аз аз ин лиҳоз аз 10-ум то 20 июни соли 2009 дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ давраи навбатии тақсимоти ғилофакҳои витамини А дар байни кӯдакони синни аз 6 то 72 моҳа ва бегиҷҷагардонии кӯдакони синни аз 24 то 72 моҳа дар назди муассисаҳои тиббӣ - профилактикӣ, таҳти назорати бевоситаи роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ гузаронида мешавад.

       Мувофиқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ аз сабаби норасоии витамини А ҳар сол аз 250 то 500 ҳазор кӯдакон пурра ё қисман биноиашонро гум мекунанд,. Норасоии витамини А қобилияти системаи муҳофизати бадан, афзоиши ҷисмонии кӯдакро суст намуда, вазифаҳои меъдаю рӯда ва роҳҳои нафасгириро вайрон мекунад. Муайян карда шудааст, ки аз байн бурдани норасоии витамини А, метавонад миқдори фавти умӯмии кӯдаконро то 23%, аз бемории сурхча то 50% ва аз дарунравӣ то 33% паст кунад.

     Гиҷҷаҳо (гелминтҳо) – ин гурӯҳи бемориҳое мебошанд, ки онҳоро кирмҳои бисёрҳуҷайра (кирмҳои рӯда) ба вуҷуд меоранд. Ба гурӯҳи бемориҳои кирми рӯда мансуб мебошанд: аскаридоз (гиҷҷаи лунда), трихосефаллез (муякча), гименолипедоз (кирми хурди тасмашакл), энтерабиоз (кирмҳои хурди сафедчатоб), тениаринхоз (кирми калони тасмашакл то 12 метр) ва дигар намудҳо вале намудҳои дар боло қайдгардида бештар дар ҷумҳурии мо вомехӯранд.

      Гиҷҷаҳо тавассути истеъмоли оби ноҷӯшонидашуда ва дастони ифлосу хӯрокаҳое, ки дар ҷои ифлос истеъмол мешаванд, меваю сабзавоти ношуста ба бадани инсон ворид мегарданд ва бо риоя намудани оддитарин қоидаҳои санитарию гигиенӣ инсон метавонад худ ва аъзоёни оилаашро аз сирояти ин беморӣ ҳимоят намояд.

       Дар ин даҳа, яъне гузаронидани давраи навбатии тақсимоти витамини А ва бегиҷҷагардонии кӯдакон саҳми Хазинаи кӯдакони СММ – ЮНИСЕФ назаррас мебошад. Барои гузаронидани ин маърака аз тарафи ЮНИСЕФ доруи «Албендазол» ба миқдори 601023 ҳаб, витамини А бо вояи 200000 МЕ ба миқдори 766000 ғилофак ва витамини А бо вояи 100000 МЕ ба миқдори 95500 ғилофак харидоришуда ба тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.

       Дар рафти нишасти матбуотӣ мутахассисон ба суолҳои хабарнигорони дохиливу хориҷӣ посух доданд.

 

                                                                                                                                                        Маркази матбуоти ВТ


АНҶУМАНИ II СТОМАТОЛОГОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДУШАНБЕ


     08.06.2009.     Имрӯз Анҷумани II стоматологони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Душанбе, дар «Кохи Ваҳдат» ба кори худ шурӯъ намуд, ки он бо ибтикори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ассотсиатсияи стоматологҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии «Стоматология», ширкатҳои бузурги стоматологӣ баргузор мегардад. Дар кори Анҷуман зиёда аз 500 нафар меҳмонону иштирокчиён, аз он ҷумла мутахассисони варзидаи соҳа аз давлатҳои хориҷӣ ба монанди Италия, Полша, Олмон, Украина, Русия ва давлатҳои муштаракулманофеъ ширкат меварзанд.

     Дар доираи Анҷуман ширкатҳои бузурги стоматологӣ маҳсулот ва техникаи худро дар Намоишгоҳи байналмиллалии соҳавии стоматологӣ муаррифӣ менамоянд.

    Ҳадаф аз гузаронидани Анҷуман муҳокимаи масъалаҳои мубрами соҳаи стоматология, ба монанди гузаронидани мастер-классҳо оиди услубҳои ҳозиразамони эндодонтия, эҳёкунӣ бо истифода аз маводи композитҳо, таҷрибаомӯзӣ барои устоҳои дандон оиди металлокерамика, услубҳои ҷарроҳӣ барои кӯдакони навзод ва то 2 солаи гирифтори нуқсҳои лаб ва ком мебошад. Инчунин гузаронидани симпозиум бахшида ба проблемаи сафедкунии дандонҳо дар назар аст.

     Дар кори Анҷуман муовини вазири тандурустии мамлакат Аъзам Мирзоев, мудири шўъбаи тандурустӣ, занон ва оилаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева иштирок ва баромад намуданд.

     Анҷуман пагоҳ кори худро идома медиҳад.

                                                                                                                                                            Маркази матбуоти ВТ


СОЛИМИИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН ТАҲТИ НАЗОРАТ


     05.06.2009.    Таъмини сатҳ ва сифати саломатии кўдакон, аз ҷумла паст кардани нишондиҳандаи фавт ва беморшавии онҳо яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи имрўзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

     Далели гуфтаҳои боло, дар вазифаи 5-уми мақсади 4-уми Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола, ки заминаи асосии таҳия ва қабули cтратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва стратегияи рушди миллӣ гардидааст, нишон дода шуда, дар назди ҷомеаи Тоҷикистон вазифагузорӣ карда шудааст, ки бояд дар давраи то соли 2015 фавт дар миёни кўдакони то 5 сола аз се ду ҳисса кам карда шавад.

     Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои кўмакрасон ба монанди Хазинаи кўдакони СММ, Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Наҷоти кўдакон, Хазинаи Оғохон ва дигар ташкилотҳо, оиди беҳдошти саломатии модарону кўдакон як қатор чорабиниҳоро амалӣ карда истодаанд.  
     Дар чорчӯбаи ташкил ва гузаронидани ин чорабиниҳо инчунин тақсимоти ғилофакҳои витамини А дар байни кӯдакони синни аз 6 то 72 моҳа ва бегиҷҷагардонии кӯдакони синни аз 24 то 72 моҳа саҳми муҳимро мебозанд. Аз аз ин лиҳоз аз 10-ум то 20 июни соли 2009 дар тамоми вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ давраи навбатии тақсимоти ғилофакҳои витамини А дар байни кӯдакони синни аз 6 то 72 моҳа ва бегиҷҷагардонии кӯдакони синни аз 24 то 72 моҳа дар назди муассисаҳои тиббӣ - профилактикӣ, таҳти назорати бевоситаи роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ гузаронида мешавад.  

     Истифодабарии мақсадноки витамини А махсусан дар байни кӯдакон метавонад биноӣ (шабона, рӯзона ва ранга), мустаҳкамшавии бофтаҳои рӯйпӯш, ситемаи муҳофизати бадан (сироятнопазирӣ), афзоиш ва инкишофи дурусти бадан ва пайдоиши ҳуҷайраҳои сурхи хунро дар кӯдакон, ки аз камхунӣ муҳофизат менамоянд, баланд бардорад.

     Мутаассифона дар давоми 3-моҳи баъд аз ба дунё омадани тифлакон, захираи витамини А, ки дар давоми 3 моҳи охири дохилибатнӣ будан, дар ҷигари онҳо ба вуҷуд меояд, тамом мешавад. Аз ҳамин лиҳоз баъди таваллуд барои занҳо дар муддати 40 рӯз истифодаи як ғилофаки намуди сурхи витамини А (200 000 «МЕ») аз аҳамият холӣ набуда, он тавассути ширмакконӣ кӯдаконро то синни 6 моҳагӣ аз норасоии витамини А эмин медорад.

     Гиҷҷаҳо (гелминтҳо) – ин гурӯҳи бемориҳое мебошанд, ки онҳоро кирмҳои бисёрҳуҷайра (кирмҳои рӯда) ба вуҷуд меоранд. Ба гурӯҳи бемориҳои кирми рӯда мансуб мебошанд: аскаридоз (гиҷҷаи лунда), трихосефаллез (мӯякча), гименолипедоз (кирми хурди тасмашакл), энтерабиоз (кирмҳои хурди сафедчатоб), тениаринхоз (кирми калони тасмашакл то 12 метр) ва дигар намудҳо. Намудҳои дар боло қайдгардида бештар дар ҷумҳурии мо вомехӯранд.

     Гиҷҷаҳо тавассути истеъмоли оби ноҷӯшонидашуда ва дастони ифлосу хӯрокаҳое, ки дар ҷои ифлос истеъмол мешаванд, меваю сабзавоти ношуста ба бадани инсон ворид мегарданд ва бо риоя намудани оддитарин қоидаҳои санитарию гигиенӣ инсон метавонад худ ва аъзоёни оилаашро аз сирояти ин беморӣ ҳимоят намояд.

     Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ба ҳамаи зерсохторҳо ва роҳбарони муассисаҳои тандурустии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо фармони №326 аз 22 майи соли 2009, супориш доааст, ки даври навбатии тақсимоти ғилофакҳои витамини А дар байни кӯдакони синни аз 6 то 72 моҳа ва бегиҷҷагардонии кӯдакони синни аз 24 то 72 моҳаро дар сатҳи баланди масъулиятшиносӣ гузаронанд.

     Аз падару модарон даъват мешавад, ки дар ин маърака, ки бо сайъу кӯшиши кормандони соҳаи тандурустӣ гузаронида мешавад, фаъолона иштирок намуда, саҳми худро дар солимгардонии фарзандонашон гузоранд. 

                                                                                                                                                    Маркази матбуоти ВТ.


КОНФЕРЕНСИЯИ «ТАҶДИДИ СОХТОРИ БЕМОРХОНАҲО БАРОИ СОЛҲОИ 2006-2010»


     05.06.09.        Имрӯз дар толори маҷлисҳои бинои СЭС конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006-2010» бо иштироки мутахассисони соҳа аз раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, беморхонаҳои марказии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

        Конференсияро Вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Салимов бо сухани муқаддимавӣ кушод.
 Иштирокчиён дар мавзӯъҳои таҷдиди сохтори беморхонаҳои кӯдакона, таваллудӣ, бемориҳои сил, бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул, таълими баъдидипломии мутахассисони сохтори госпиталӣ, амалигардонии Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006-2010, таҷдиди сохтори госпиталӣ мърӯзаҳо шунида, дар атрофи ин масоил мубодилаи афкор доир карда, лоиҳаи қарорро қабул намуданд.

       Пагоҳ иштирокчиёни конференсия ба ноҳияи Шаҳринав ва боздиди муассисаҳои соҳаи тандурустӣ сафар хоҳанд кард.  

                                                                                                                                                          Маркази матбуоти ВТ.

 

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМИЮ АМАЛӢ ДАР ДУШАНБЕ


   03.06.2009.    Бо иқдоми Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-6 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе конфронси илмию амалӣ дар мавзӯи «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006-2010» доир мегардад. Фармон дар бораи гузаронидани ин чорабинӣ аз тарафи Вазири тандурстии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов аз 25 майи соли равон ба тасвиб расид.

         Бояд тазаккур дод, ки дар конфоронси мазкур мутахассисони соҳа аз раёсатҳои тандурустии шаҳри Душанбе, ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, беморхонаҳои марказии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок хоҳанд намуд.

        Конференсияи илмию амалӣ дар мавзӯи «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006-2010» бо кӯмаки амалӣ ва ва маблағгузории Маркази Идораи Лоиҳа оид ба ислоҳоти соҳаи тандурустии Тоҷикистон (БОР) доир мегардад.

       Дар назар аст, ки дар конфронс Вазири тандурустии мамлакат Нусратулло Салимов, коршиносону мутахассисон аз созмонҳои байналмиллалӣ ширкат хоҳанд варзид.

                                                                                                                                                             Маркази матбуоти ВТ.
 

МУКОФОТОНИИ ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ «МОДАРИ БЕҲТАРИН»


     29 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе Сардори Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Абумуслим Темуров, намояндаи Кумитаи оид ба корҳои зан ва оила назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қимматгул Алибердиева ва намояндаи Агентии Байналхалқии Рушди Амрико (USAID) ба ғолибони озмуни дуюми ҳарсолаи «Модари беҳтарин» бахшида ба рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон мукофотҳо супориданд.

     Дар озмуне, ки дар якҷоягӣ аз тарафи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва лоиҳаи USAID ЗдравПлюс ташкил шуда буд, аз миёни 5000 иштироккунандагон модари беҳтарин интихоб шудааст. Дар рафти озмун оид ба масъалаҳои тансиҳатии кӯдак, аз ҷумла эмкунӣ, дарунравӣ, бемориҳои шадиди роҳҳои нафас, синамаконӣ, бемории сил, инкишофи равонию ҷисмонӣ дониши модарон муайян карда шуд.

      Шоира Раҳимҷонова, Нигина Сатторова, ва Озода Акрамова ғолибони озмун дониста шуданд. Доктор Темуров шахсан ғолибони интихобгаштаро ба муносибати гирифтани дониши беҳтарини масъалаҳои тансиҳатии кӯдакон табрик намуд. «Кӯдакони шумо ва ҷомеаи шумо аз дониши чунин модарон баҳра мегиранд», гуфт ӯ.

      Озмун кӯшишҳои Раёсати тандурустии шаҳри Душанберо дар соҳаи баланд бардоштани дониши аҳолӣ оид ба тибби оилавӣ ва таъсири он ба рушди тандурустӣ дастгирӣ намуд. Мақсади озмун - ба одамон фаҳмондадиҳии моҳияти истифодаи иттилоот ва масъулияти онҳо барои саломатии худ буд. Озмун инчунин Вазорати тандурустиро барои ривоҷу равнақи тибби оилавӣ, ки яке аз равандҳои самаранок дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ мебошад, дастгирӣ намуд.  

      Озмуни 20 апрели соли 2009 эълон шуда дар 2 марҳила гузашт ва 29 майи соли 2009 анҷом ёфт. Даври аввал дар сатҳи марказҳои саломатӣ, ки дар он 14 марказ иштирок доштанд, гузаронида шуд. Ғолибони даври аввал барои иштирок намудан дар озмуни шаҳрӣ имконият пайдо намуданд. Беш аз 5000 модарон, ки кӯдакони синни то 5 сола доштанд, дар ин озмун иштирок намуданд. Аз миёни онҳо 14 нафар модари беҳтарин интихоб гардиданд. 

      Лоиҳаи USAID ЗдравПлюс яке аз барномаҳои USAID мебошад, ки аз тарафи давлати ИМА ва мардуми он дастгирӣ карда мешавад. Аз соли 1993 мардуми ИМА ба воситаи USAID зиёда аз 300 миллион доллар барои рушди иқтисод, институтҳои демократӣ, соҳаи тандурустӣ ва маориф маблағгузорӣ кардааст.


Нигина Алиева
корманди сафоратхонаи Амрико
дар Точикистон


СЕМИНАР ОИДИ «ҲАДАФҲОИ РУШДИ ҲАЗОРСОЛА»


      02.06.2009.    Дирӯз бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои байналмиллалии IPPF, TFPA (Алянси банақшагирии оила дар Тоҷикистон) семинар-машварати банақшагирии дурнамо оид ба адвокатсия дар мавзӯи «Вазифаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалигардонии ҳадафҳои чорум ва панҷуми барномаи «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола» барпо гардид. Дар кори семинар мудири шӯъбаи тандурустӣ оид ба масъалаҳои занон ва оилаи Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева, раиси Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила, тандурустӣ ва экогологияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳбуба Нуриддинова, муовини аввали вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова иштирок ва суханронӣ намуданд.

        Бо мақсади ҳалли масъалаҳои глобалии башарият СММ барномаеро таҳти унвони «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола» қабул намуд. «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола» барнома оиди мубориза зидди фақр ва умуман боло бурдани сатҳи зиндагӣ буда, дар маҷмӯъ 8 ҳадаф дорад. Барои ҳар як ҳадаф вазифаҳои алоҳида ва нишондиҳандаҳои миқдорӣ муайян гардидааст, дар асоси онҳо оиди дараҷаи дастовардҳои барнома хулосабарорӣ карда мешавад. Барнома соли 2000-ум аз тарафи 147 сарвари давлат ва 189 намояндаи кишварҳои дунё қабул гардидааст.

       Дар семинар-машварат ҳадафҳои чорум ва панҷуми барномаи «Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола» ва корҳои то имрӯз баанҷомрасида дар ин самт баррасӣ гардиданд. Ҳадафҳои чорум ва панҷуми барномаи «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола» паст кардани сатҳи фавти кӯдакон ва беҳсозии ҳифзи модарон мебошад.

     Таъкид гардид, ки сатҳи фавти навзодон ва модарон ҳанӯз баланд буда, яке аз масъалаҳои ҳалталаби Вазорати тандурустӣ ва шарикони он мебошад. Аз ин рӯ дар ин ҷода якчанд шарикони байналмиллалӣ ба монанди Хазинаи Кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), СУТ (ВОЗ), UNFPA ва GTZ дар ин ҷода ба кишвари мо кӯмак мерасонанд. Ҳамчунин дар он масъалаҳо оиди ҳуқуқҳо ва саломатии репродуктивӣ ва амалигардонии онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

      Дар машварат мутахассисон аз вазоратҳои тандурустӣ ва молия, инчунин мутахассисон ва коршиносони хориҷӣ ширкат варзида баромадҳо карданд. Семинар худи ҳамон рӯз кори худро ба анҷом расонид.

                                                                                                                                                     Маркази матбуоти ВТ.



МОДАРИ БОМАЪРИФАТ ГАРАВИ САЛОМАТИИ КӮДАК АСТ

        29.05.2009.    Бо ибтикори Маркази шаҳрии тибби оилавӣ дар ҳамдастӣ бо Маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона ва дастгирии Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин модари соли 2009» гузаронида шуд, ки аз тарафи ташкилоти ЗдравПлюс дастгирӣ ва маблағгузорӣ гардид.
Ҳадаф аз гузаронидани чунин озмун – баҳодиҳӣ ба фаъолияти духтурон ва ҳамшираҳои тибби оилавӣ оиди баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии тиббӣ ва иттилоотии модарон дар бахши Ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона мебошад.

         Бо мақсади дар сатҳи Марказҳои саломатии шаҳрӣ гузаронидани озмун моҳи апрели соли равон бо фармони Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе Оинномаи озмун тасдиқ карда шуда буд. 

         Тавре ки директори Маркази шаҳрии тибби оилавӣ Абдуллоева Фирӯза изҳор дошт, - озмун дар ду марҳила гузаронида шуда, дар даври аввал 131 нафар ва дар даври хотимавӣ 14 нафар модарон иштирок намуда, донишу малакаи худро оиди пешгирии бемориҳои кӯдакона намоиш доданд. 

          Дар даври ниҳоӣ се нафар довталабон – Шоира Раҳимҷонова аз МСШ №1, Нигина Сатторова аз МСШ №12 ва Озода Акрамова аз МСШ №2 ғолиб омаданд. Ғолибони озмун ва ҳамаи иштирокчиён бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

                                                                                                                                                       Маркази матбуоти ВТ.

АВВАЛИН АНҶУМАНИ ОСЕБШИНОСОН ВА РАДДОДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


     28.05.2009.     29 майи соли 2009 дар Кохи Ваҳдат Анҷумани 1 осебшиносон ва раддодони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

      Барои иҷрои саривақтии чорабиниҳо Кумитаи тадорукотии Анҷуман созмон дода шуд, ки раисии онро Вазири тандурустии мамлакат Н.Салимов бар ӯҳда дорад. 

      Анҷуман бо ибтикори Вазорати тандурустии мамлакат, Маркази ҷумҳуриявии клиникии осебшиносӣ ва раддодӣ, Маркази ҷумҳуриявии патологияи сутунмӯҳра ва дастгирии ҶШК «Гедеон Рихтер», «Никомед», LTD «WORLD MEDICINE», Lek, Ratapharm баргузор мегардад.

     Дар назар аст, ки аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ 150 нафар иштирокчиён дар ин Анҷуман ширкат варзида мавзӯъҳои ташкили хизматрасонии махсусгардонидашуда ба беморони осебдида ва раддодӣ, усулҳои ҳозиразамони ташхис ва табобат дар раддодӣ, масъалаҳои мубрами ҷарроҳии осебҳо, усулҳои ҳозирзамони табобати омосҳои хушсифат, бемориҳои дистрофикӣ ва диспластикии устухон, хатогиҳо ва оризаҳо дар осебшиносӣ-раддодӣ ва ҷарроҳиро муҳокима менамоянд ва дар атрофи ин масоил мубодилаи афкор барпо менамоянд.

      Дар рӯзҳои кори Анҷумани осебшиносон-раддодони Тоҷикистон дар толори намоишҳои «Кохи Ваҳдат» намоиши таҷҳизоти тиббӣ ва маҳсулоти фармасевтии корхонаҳои ватаниву хориҷӣ ташкил карда мешавад.

                                                                                                                                                 Маркази матбуоти ВТ.



САФАРИ ГУРӮҲИ КОРӢ БА ХУРОСОН


      27.05.2009.     Гурӯҳи кории Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолии дар натиҷаи боронҳои пай дар паи шадид зарардидаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сафарбар карда шуд. Гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии сардори шӯъбаи хизматрасонии госпиталӣ, номзади илмҳои тиб Сафар Сайфуддинов иборат аз 17 нафар мутахассисони силшинос, бемориҳои чашм, асаб, гӯшу гулӯ ва бинӣ, пӯст, атфол, гурда, ҷоғар, амрози занона, фавқулсадо, сабти барқии кори дил, мутахассиси озмоишгоҳ, мутахассиси ташхисгоҳи флюорографӣ ба назди зарардидагон омаданд.

      Мақсади гузаронидани чунин сафарбаркунӣ аз муоинаи пурраи тиббӣ гузаронидани мардуми зарардида барои пешгирии хурӯҷи бемориҳои сирояткунанда ва сари вақт расонидани кӯмаки тиббӣ ба эҳтиёҷмандон мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки ҳамаи ин хизматрасониҳо ва кӯмаки тиббӣ ба эҳтиёҷмандон ройгон аст.

     Зарардидагон дар ду шаҳраки хаймавӣ ҷойгир шудаанд. Дар шаҳраки хаймагии якум, ки дар дохили корхонаи пахтатозакунии ноҳия мавқеъ дорад, мардум дар 320 хайма ҷойгир шуда буданд, дар шаҳраки дуюм, (воқеъ дар варзишгоҳи ноҳиявӣ) миқдори хаймаҳо ба 200 мерасид. 

    Дар мавзеи маскунии зарардидагон бунгоҳҳои шабонарӯзӣ амал мекунанд ва табибони навбатдор ҳамеша дар пайи расонидани хизмат ба мардуми мӯҳтоҷ мебошанд. Табибон аз Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим бо мардум оиди бемориҳои сирояткунанда корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда истодаанд. 

    Дар ин шаҳракҳо тамоми мутахассисони сафарбаршуда, ки қисми зиёдашонро табибон аз Маркази миллии тиббӣ ташкил медоданд, кӯшиш карданд, ки аз рӯи имкон ба ҳамаи эҳтиёҷмандон кӯмак расонанд.
Ҳамчунин дар ин рӯз Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов аз ҳоли зарардидагон ва рафти корҳои хизматрасонии тиббӣ дидан кард.

     Дар ин рӯз умуман зиёда аз 900 нафар мардуми аз офати табиӣ зарардидаи Хуросон ба табибон муроҷиат карданд, беш аз 150 нафар аз ташхисгоҳи флюорографӣ, 90 нафар аз ташхиси фавқулсадоӣ ва 85 нафар аз ташхиси барқии кори дил гузаштанд. 

    - Хушбахтона, ягон нафар гирифтори бемориҳои сирояткунанда ба мушоҳида нарасид, - хабар дод Сафар Сайфуддинов.


                                                                                                                                             Маркази матбуоти ВТ


КӮДАКОНИ ЗАРАРДИДАИ ХУРОСОН БА ИСТИРОҲАТГОҲИ «ҲУШЁРӢ» ФИРИСТОНИДА МЕШАВАНД

26.05.2009.      Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов 26 май фармонеро оид ба расонидани кӯмак ба кӯдакони аз офати табиӣ зарардидаи Хуросон ба тасвиб расонид. Тибқи ин фармон аз 1-уми июни соли равон 60 нафар кӯдакон аз оилаҳое, ки дар вақти офати табиӣ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон зарар дидаанд, барои табобат ба истироҳатгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи кардиоревматологии «Ҳушёрӣ» фиристонида мешаванд.

     Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Бузмаков Ш.М. ва сартабиби Санаторияи ҷумҳуриявии кӯдаконаи кардиоревматологии «Ҳушёрӣ» Файзуллоев А. вазифадор гардиданд барои фиристодан ва қабули кӯдакон шароитҳо фароҳам оварда, тадбиру чораҳои зарурӣ андешанд. 

       Кӯдакон дар ин истироҳатгоҳ як моҳ истироҳат хоҳанд кард.

                                                                                                                                                          Маркази матбуоти ВТ



ДАР РУСИЯ БЕМОРИ ЗУКОМИ A/H1N1БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД


25.05.2009.      Тибқи маълумоти расмии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар санаи то 25-юми майи соли 2009 ҳодисаҳои бемории барангезандаашон вируси қобилияташ баланди сироятноки зукоми A/H1N1 дар 44 давлати ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. Ба тариқи лабораторӣ 12 043 ҳодисаи сироят тасдиқ гардидааст, ки аз онҳо 86 нафар фавтидаанд. Коршиносон бар он ақидаанд, ки беморӣ ҳоло ҳам дар зинаи 5-уми хатари паҳншавӣ мебошад.  

      Ду нафар шахси ба зукоми А гирифторгардида ба қарибӣ дар давлати Русия низ ба қайд гирифта шуд. 
Яке аз онҳо бемор М. – шаҳрванди Русия буда, ба ватанаш аз шаҳри Ню-Йорки Амрико баргаштааст. Дар ИМА ӯ дар муддати якчанд моҳ зиндагӣ карда, дар Донишгоҳи Ню-Йорк дарс мегуфт.

     Аломатҳои беморӣ баъди ду рӯз, 20-уми май пайдо шуданд ва бемор шаби 21-уми май дар касалхонаи касалиҳои сироятӣ бистарӣ гардонида шуд. Диагноз ба воситаи истифодаи тестҳои махсус тасдиқ гардид. Дар айни замон ҳолати бемор қаноатбахш буда, ҳарорат мӯътадил аст ва барои ҳаёт хатар мавҷуд нест. Вазъият таҳти назорат қарор дорад.

     Дар Тоҷикистон низ чораҳои омодабош баҳри пешгирии сар задани бемории зукоми A/H1N1татбиқ карда мешаванд. То ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бемори зукоми A/H1N1 ба қайд гирифта нашудааст.


                                                                                                                                                 Маркази матбуоти ВТ

 

 

БАРОИ КӮДАКОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ ДИАБЕТИ ҚАНД ИСТИРОҲАТГОҲИ ТОБИСТОНА ТАШКИЛ ГАРДИД

    Бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ дар ҳамҷоягӣ бо ташкилоти байналмиллалии «Оперейшен Мерси дар Тоҷикистон» аз 25 майи соли 2009 дар фароғатгоҳи «Сангчашма» (дар мавзеи Шоҳамбарӣ) барои 20 нафар кӯдакони гирифтори бемории диабети қанд истироҳатгоҳи якҳафтаинаи тобистона ташкил гардид.

      Кормандони Маркази шаҳрии эндокринологӣ - табиб Қӯзибоев К. ва ҳамшираи тиб Давлатова М. бо кӯдакон машғулиятҳои «Мактаби саломатии бемори диабети қанд»-ро мегузаронанд. Онҳо ба кӯдакон тарзи дурусти истифодаи глюкометр (дастгоҳ барои фавран муайян кардани қанди хун)-ро таълим медиҳанд, машқҳои варзишии заруриро барои нигоҳдории саломатиашон меомӯзонанд.

      Барои кӯдакон хӯроки 6 вақтаи парҳезӣ ташкил гардида, онҳо бо барномаҳои таълимӣ, фароғатӣ, бозиҳои серҳаракат фаро гирифта шудаанд.

      Истироҳатгоҳи тобистона на танҳо кӯдаконро тандуруст мегардонад, балки онҳоро барои аз ҷиҳати иҷтимоӣ мувофиқат кардан бо диабетро меомӯзонад.

      Соли 2008-ум низ ҳамин гуна истироҳатгоҳ барои 25 нафар кӯдакон ташкил шуда, аз тарафи волидон ва кӯдакони гирифтори диабети қанд мақбул гардида буд.

                                                                                                                                                      Маркази матбуоти ВТ

 

ИҶЛОСИЯИ ШАСТУ ДУЮМИ АССАМБЛЕЯИ УМУМИҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ

24.05.2009.   Чанде пеш дар Қасри Миллати шаҳри Женева иҷлосияи шасту дуюми Ассамблеяи Умумиҷаҳонии Тандурустӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон - Вазири тандурустии ҷумҳурӣ Н.Салимов ва мудири шӯъбаи робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон И.Бандаев иштирок намуданд.

     Дар рафти иҷлосияи панҷрӯза намояндагони 193 давлати ҷаҳон масъалаҳои тандурустии умумиҷаҳониро муҳокима намуданд. Мавзӯи асосии иҷлосияи Ассамблея масъалаи доғи рӯз - мушкилоти мубориза бо вируси нави зукоми А/H1N1 гардид.

         Намояндагони давлатҳои аврупоии аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ инчунин Лоиҳаи буҷаи барномавӣ барои солҳои 2010-2011, масоили маъмурӣ ва идораи Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустиро муҳокима намуда, оиди самтҳои асосӣ ва натиҷаҳои кори Бюрои минтақавии аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, кори кумитаи доимии минтақавии аврупоӣ, ёрии аввалияи тиббию санитарӣ дар ҳамбастагӣ бо мустаҳкамгардонии сохтори тандурустӣ маърӯзаҳо шуниданд.

      Ширкаткунандагон дар атрофи мавзӯи «Таъсири бӯҳрони молиявӣ ба тандурустии глобалӣ» дар машваратҳои байнииҷлосиявӣ мубодилаи афкор намуданд.

         Иҷлосияи 62-юми Ассамблеяи Умумиҷаҳонии Тандурустӣ 22 май кори худро ба анҷом расонид.

     Дар баробари ин, вохӯрии ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони вазоратҳои тандурустии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Яман, Ҷумҳурии Белорус ва роҳбарияти Бюрои минтақавии аврупоии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ баргузор гардиданд.

    Дар рафти вохӯриҳо даъвати расмӣ ҷиҳати анҷом додани сафари  намояндагони вазоратҳои тандурустии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Яман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён омад ва дар натиҷа онҳо дар нимаи дуюми соли ҷорӣ амалӣ гардонда мешаванд. Бо ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Белорус оиди тайёр намудани мутахассисон ва такмили ихтисоси кормандон дар бахши ҷарроҳии қалб, иваз намудани узвҳои одам (трансплантология) ва дигар равандҳои тибби муосир мувофиқа ба даст омад.

    Дар вохӯрӣ бо намояндагони Бюрои минтақавии аврупоии Созмони Умумиҷҳонии Тандурустӣ дурнамои ҳамкориҳои минбаъда, таъсири бӯҳрони молиявӣ ба соҳаи тандурустии Тоҷикистон, пешгирии бемории зуком ва механизми татбиқи грантҳои даври 8-уми Хазинаи Глобалӣ баррасӣ карда шуданд.

                                                                                                                                                         Маркази матбуоти ВТ

 

АНҶУМАНИ АВВАЛИНИ СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКИСТОН ВА АРАБИСТОНИ САУДӢ

  22.05.2009.      Анҷумани аввалини соҳибкорони Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ барпо гардид, ки дар кори он муовини авали вазири тандурустии мамлакат Саида Ҷобирова иштирок дошт. Ҳамчунин аз ҷониби Арабистони Саудӣ доктор Юсуф АлОрайни – менҷери ширкати дорубарории «Deef-pharmaceutical Industries Co» ва доктор Алӣ Таҳер АлҶаноубӣ - мутахассис оиди саноат, саёҳат, маъдан ва хизматрасонии тиббӣ ширкат варзиданд.

      Дар Анҷуман Вазорати тандурустӣ аз 30 лоиҳаи саҳмгузории (инвеститсионӣ) таҳияшуда якчанд лоиҳаро пешкаши соҳибкорони Арабистони Саудӣ намуд. 

     Тарафи Арабистони Саудӣ ба лоиҳаи инвеститсионии «Референс –лаборатория» таваҷҷӯҳи махсус изҳор намуд.

     Инчунин дар Анҷуман масъалаҳои бақайдгирии маводи доруворӣ, кушодани намояндагии ширкатҳои дорубарорӣ, миқдори муассисаҳои фармасевтии кишвар ва дигар масоили маъмурӣ муҳокима карда шуд. 
Доктор Юсуф Ал Орайнӣ дар бораи дар Тоҷикистон созмон додани корхонаи муштарак оиди истеҳсоли маводи доруворӣ бо ширкатҳои хусусии тоҷикистонӣ таклиф пешниҳод намуд.

     Дар худи ҳамон рӯз Анҷумани аввалини соҳибкорони Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба кори худ хотима бахшид.

                                                                                                                                                        Маркази матбуоти ВТ.


ДАР ДУШАНБЕ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ГУРЎҲИ КОРӢ ОИД БА ТАНЗИМ ДАРОВАРДАНИ КЎМАКИ ТИББӢ БАРГУЗОР ШУД

15.05.2009.        Бо мақсади гузаронидани ҷаласаи навбатии гурўҳи корӣ оид ба танзим даровардани кўмаки тиббию санитарӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё Вазорати тандурустии мамлакат Кумитаи тадорукот созмон дод. 

      Кумитаи тадорукот оид ба гузаронидани ҷаласаи навбатии гурўҳи корӣ оид ба танзим даровардани кўмаки тиббию санитарӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё мунтазам машваратҳои ҳамоҳангсозии худро баргузор намуда истодааст.
Ҷаласаи навбатии гурўҳи корӣ оид ба ҳамкориҳо ҷиҳати расонидани кўмаки тиббӣ ба муҳоҷирони меҳнатии Шўрои тандурустии Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё 15 майи соли равон дар шаҳри Душанбе барпо гардид. Дар он якчанд масъалаҳо, аз ҷумла, ташкили таҳияи Эъломия оиди баэътиборгирии шаҳодатномаҳои тиббии муҳоҷирон дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодӣ, муайян намудани номгўи муассисаҳои давлатии тиббии масъул ба додани шаҳодатномаҳо, мувофиқаҳо оиди ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ба муҳокима расид. 

      Дар кори он муовини вазири тандурустии ҷумҳурӣ С.Раҳмонов, намояндагони Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё ширкат намуданд. 

     Ҷаласаи гурўҳи корӣ аз ҷониби Барномаи Рушди Созмони Миллали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда шуд.

                                                                                                                                                      Маркази матбуоти ВТ 


САММИТ ОИД БА ТИББИ ОИЛАВӢ

12.05.2009.     13 майи соли 2009 бо ибтикори Вазорати тандурустӣ дар шаҳри Душанбе Саммит оид ба тибби оилавӣ баргузор мегардад.

      Мақсад аз гузаронидани чорабини мазкур баррасии масъалаҳои тибби оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина таҳия намудани нақшаи рушди минбаъдаи тибби оилавӣ дар ҷумњурӣ, инчунин амалигардонии саривақтӣ ва самараноки Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи Байналмиллалии Рушд мебошад.

       Саммити мазкур бо дастгирӣ ва маблағгузории Маркази татбиқи Лоиҳа оид ба тандурустии ҷамоавӣ ва заминавии Бонки Умумиҷаҳонӣ доир мегардад.
       Дар назар аст, ки дар Саммит мавзўъҳои ташаккули тибби оилавӣ дар мамлакат, саҳми мутахассисон дар расонидани кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ, тайёр намудани мутахассисони касбӣ оиди ин соҳа ва мукаммалсозии системаи таълимӣ, муносибати системавӣ ҷиҳати татбиқи тибби оилавӣ, таҷрибаи амалӣ дар амалисозии тибби оилавӣ мавриди муҳокимаву мубоҳиса қарор мегиранд.

      Дар Саммит вазири тандурустии ҷумҳурӣ Н.Салимов, машваратчиёни байналмиллалӣ, мутахассисон ва коршиносони варзида аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат ширкат ва суханронӣ хоҳанд кард.

                                                                                                                                                       Маркази матбуоти ВТ


 МАШВАРАТИ НАХУСТИНИ ШЎРОИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ

07.05.209      Бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои Ҳамкорон дар Рушд ва гурўҳи таҳияи лоиҳаи «Стратегияи рушди тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020» машварати нахустини Шўрои Ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид.

      Чӣ тавре ки аз Вазорати тандурустии ҶТ хабар доданд, муњокима ва тасдиқи «Низомномаи Шўрои Ҳамоҳангсозӣ», шиносоӣ ва муҳокимаи сохту усулҳои дурнамои «Стратегияи рушди тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2020», тасдиқи нақша ва реҷаи кории гурўҳи таҳиякунанда, вазифаҳои техникии машваратгарони байналмиллаливу маҳаллӣ ва аъзои Котибот аз мавзўъҳои машварати нахустин мебошанд.

       Ҳамчунин аъзои Котибот таъин гардида, қарор карда шуд, ки моҳе як маротиба машварати Котиботи ин лоиҳа баргузор мегардад. 

                                                                                                                                                          Маркази матбуоти ВТ


 ЧОРАҲОИ ОМОДАБОШИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БАҲРИ ПЕШГИРИИ САР ЗАДАНИ БЕМОРИИ «ЗУКОМИ А (H1N1)».

07.05.2009.    Тибқи маълумоти расмии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар ҳолати то 7-уми майи соли 2009 ҳодисаҳои бемории барангезандаашон вируси қобилияташ баланди сироятноки зукоми A/H1N1 дар 23 давлати ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст. Бо тариқи лабораторӣ дар 2099 маврид дар давлатҳои ҷаҳон беморӣ тасдиқ карда шудааст, аз ин миқдор 44 бемори бақайдгирифташуда фавтидааст. 

     Коршиносон дар бораи ба зинаи 5-ум баромадани болоравии хатари паҳншавии пандемияи зуком хабар додаанд. Тахмин меравад, ки рўйхати давлатҳои бо зукоми А фарогирифта шояд рўз то рўз афзоиш ёбад, бинобар ин, ҳамаи давлатҳои минтақаи Аврупо чораҳои пешгирикунандаро нисбати воридоти вируси намуди нави А (H1N1) пурзўр намудаанд.

     Aйни замон Вазорат тасмим гирифт, ки оиди пешгирӣ ва табобати пандемияи зуком якчанд чорабиниҳоро пиёда гардонад. Таҳияи дастури усулии муваққатӣ оид ба гузаронидани ташхисҳои вирусологӣ дар ташхисгоҳҳои вирусологӣ, ташхиси зукоми А, гирифтани намунаҳо барои ташхис ва ирсоли он ба муассисаҳои табобатию пешгирӣ барои нашру нусхабардорӣ ба намояндагии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз қадамҳои аввалин аст.

       Гузаронидани машваратҳои мутахассисони Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти Хазинаи кўдаконаи СММ/ЮНИСЕФ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бо ҷалби гурўҳҳои гуногуни аҳолӣ, ташкили мизҳои мудаввар аз тарафи воситаҳои ахбори омма, сабти видео ва радиороликҳо, расонидани маводҳои иттилоотӣ ба аҳолӣ аз ҷумлаи ин чорабиниҳо мебошанд. 

     Таъсиси гурўҳҳои зудамали соҳавӣ дар сатҳи вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, муҷаҳҳаз намудани ин гурўҳҳо бо лавозимоти ҳозиразамони муҳофизатии шахсӣ, воситаи нақлиёт, маводҳою таҷҳизоти безараркунанда, воситаҳои компютерӣ ва воситаҳои алоқа, ҳамчунин таъсиси утоқҳои махсус дар шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо, харидани маводи доруворӣ барои табобати пешгиранда ва гузаронидани эмдору ба кормандони муассисаҳои табобатӣ аз чораҳои заруртарине мебошанд, ки дар ин самт амалӣ гардидаанд. Дар назар аст, ки бо дастгирии бевоситаи Бонки Умумиҷаҳонӣ утоқҳои махсуси бистарии гумонбарон ва ташхисгоҳи вирусологии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ бо асбобҳои муосири ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.

     Вазорати тандурустӣ зарур мешуморад, чораҳоро оид ба харид, дастрас ва васлкунии таҷҳизоти ташхисгоҳҳои вирусологӣ ва беморхонаҳои сироятии минтақаҳоро дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин ба анҷом расонад, то ки бо назардошти вазъи баамаломада ва хавфи пайдоишу хурўҷи пандемияи зуком дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи “Нақшаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди омодагӣ ба пандемияи зуком”-ро тасдиқ намояд.

                                                                                                                                                         Маркази матбуоти ВТ



ЗУКОМИ ХУК БА ТОҶИКИСТОН ТАҲДИД НАМЕКУНАД! 

29.04.2009.   - Роҳбари хадамоти давлатии назорати санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ Самариддин Алиев зимни сӯҳбат зикр намуд, ки бемории зукоми хук айни ҳол ба Тоҷикистон таҳдид намекунад. Вале мувофиқи маълумоти намояндагии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон бемории мазкур аз дараҷаи сеюми паҳншавӣ ба дараҷаи чорум гузаронида шуд.

       Қабл аз ин дар бораи паҳн гардидани микроби нави гурӯҳи A\HINI дар ҳайвонот хабар дода шуда буд, ки одамонро ба беморӣ гирифтор карда, вале аз одам ба одам сироят намекард. Вале акнун исбот карда шуд, ки ин микроб аз одам ба одам сироят мекунад. Ба қавли коршиносони соҳаи тиб, дараҷаи паҳншавии бемории зукоми хук рӯзҳои наздик боз як дараҷа баланд бардошта мешавад, зеро бемории мазкур мамлакатҳои ҷаҳонро бо суръати тез фаро мегирад ва шумораи торафт бештари одамон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мамлакатҳоро даъват менамояд, ки назорати эпидемиологиро, хусусан дар маҳалҳои аҳолинишини назди сарҳад пурзӯр намуда, ба паҳншавии бемории грипп ва ба илтиҳоби шуш табдил ёфтани он диққати махсус диҳанд. 

     Аз бемории грипп тарсидан лозим нест, зеро ин беморӣ дар фасли баҳор ба таври муқаррарӣ паҳн мегардад, вале одамон бояд ба қоидаҳои санитарӣ риоя карда, дар мавриди зарурат ҳатман ба духтур муроҷиат кунанд. Дар ин маврид ҳеҷ гоҳ ба худ муолиҷа роҳ додан мумкин нест. Пешниҳод карда мешавад, ки одамон алҳол аз истеъмоли гӯшту равғани хук парҳез накунанд. Инчунин, дар масъалаи сафару сайёҳат ба мамлакатҳои дигар ягон маҳдудият муқаррар карда нашудааст, гуфт С.Алиев. 

      Вай зикр намуд, ки айни ҳол ҳамаи муассисаҳои нақлиётию коммуникатсия, аз ҷумла, майдонҳои ҳавоӣ, вокзалҳо ва муассисаҳои гумрукӣ дар ин масъала огоҳ карда шудаанд. Дар ин муассисаҳо назорати санитарӣ пурзӯр карда мешавад. Ҳамаи мусофирони аз мамлакатҳои дигар омада, бояд аз тарафи кормандони тиб муоина карда шаванд. Дар мавриди бад будани саломатӣ, мушоҳида шудани аломатҳои беморӣ онҳо ҳатман дар шифохонаҳо ҷой дода мешаванд. Чунин одамон бепул табобат карда хоҳанд шуд. 

    Инчунин, ба кормандони ҳамаи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дастур дода шуд, ки назорати санитарию эпидемиологиро, хусусан дар минтақаи сарҳад пурзӯр намоянд. Нишонаҳои бемории зукоми хук ба нишонаҳои бемории грипп шабоҳат доранд - ҳарорати бемор 38 дараҷа ва аз ин бештар, табларза, сустии аъзои бадан, сулфа ва дард кардани гулӯ ва ғайра. Давраи сирояти беморӣ одатан даҳ рӯз давом мекунад.

      Афзалияти Тоҷикистон ҳамин аст, ки мамлакати мо бо ягон мамлакате, ки бемории мазкур паҳн гардидааст, равобити мустақим надорад ва аз онҳо дар масофаи хеле дур воқеъ гардидааст. Шахсе, ки аз ин мамлакатҳо ба Тоҷикистон сафар мекунад, аз қаламрави чанд мамлакати дигар мегузарад ва вазъи саломатии ӯ дар ин мамлакатҳо санҷида мешавад.

        Қайд карда шуд, ки вақти паҳн гардидани бемории зукоми мурғон вазъият дар мамлакати мо тамоман дигар буд. Муассисаҳои санитарию эпидемиологӣ ва тиббӣ барои пешгирии ин беморӣ тайёр набуданд. Дар робита барномаи миллии пешгирии зукоми мурғон таҳия карда шуд. Тибқи барномаи мазкур дар Тоҷикистон аз ҷумлаи кормандони муассисаҳои дахлдор гурӯҳҳои махсуси зудамал тайёр карда шуданд. Акнун ҳамаи ин муассисаҳо ва гурӯҳҳои зудамал ба ҳар эҳтимол тайёр карда мешаванд. Гуфтан лозим аст, ки соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба пешгирии бемории зукоми хук пурра тайёр аст. 
  Хабар дода мешавад, ки бемории зукоми хук пеш аз ҳама дар Мексика паҳн гардид. Дар ин ҷо аз ин беморӣ 149 нафар вафот карда, бештар аз 2000 нафари дигар дар шифохонаҳо ҷой дода шудаанд. Аз рӯи хабарҳои расида, дар ИМА қариб 50 нафар бемор ба кайд гирифта шуд. Нишонаҳои ин бемории хавфнок дар Австралия, Зеландияи Нав, Фаронса ва Италия ба мушоҳида расид.

                                                                                                                                                 Маркази матбуоти ВТ

 

РӮЗИ ДАРҲОИ БОЗ БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ КОЛЛЕҶИ ТИББӢ 


 29.04.2009. – Бо ташаббуси Раёсати тандурустии пойтахт дар дармонгоҳи ҷумҳуриявии рақами 5 «Рӯзи дарҳои кушод» барои хатмкунандагони коллеҷи чумхуриявии тибби баргузор гардид.

     Чорабинии мазкур бо мақсади беҳбуди таъминоти муассисаҳои тиббии кишвар бо кормандони миёнаи тиббӣ, рушди хизматрасонии тибби оилавӣ ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба марказҳои солимии пойтахт баргузор гардид. Бояд тазаккур дод, ки дар чумхури ягона Коллечи Чумхурияви фаъолият дорад, ки хамасола садхо мутахассисони чавонро тайёр мекунад. Ба гайр аз ин дар пойтахт якчанд коллечхои тибби фаъолият доранд.

     Айни замон марказҳои солимии пойтахт ба беш аз 600 нафар кадрҳои тиббӣ ниёз доранд. Талаботи умумии марказҳои солимии пойтахт ба табибони оилавӣ 449 пизишк ва 898 ҳамшираи шафқатро ташкил медиҳад. Феълан дар марказҳои солимӣ 250 пизишк ва 256 корманди миёнаи тиббӣ машғули  коранд

                                                                                                                                                  Маркази матбуоти ВТ

ДДТТ ДАР СОЛИ НАВИ ХОНИШ КОРШИНОСОНИ ХОРИҶИРО БА ФАЪОЛИЯТИ ОМӮЗГОРӢ ҶАЛБ МЕСОЗАД

 

28.04.2009.         Дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Убайдулло Қурбонов изҳор дошт, ки донишгоҳ дар соли нави хониш коршиносони хориҷиро ба фаъолияти омӯзгорӣ ҷалб месозад.

     Ба гуфтаи ӯ, иқдоми мазкур баҳри баланд бардоштани рейтинги донишгоҳ дар сатҳи байнулмилалӣ равона шудааст. «Дар аксари маврид ба рейтинги макотиби олӣ аз рӯи то кадом андоза ба раванди таълим ҷалб кардани коршиносони хориҷӣ ва таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар он баҳо дода мешавад», - гуфт ӯ.

     Ректори донишгоҳ афзуд, феълан дар донишгоҳ 459 донишҷӯ аз мамолики хориҷӣ таҳсил мекунанд. Дар донишгоҳ 4 факулта - тиббӣ, дорусозӣ, дандонпизишкӣ ва тандурустии ҷамъиятӣ амал мекунад.

                                                                                                                                                     Маркази матбуоти ВТ
 

USAID БА ХАТМКУНАНДАГОНИ МАРКАЗИ НАМУНАВИИ ТИББИ ОИЛАВИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ ДИПЛОМҲО СУПУРД

27.04.2009.      Сарвари намояндагии Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар Тоҷикистон Каролин Брайан, муовини раиси шаҳри Панҷакент Фотима Рофиева ва намояндагони маркази миллии тибби оилавӣ ва раёсати тандурустии вилояти Суғд ба нахустин ҳашт нафар хатмкунандагони маркази намунавии тибби оилавии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дипломҳоро супурданд. Маркази намунавӣ дар шаҳри Панҷакент дар натиҷаи шарикӣ ва ҳамкории байни Вазорати тандурустӣ, Лоиҳаи USAID «ЗдравПлюс», раёсати тандурустии вилояти Суғд ва ҳукумати шаҳри Панҷакент таъсис дода шудааст.

     Ривоҷу равнақи кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва ҷорӣ намудани тибби оилавӣ самтҳои афзалиятноке мебошанд, ки дар ҳуҷҷатҳои «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ» ва «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ» дарҷ ёфтаанд. Дастрасӣ ба хизматрасониҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ба саривақт ошкор намудани бемориҳо ва паст кардани сатҳи бистаркунонӣ тавассути табобати босамари бемориҳои дерина мусоидат мекунад. Дар баробари таъмин намудани нигоҳубини босифат, муолиҷаи бемориҳо дар сатҳи КАТС зарурати равона кардани беморонро ба назди мутахассисони гаронбаҳо паст мекунад, маблағҳои соҳаи тандурустиро сарфа менамояд ва хизматрасонии тиббиро ба оилаҳо арзонтар мекунад.  

     Кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон муҳим мебошад ва ин аз зарурати духтурони оилавии баландихтисос шаҳодат медиҳад. Вазорати тандурустӣ қайд намудааст, ки муассисаҳои КАТС ба 4000 нафар табибони оилавӣ эҳтиёҷ доранд. Духтурони оилавие, ки дар маркази намунавии шаҳри Панҷакент омӯзонида шудаанд, системаи хизматрасонии тиббиро дар тамоми водии Зарафшон мустаҳкам хоҳанд кард. 

     Курси дуюми шашмоҳаи бозомӯзи алакай шурӯъ шудааст, ки дар он дувоздаҳ духтури маркази саломатии №1 шаҳри Панҷакент ва чор духтури марказҳои саломатии деҳотии ноҳияи Панҷакент иштирок доранд. Баъд аз анҷоми курси омӯзишии мазкур, маркази намунавии шаҳри Панҷакент фаъолияти худро дар самти хизматрасонии тибби оилавӣ давом хоҳад дод. 
   
     Лоиҳаи «ЗдравПлюс» яке аз чандин лоиҳаҳои кӯмакрасон мебошад, ки аз тарафи мардуми Амрико тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Аз соли 1993 то инҷониб мардуми Амрико ба воситаи USAID ба миқдори 300 млн. доллар кӯмак намуд. Маблағҳои мазкур барои дастгирии рушди иқтисод, институтҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маориф дар Тоҷикистон равона шудаанд.

                                                                                                                                                   Маркази матбуоти ВТ


ДОРУСОЗОНИ ОЯНДАИ ТОҶИК АЗ ҲАМТОҲОИ ЭРОНИИ ХУД ТАҶРИБА МЕОМӮЗАНД

27.04.2009.     Айни замон гурӯҳи донишҷӯёни факултаи дорусозии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон таҷриба меомӯзанд.

       Тавре декани факултаи мазкури донишгоҳ Матлуба Ҳақназарова иттилоъ дод, дар муддати беш аз ду ҳафта 10 нафар донишҷӯи факултаи дорусозии донишгоҳ бо фаъолияти ширкатҳои дорусозии Эрон ва технологияи муосири мавриди истифода қарордодаи онҳо ҳангоми тайёр кардани доруҳои тиббӣ аз наздик ошно мегарданд.

       Ба қавли М.Ҳақназарова, таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар натиҷаи роҳандозии ҳамкориҳои дуҷонибаи пурсамар бо Эрон ва кӯшишоти мақомоти раҳбарии донишгоҳ имконпазир гардид. 

                                                                                                                                                           Маркази матбуоти ВТ

 

БА ТОҶИКИСТОН ЗУКОМИ ХУК ТАҲДИД НАМЕКУНАД

27.04.2009.    - «Пайдоиши зукоми хук дар Тоҷикистон аз эҳтимол дур аст, зеро ба ҷумҳурӣ аз Мексика гӯшти хук ворид намегардад», - мегӯяд сардухтури давлатии санитарии ҶТ, муовини вазири тандурустии кишвар Аъзам Мирзоев дар вохўрӣ бо рўзноманигорон. 

  Ба гуфтаи А.Мирзоев, чун аксари аҳолии кишвар мусулмононанду гӯшти хукро истеъмол намекунанд, ба Тоҷикистон воридоти ин навъи гӯшт ва он ҳам аз мамлакати хеле дур аз мо чун Мексика, қариб, ки умуман ба назар намерасад. «Аммо агар шахси гирифтори чунин беморӣ ба Тоҷикистон ворид гардад, эҳтимолияти гирифтории дигар шаҳрвандон ба он имконпазир аст, вале чунин вазъ аз воқеият хеле дур аст», - изҳор дошт ӯ.

  А.Мирзоев қайд кард, ки ҳамаи хадамоти хизматрасонии фурудгоҳҳову истгоҳҳои роҳи оҳан аз нишонаҳои зуҳури ин беморӣ огаҳ карда шуда, дар сурати мушоҳидаи аломатҳои беморї мусофир мавриди муоинаи табибон қарор хоҳад гирифт. «Чорабиниҳои мазкур дар доираи барномаи мубориза бо бемории зукоми мурғ доир мегарданд», - гуфт ӯ.

  Аз Хадамоти гумруки кишвар хабар доданд, ки ба Тоҷикистон аз Мексика ва ИМА гӯшти хук ворид намегардад ва аз оғози сол ҳодисаи воридоти ғайриқонунии гӯшт, аз ҷумла гӯшти хук аз ин кишварҳо ба қайд гирифта нашудааст. 

                                                                                                                                                  Маркази матбуоти ВТ

 

ГУРӮҲИ ЗИДДИБЎҲРОНӢ ДАР ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ

 21.04.2009.      Бо фармони Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 апрели соли 2009 таҳти №240, дар Вазорати тандурустӣ гурӯҳи кории зиддибўҳронӣ созмон дода шуд. Ҳадаф аз таъсиси он иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли равон оид ба вазъи бўҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва сарфа намудани хароҷоти маблағҳои буҷетии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, омўзиш ва боздид намудани нақшаҳои корӣ, ба танзим даровардани чорабиниҳои соҳа, мавриди таҳлил қарор додани маблағҳои грантӣ, қарзӣ ва ёрии башардўстона мебошад.

     Ба ҳайати он муовинони вазири тандурустӣ, сардори раёсату хадамот, шўъбаҳои Вазорати тандурустӣ, инчунин роҳбари намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, директори Маркази татбиқи Лоиҳа оид ба тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ шомиланд. 
Мутобиқи он нақшаи чорабиниҳои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани таъсири бўҳрони молиявӣ дар соҳа тасдиқ гардид.

        Сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе, сартабибони беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳуриявӣ ва муассисаҳои таълимии соҳаи тандурустӣ вазифадор карда шуданд, ки вазъи бўҳрони молиявии баамаломадаро ҳаматарафа омўхта, мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетиро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд. Ҳамзамон вобаста ба самти фаъолият гурўҳҳои кории зиддибўҳронӣ ва нақшаи чорабиниҳоро таҳия намуда, нусхаи фармонҳои алоқамандро ба Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаи тандурустӣ пешниҳод намоянд.

      Гузаронидани семинарҳо, конфронсҳо, сафарҳои хизматӣ ва дигар хароҷотҳо (ба истиснои музди меҳнат, хариди доруворӣ ва ғизо) танҳо пас аз мувофиқа намудан бо Гурўҳи кории зиддибўҳронии назди Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ амалӣ карда шавад. Сармутахассисони ғайривоҳидии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо муовинони роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ оид ба фаъолияти шифоӣ вазифадор карда шуданд, ки фаъолияти табобатии муассисаҳоро мавриди омўзиши ҳаматарафа қарор дода, табобат ва ташхиси беморонро мувофиқ ба тибби далелнок, бо истифода аз маводҳои сарфу дорувории баландсифат ва усулҳои замонавии камхарҷу эътимоднок ба роҳ монанд.

                                                                                                                                                           Маркази матбуоти ВТ



ОНКОЛОГҲОИ ИДМ ИМРЎЗ ДАР ДУШАНБЕ БА ҲАМ МЕОЯНД

09.04.2009    Ҷаласаи навбатии Ассотсиатсияи директорони институт ва марказҳои саратон, радиолоҷӣ ва рентгенолоҷии кишварҳои ИДМ имрўз дар пойтахт ба кори худ шурўъ мекунад.

     Тавре интизор меравад, дар ҳамоиши мазкур масоили мубрами соҳаи саратоншиносӣ дар Тоҷикистон ва ИДМ ҳамчунин масоили баргузории анҷумани VI-уми саратоншиносони ИДМ дар Душанбе дар соли оянда мавриди баррасӣ қарор мегиранд. 

     Ҷаласаи имрўза таҳти сарварии президенти Академияи илмҳои тиббии Федератсияи Русия, ҷарроҳи нодир Михаил Давидов баргузор мегардад. Дар доираи ҳамоиш имрўз дар толори Шўрои Илмии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Сино вохўрии аъзоёни Ассотсиатсияи директорони институт ва марказҳои саратон, радиолоҷӣ ва рентгенолоҷии кишварҳои ИДМ бо олимону пизишкони ҷумҳурӣ доир хоҳад гашт.

     Мавриди зикр аст, солҳои охир бемориҳои саратон дар ҷаҳон нумўъ доранд ва аз ҷумла дар Тоҷикистон алъон теъдоди гирифторон ба 10000 нафар мерасанд, ки боиси нигарониҳост. Дар ин робита ҳукумати кишвар масоили саратонро ба руйхати самтҳои афзалиятноки тадқиқотҳои илмӣ шомил намудааст ва солҳои наздик ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи бемориҳои саратон тадбирҳои бештаре андешида мешаванд. 
                                                                                                                                                           Маркази матбуоти ВТ

 

ДАР ТОҶИКИСТОН 9634 НАФАР БЕМОРИИ САРАТОН БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУДААСТ.

08.04.2009.      Ба қарибӣ дар зиндагии кормандони соҳаи тандурустии кишвар боз як ҳодисаи хотирмон ба вуқўъ хоҳад пайваст. 9 апрели соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии ХХХ Ассотсиатсияи директорони институтҳо ва маркази саратоншиносӣ, радиолог ва рентгенологҳои кишварҳои ИДМ таҳти роҳбарии ҷарроҳӣ шўҳратёфта, академики Академияи улуми Русия, президенти Академияи илмҳои тиббии Русия М. И. Давидов баргузор мегардад. Дар ҷаласа зиёда аз 20 нафар аъзоёни Ассотсиатсия – роҳбарон муассисаҳои асосии саратоншиносии кишварҳои ИДМ ширкат хоҳанд варзид. Дар баробари мушкилоти муҳими саратоншиносӣ дар Тољикистон, ҳамчунин масоили ташкилӣ оид ба гузаронидани анҷумани VI саратоншиносҳои ИДМ дар Душанбе дар соли 2010 баррасӣ мегардад.

     Дар чаҳорчўбаи ин чорабинӣ мулоқоти аъзоёни Ассотсиатсияи директорони Институтҳо ва маркази саратоншиносӣ, радиолог ва рентгенологҳои кишварҳои ИДМ бо ҷамъияти тиббии Тоҷикистон доир мегардад.

     Дар рўзнома баромади президенти Академияи улуми тиббии Русия, директории Маркази илмии саратоншиносии русии ба номи Н. Н. Блохини АИТР, академики АУР ва АИТР, профессор М. И. Давидов «Дастовардҳои ҳозиразамон дар саратоншиносии клиникӣ», ҳамчунин баромади директори Маркази илми саратоншиносии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон профессор Д.З.Зикриёхоҷаев, мушкилот ва муваффақиятҳои хадамоти саратоншиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидааст.

     Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масоили бемории саратон ба феҳристи самти афзалиятноки тадқиқотҳои илмӣ дохил карда шуд. Дар Тоҷикистон, чун дар тамоми ҷаҳон анъанаи афзоиш ёфтани теъдоди бемориҳои хатарноки навгирифтор ба мушоҳида мерасад. Дар баробари ин 60-70 дар садди беморони ба муассисаҳои хосаи саратон муроҷиат намуда мўҳлати ибтидоии бемориро гузаронидаанд, ки ин ҳолати ташхисро боз мушкилтар мегардонад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айни замон 9634 нафар бемор ба қайд гирифта шудааст, ки аз он 3900 нафарашон мардон ва 5734 нафарашон занон мебошанд. Дар соли 2008 дар 2218 нафар нишонаҳои бемории саратон муайян гардид. Ташвишовар аст, ки имрўз дар ҷавонон низ аломатҳои ин беморӣ ба назар мерасад.

     Чунин чорабинӣ, бегуфтугў, дар ҳамгироии соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ бо кишварҳои ИДМ таъсири мусбат гузошта барои инкишофи хадамоти саратонии кишвар мусоидат хоҳад намуд.

                                                                                                                                                         Маркази матбуоти ВТ

 

СЕМИНАРҲОИ ФИШОРБАЛАНДИИ ШАРАЁНӢ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

     Аз таърихи 06.04.09 то 08.04.09 дар шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом, Хуҷанд бо иштирок ва дастгирии ташкилоти байналмилалии ЗдравПлюс ва намояндаи шӯъбаи кўмаки аввалияи тиббию санитарии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор семинарҳо доир гардиданд. Дар доираи чунин чорабинӣ 6 – 7 апрели соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Истравшан ва Конибодом семинарҳои навбатӣ баргузор гардид, ки дар аввалӣ 30 ва дар баъдӣ 32 нафар табибони маҳаллӣ ширкат варзиданд. Семинарҳо дар мавзўъҳои фишори баланди шараён гузаронида шуд. Дар семинар сармутахассиси ғайривоҳидии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бемориҳои дил З.Я.Раҳимов дар мавзўи «Проблемаҳои ҷорӣ намудани дастурамал ва ҳамкорӣ бо аҳолӣ», ассистенти кафедраи кардиологияи ДТИБКТТ А.Р. Нарзуллоева дар мавзўи «Таҷрибаи ташкилотҳо ва корҳои мактаби фишорбаландии шараёнӣ (МФШ) дар Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил», Директори маркази ҷумҳуриявии тибби далелнок Ш.Ш.Почоҷонова дар мавзўъҳои «Тибби далелнок дар фаъолияти тибби оилавӣ» ва «Индикаторҳои воридоти дастурамали фишорбаландии шараён» маърўза намуданд.

     8 –апрели соли 2009 дар шаҳри Хуҷанд низ семинар дар мавзўи фишорбаландии шараён доир гардид, ки дар он 56 нафар табиб аз шаҳрҳои Хуҷанду Чкаловск ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иштирок намуданд. Дар семинарии мазкур сармутахассиси ғайривоҳидии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беморихои дил З.Я.Раҳимов дар мавзўи «Проблемаҳои асосии бемориҳои дил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ассистенти кафедраи кардиологияи ДТИБКТТ А.Р.Нарзуллоева дар мавзўи «Табобати ҳозиразамони дифферентсиалии фишорбаландии шараён», директори Маркази ҷумҳуриявии тибби далелнок Ш.Ш. Почоҷонова дар мавзўи «Муқаддимаи тибби далелнок» баромад намуданд. 

     Ҳадаф аз иштироки намояндаи Вазорати Тандурустии ҶТ дар семинарҳои мазкур боздид аз марказҳои саломатии шаҳрҳои Истаравшан, Конибодом, Маркази вилоятии тибби оилавии вилояти Суғд ва инчунин ширкат дар кушодашавии мактабҳои диабети қанд ва фишорбаландии шараёнӣ дар Марказҳои саломатии шаҳрҳои зикршуда буд.

                                                                                                                                                    Маркази матбуоти ВТ


  ТАҶЛИЛИ РЎЗИ ҶАҲОНИИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

 07.04.2009  Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рўзи ҷаҳонии тандурустӣ таҳти шиори «Ҳаёти одамонро наҷот диҳем. Шифохонаҳоро дар ҳолатҳои фавқулодда бехавф созем» нишасти матбуотӣ доир намуд. Дар ин чорабинӣ муовини аввали вазири тандурустӣ Саида Ҷобирова, муовинон Соҳибназар Раҳмонов ва Аъзамҷон Мирзоев, роҳбари Намояндагии СУТ (Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ) дар Тоҷикистон ҷаноби Сантино Северони, мутахассиси ҳолатҳои фавқулоддаи созмони мазкур ҷаноби Крейг Хемпсон, ҳамчунин хабарнигорони дохиливу хориҷӣ иштирок доштанд.

      Нишастро муовини аввали вазири тандурустӣ Саида Ҷобирова ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки масоили мазкур ин масоили ҷаҳонӣ аст ва гармии ҷаҳонии иқлим низ метавонад боиси сар задани ҳолатҳои фавқулодда гардида, ба сиҳатии мардум таъсир расонад. Азбаски 93-фоизи замини Тоҷикистонро кўҳ ташкил медиҳад, сар задани хавфи ҳолатҳои фавқулодда дар кишвар бештар аст.

       Ҳамзамон роҳбари Намояндагии СУТ (Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ) дар Тоҷикистон Сантино Северони қайд намуд, ки соли 2008 дар ҷаҳон 321 ҳолатҳои фавқулодда сар задааст, ки дар он 250000 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ў ҳамчунин изҳор дошт, ки муассисаҳои табобатӣ барои ҳолатҳои фавқулодда бояд дар ҳама вазъият омода бошанд ва маҳз ҳамин мавзўъро имсол СУТ пайгирӣ мекунад.

       Мутахассиси ҳамин созмон ҷаноби Крейг Хемпсон изҳор дошт, ки дар мисоли ҳолатҳои фавқулодда, ки дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон рух медиҳанд, Тоҷикистон эмин нест. Азбаски Тоҷикистон дар маркази ҳолатҳои фавқулоддаи Осиёи Марказӣ қарор дорад, мебоист муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ ба пешгирии чунин вазъ чораҳои зарурӣ андешанд.

      Ҳамчунин дар нишаст зикр гардид, ки бо ёрии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ва дастгирии молиявии кишвари Норвегия, барои Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ 10 номгўй таҷҳизот ва 35 номгўй маводҳои ташхисӣ ба маблағи зиёда аз 79 ҳазор доллари ИМА кўмак расонида шуд.

                                                                                                                                                                Маркази матбуоти ВТ

 

ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ РӮЗНОМАНИГОРОН

25.03.2009.     Дар Вазорати тандурустӣ Озмуни рӯзноманигорон барои беҳтарин мавод дар мавзўи бемории сил ҷамъбаст шуд. Озмуни мазкур моҳи январи соли ҷорӣ аз тарафи маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ бо дастгирии Лоиҳаи ҲОУП/USAID ва дастгирии молиявии Фонди глобалии мубориза бар зидди СПИД, сил ва табларза барои мақолаи беҳтарин оид ба проблемаҳои бемории сил эълон шуда буд. Рўзи охирини қабули маводҳо 20 марти соли равон муайян шуда буд.

     Дирўз дар Вазорати тандрустӣ аъзоёни доварони озмуни мазкур тањти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов ғолибонро муайян намуданд. Ба гурўҳи доварон шахсони мазкур шомил буданд, аз ҷумла сармутахассиси вазорати тандрурстӣ оид ба бемории сил Қурбонгул Зокирова, раиси Иттифоқи рӯзноманигорон Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов, роҳбари Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ Фотима Яқубова, менеҷери Лоиҳаи ҲОУП дар Тоҷикистон А.А. Коробитсин ва ҳамоҳангсози Лоиҳаи ҲОУП оид ба робита бо ҷомеа ва грантҳои хурд Саодат Қосимова.

     Дар натиҷаи машварат доварон ба хулоса омаданд, ки ҷои аввал ба корманди Маркази матбуоти раёсати тандурустии вилояти Суғд Дилбар Хоҷаева ($400) барои силсиламақолаҳояш дар ин мавзўъ, ҷои дуюм ба хабарнигори рўзномаҳои «Насими Исфара» ва «Саломат бошед» дар вилояти Суғд Субҳиддин Сайфиддинов ($300) ва ҷои сеюм ба рўзноманигори ҳафтаномаи «Сухани халқ» Мардон Қурбонов дода шавад. Ҳамчунин барои маводҳои ҷолиб доварон ба чунин қарор омаданд, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии рўзноманигорон Нўъмон Низомӣ мухбири «Минбари халқ» ва Нўъмон Ахмедов хабарнигори «АиФ - здоровье Таджикистан» М. Ҳасанова ҳафтаномаи «Нури зиндагӣ» (хабаргузории «Азия-Плюс»), бо тўҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шаванд. 

     Бояд тазаккур дод, ки донишҷўи соли 5-уми факултаи химияи Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ Диловар Муродов имсол барои ихтирои элементи кимиёвии табобати бемории сил соҳиби стипендияи ба номи Д.Менделеев (Русия) гардида буд, аз ҷониби Вазорати тандурустӣ бо тўҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

     Ғолибони озмун тўҳфаҳои худро дар чорабинии иттилоотӣ-маърифатӣ бахшида ба Рўзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории сил, ки 27 март дар Кохи Ҷомӣ баргузор мегардад, ботантана аз тарафи ташкилкунанадгони озмун хоҳанд гирифт. Дар ҷамъомади мазкур иштироки вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов ва сафири ИМА хонум Трейси Энн Ҷейкобсон дар назар аст.

                                                                                                                                                             Маркази матбуоти ВТ


ДАР НОҲИЯИ ВАҲДАТ МАРКАЗИ ҶУМҲУРИЯВИИ БАРҚАРОРКУНИИ САЛОМАТИИ КЎДАКОН КУШОДА ШУД

19.03.2009.     Маркази Ҷумҳуриявии барқароркунии саломатии кўдакон дар шаҳраки «Шифо»-и ноҳияи Ваҳдат имрӯз ба таври тантанавӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ шуд. Маркази мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба кўдакон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2008 таҳти № 482 таъсис дода шуд. Маркази номбурда дар заминаи бинои аз истифода бозмондаи сеошёнаи ҳудуди беморхонаи Ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сили Вазорати тандурустӣ, воқеъ дар шаҳраки Шифои ноҳияи Ваҳдат созмон дода шуд.  

      Барои таъмир ва муҷаҳҳаз гардонидани ин муассиса бештар аз 3,5 млн. сомонӣ харҷ гардид, ки 2,2 млн. сомонӣ бо саҳми худи Вазорати тандурустӣ сурат гирифтааст. Дар барқарорсозӣ ва таҷҳизонидани марказ ҳамчунин як қатор ташкилотҳои байналмиллалӣ ба монанди Хазинаи кўдакони Созмони Миллали Муттахид (ЮНИСЕФ), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ВОЗ), Бонки Рушди Осиё, Бонки Умумиҷаҳонӣ ва дигарон саҳмгузорӣ намуданд.

    Маркази номбурда барои гузаронидани барқарорсозии саломатии кўдакон бо бемориҳои узвхои такягоҳӣ-ҳаракатӣ, дилу рагҳо ва системаи асаб пешбинӣ шудааст. Барои кўдакон дар ин муассиса бештар аз 15 навъу усулҳои барқарорсозии физиотерапевтӣ (гилдармонӣ, магнитдармонӣ, гармдармонӣ, дарсонвалдармонӣ, фаросавтдармонӣ, тарбияи бадан, варзишдармонӣ, маҳсдармонӣ, парафиндармонӣ, обдармонӣ, намакдармонӣ ва ғайраҳо) муҳайё шудааст. Айни замон Марказ дорои 2 шўъба, аз ҷумла шӯъбаи пулмонологӣ ва ортопедӣ-неврологӣ барои 40 кат ва барои 69 ҷои корӣ пешбинӣ шудааст.

     Марказ барои барқарорсозии солимии кўдакони маъюби дорои бемориҳои шуш, узвҳои такягоҳӣ–ҳаракатӣ, дилу рагҳо ва системаи асаб равона шуда, инчунин расонидани кўмаки реабилитатсионии табобатӣ бо истифода аз тибби муосир дар назар аст. Маркази номбурда дар айни ҳол бо тамоми таҷҳизотҳои ҳозиразамони тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, бо мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ таъмин мебошад. 

     Мутобиқи омори мавҷуда дар мамлакат бештар аз 2 ҳазор кўдакон бо нуқсонҳои модарзодии дилу раг ба қайд гирифта шудаанд. Ҳамасола зиёда аз 600 ҳазор кўдакон ба бемориҳои шуш ва роҳҳои нафас гирифтор мешаванд. Кўдакони осебдида 2 ҳазору 23 нафар ва кўдакони гирифтори бемориҳои устухон ва мушакҳо 2 ҳазору 391 нафарро ташкил медиҳанд. 


                                                                                                                                                         Маркази матбуоти ВТ

ПЕШГИРИИ АҲОЛӢ АЗ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ, БОТУЛИЗМ ВА ЗАҲРОЛУДШАВӢ

18.03.2009.      Шаҳрвандони Ҷумҳурӣ дар арафаи фарорасии Иди Наврўз қарор доранд. Дар ин рӯзҳои Иди Наврўз мардум аз ҳисоби алафҳои саҳроӣ ҳаргуна хуришҳо ва маҳсулотҳои қанодии миллӣ аз қабили ҳафт син ва ҳафт шин тайёр мекунанд, инчунин аз дигар маҳсулоти хўрока, аз он ҷумла аз маҳсулоти консервагӣ, қаннодии дар шароити хона тайёршуда дастархон мекушоянд.

      Аз ҳамин лиҳоз, баҳри пешгири кардани аҳолӣ аз бемориҳои сироятӣ, ботулизм ва заҳролудшавӣ Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳрвандон хоҳиш менамояд, ки аз истеъмоли ҳаргуна маҳсулоти пастсифати вайроншуда худдорӣ намуда, ҳамеша эҳтиёткорона рафтор намоянд. 


                                                                                                                                                 Маркази матбуоти ВТ 


ДАР ДУШАНБЕ МАКТАБИ СОЛИМӢ ИФТИТОҲ ГАРДИД 

17.03.2009 Дар назди Маркази солимии рақами 1-и пойтахт тибқи татбиқи лоиҳае, ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) – «ЗдравПлюс» маблағгузорӣ мешавад, бо иштироки намояндагони Раёсати тандурустии мақомоти шаҳрдории Душанбе баҳри кӯмак ба беморони фишори баланди хун мактаби солимӣ ифтитоҳ гардид.

     Фаъолияти мактаб барои кӯмак ба табобати беморони ин навъи амроз тавассути тағйири тарзи зисти онҳо нигаронида шудааст. Мактаби мазкур ба туфайли роҳандозии ҳамкориҳои пурсамари Раёсати тандурустии мақомоти шаҳрдории пойтахт, Иттиҳодияи табибони бемориҳои дил, Ассотсиатсияи кормандони тибби оилавӣ ва лоиҳаи USAID –«ЗдравПлюс» ба фаъолият шурӯъ намуд. Мактаби мазкур барои беморони фишори баланди хун дуввумин мактабест, ки бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) ташкил шудааст. Мактаби аввал барои беморони гирифтори диабенти қанд аз соли 2008 бо дастгирии USAID фаъолият дорад. 

    Бояд тазаккур дод, ки мактаби саломатӣ барои беҳдошти ёрии аввалияи тиббӣ-санитарӣ ва ҷорӣ намудани тибби оилавӣ равона шудааст, ки яке аз равандҳои бартаридоштаи Вазорати тандурустӣ ва стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад.
  
                                                                                                                                                             Маркази матбуоти ВТ


 

 USAID БА ҲАМРОҲШАВИИ РӮЗНОМАНИГОРОН БА МУБОРИЗА АЛАЙҲИ БЕМОРИИ СИЛ КӮМАК МЕРСОНАД  

     Сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон ва муовини Вазири тандурустии ҶТ Соҳибназар Раҳмонов 17-уми март нишасти хабарӣ оид ба масоили пешгирию назорати бемории сил ва иқдомоти Ҳукуматҳои ҶТ ва ИМА ҷиҳати ҳифзи аҳолии Тоҷикистон аз ин бемории сироятӣ баргузор карданд. Чорабинии мазкур дар доираи тренинги дурӯза барои рӯзноманигорон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии онҳо оид ба бемории сил дар Тоҷикистон ва афзудани нақши хабарнигорон дар ҳифзи сиҳатии аҳолӣ тавассути пахши иттилооти дақиқ гузаронида шуд. Ин давраи омӯзишӣ аз ҷониби Вазорати тандурустии ҶТ ва Мактаби мустақили рӯзноманигории «Тоҷикистон – асри XXI» бо дастгирии молиявии USAID тавассути Лоиҳаи ҲОУП ва Хазинаи Глобалии мубориза бо ВНМО (СПИД), сил ва табларза доир карда шуд.

     Сафир Ҷейкобсон изҳор дошт, ки ИМА ҷиҳати пешгирӣ ва назорати бемории сил айни замон ба Тоҷикистон кӯмак мерасонад. Аз соли 2004 инҷониб кӯмаки мазкур ба маблағи 2 866 362 доллари амрикоӣ расонида шуда, боиси пешрафти назаррас гардидааст. USAID айни замон Вазорати тандурустиро ҷиҳати назорати бемории сил дар 13 ноҳия бо аҳолии умумии 1,8 миллион дастгирӣ менамояд. Бинобар истифодаи таҷриба ва усулҳои пешқадами байнамиллалӣ, нишондодҳои муолиҷаи муваффақонаи бемории мазкур дар ин ноҳияҳо ба мушоҳида мерасад. 

     Дар нишасти матбуотӣ муовини Вазири тандурустии ҶТ Соҳибназар Раҳмонов зикр кард, ки аз давраи дар Тоҷикистон қабул шудани низоми маъмули сатҳи байналмиллалӣ, имконоти вазорат ҷиҳати муайянсозии беморони сил афзуд. Дар натиҷа, сатҳи бақайдгирии бемории сил дар Тоҷикистон 85.6 ҳодисаро ба 100 ҳазор аҳолӣ ташкил дод. Ҳамзамон миқдори фавт дар як сатҳ боқӣ монда, 5,7 ҳодиса ба 100 ҳазор аҳолӣ дар як сол муайян карда шудааст.

     Дар ҷараёни конфронси матбуотӣ Салебан Омар, Роҳбари бахши татбиқи грантҳои Хазинаи Глобалии мубориза бо ВНМО (СПИД), сил ва табларза дар ҶТ ва Алексей Коробитсин, роҳбари Созмони байналмиллалии ғайридавлатии амрикоии Лоиҳаи ҲОУП дар Тоҷикистон низ ба суолҳои рӯзноманигорон посух доданд.

     Қобили зикр аст, ки тренинги дурӯза ба мавзӯи инъикоси масоили пешгирӣ ва назорати бемории сил дар ВАО-и Тоҷикистон бахшида шуда, бо иштироки рӯзноманигорон аз шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ВМКБ доир гардид. Расонаҳои хабарӣ дар пешгирӣ ва назорати бемории сил тавассути баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа оид ба хатари ин беморӣ, роҳҳои пешгирии паҳншавии он, таъин намудани табобати дуруст ва риояи он нақши бузург доранд. Дар ҷараёни тренинг инчунин меъёрҳои ҳуқуқию ахлоқии пахши иттилоот оид ба бемории сил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

     Барномаи зидди бемории сил, ки аз ҷониби Лоиҳаи ҲОУП амалӣ мегардад, яке аз чандин лоиҳаҳост, ки аз тарафи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Аз соли 1993 то ин дам мардуми Амрико ба воситаи USAID ба миқдори 300 млн. доллар ба Тоҷикистон кӯмак намуд. Маблағҳои мазкур барои дастгирии рушди соҳаҳои иқтисод, тандурустӣ, маориф ва институтҳои демократӣ равона гардидаанд. 

                                                                                                                                                         Маркази матбуоти ВТ  

МАРКАЗИ НАЗОРАТИ САНИТАРИВУ ЭПИДЕМИОЛОГИИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ ФАЪОЛИЯТИ 18 ИНШООТРО МАНЪ КАРД

14.03.2009  Маркази назорати санитариву эпидемиологии минтақаи Кӯлоб 707 иншооти таъиноти гуногунро дар зарфи ду моҳ таҳти санҷиш қарор дод.
   
      Ба намояндагони марказ лозим омад, ки дар 82 маврид оиди риоя нагардидани талаботи санитариву гигиенӣ аснод тартиб диҳанд.

      Сардухтури давлатии санитарии минтақа Саид Давлатов изҳор дошт, ки 70 шахсони воқеиву ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи санитарию эпидемиологӣ бо маблағи умумии даҳ ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ гардида, фаъолияти 18 иншоот, асосан муассисаҳои хӯроки умумӣ ва як бозор то бартараф сохтани камбудиҳо ва ҷорӣ гардидани тартиботи зарурӣ манъ карда шуд.

                                                                                                                                                            Маркази матбуоти ВТ

 

                                                                                                     Э Ъ Л О Н

    10.03.2009: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии ташкилотҳои байналхалқӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оиди масъалаҳои ғизои кӯдакон ва модарон, ташкилотҳои чамъиятии маҳаллиро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.

Ташкилотҳои ҷамъиятие, ки оиди кор бо аҳолӣ таҷриба доранд, метавонанд лоиҳаҳои худро дар бахшҳои зерин ба Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ пешниход намоянд.
- Ташвиқот ва дастгирии синамаконӣ
- Ғизои иловагӣ барои кӯдакони 6-24 моҳа
- Пешгирии бемориҳои камйодӣ тавассути истеъмоли намаки йоднок
- Пешгирии камхунӣ

Афзалият бештар ба лоиҳаҳое, ки дар нохияҳои дурдаст ва кӯҳистон (Айнӣ, Панҷакент, Кӯҳистони Мастчоҳ, Исфара, Зафаробод, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшон, Хуросон, Ҷомӣ, Шаҳритӯс, Кӯлоб, Восеъ, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Рашт) пешбинӣ шудаанд, дода мешавад.

Лоиҳа бояд дар нусхаи чопӣ ва электронӣ пешниҳод карда шавад. Ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар вилоятҳо ва минтақаҳои дурдаст ҷойгиранд метавонанд лоиҳаҳои худро аксбардорӣ намуда тавассути почтаи электронӣ пешниҳод намоянд.

Дар қатори лоиҳа бояд чунин ҳуҷҷатҳо пешниҳод карда шаванд:
- Созишномаи ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ
- Оинномаи ташкилоти ҷамъиятӣ
- Шаҳодатнома дар бораи қайдгирии давлатӣ
- Суръатҳисоби бонкӣ
- Маълумот дар бораи фаъолияти ташкилот ва лоиҳаҳои иҷрошуда
Танҳо лоиҳаҳои интихобшуда дастгирӣ карда мешаванд.

Мӯҳлати қабули лоиҳаҳо то 1-уми апрели соли 2009, соати 17.00.

Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Шевченко 69, 
                     Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон,
                     Раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону
                     кӯдакон ва танзими оила.
                    Почтаи электронӣ: Этот e-mail защищен от спам-ботов. Для его просмотра в вашем браузере должна быть включена поддержка Java-script

 

ФАЪОЛОНИ ДИНӢ ДАР КОҲИШИ ВИЧ/СПИД САҲМ МЕГИРАНД

     4.03.2009: Созмони ҷамъиятии «Маркази саломатии рӯҳи ва ВИЧ/СПИД» дар ҳамдасти бо Вазоратҳои тандурустӣ ва фарҳанг, Донишгоҳи Исломии Тоҷикистон ва кумаки молиявии созмони байналмиллалии АСТ central Asia дар доираи лоиҳаи «Ислом таҳқиркунии шахсони гирифтори ВИЧ/СПИД-ро маҳкум мекунад»  имрӯз ҳамоишеро бо фаъолони динии шаҳри Душанбе ва Кулоб барпо намуд.

    Дар ҳамоиш намояндагони Вазоратҳои тандурустӣ, фарҳанг, маориф, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳамчунин як қатор созмонҳои байналмиллалӣ ширкат варзиданд. Ҳадаф аз нишасти мазкур мусоидати фаъолони динӣ дар роҳи пешгирии ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон мебошад. Ба андешаи барпокунандагони ҳамоиш алъон ба ҳангоми доман фарох кардани ВИЧ/СПИД дар минтақа ва ҷаҳон саҳмигирии раҳбарони динӣ дар пешгирии ин беморӣ ва мубориза бо поймоли ҳуқуқҳои гирифторон тадбирҳои амалишавандаро тақвият хоҳад дод. Раҳбарони динӣ қодиранд бо иқдомҳои худ ба коҳиши ВИЧ/СПИД мусоидат намоянд.

     Дар фарҷоми ҳамоиш филми ҳуҷҷатии «Подоши қисмат» манзури иштирокдорон гардид, ки дар доираи лоиҳаи мазкур ба навор гирифта шудааст. Филм аз ҳаёти шахси гирифтори ВИЧ ва нақши фаъолони динӣ дар роҳи пешгирӣ ва мубориза бо ВИЧ/СПИД хикоят мекунад.

    Тавре интизор меравад, филми мазкур моҳҳои март ва апрели соли ҷорӣ тавассути Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон пахш мегардад.

    Мавриди зикр аст, ба хотири фарогирии фаъолони динӣ бо маълумоти пешгирии сирояти ВИЧ/СПИД ва нашъамандӣ, коҳиши хушунат да нисбати сироятёфтагон Маркази саломатии рӯҳи ва ВИЧ/СПИД дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб тренингҳои панҷрӯза доир намуда буд, ки дар он 30 нафар аз фаъолони динӣ бо омузиш фаро гирифта шуданд. Дар доираи лоиҳаи мазкур ҳамчунин фаъолони динии Душанбе ва Кулоб дар мадрасаву масчидҳо корҳои фаҳмондадиҳиро дар самти пешгирӣ аз сирояти ВИЧ/СПИД ва коҳиши хушунат дар нисбати гирифторони бемориро ба роҳ монданд.

Маркази матбуоти ВТ 

 

МУАССИСАҲОИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОНРО ЛОИҲАИ ХОУП КУМАК МЕРАСОНАД

     3.03.2009: Лоиҳаи ХОУП ба муассисаҳои тиббии Тоҷикистон ба маблағи беш 7 миллион доллари амрикоӣ кумакии тиббӣ расонид. Дар маросими пешниҳоди кумак, ки ахири ҳафтаи қабли дар Маркази клиникии ҷумхуриявии эндокринологӣ баргузор гардид, муовини вазири тандурустӣ, Соҳибназар Раҳмонов, сафири Амрико дар Тоҷикистон Трейси Энн Джейкобсон ва ҳамоҳангсози кумаки берунаи ИМА дар Аврупо ва Евроосиё Дэниел Розенблюм ширкат варзиданд.

    Кумаки мазкур аз доруворӣ барои табобати гирифторони бемории қанд, бемориҳои чашм, онкологиву рӯҳи ва амрози дил иборат буда, миёни муассисаҳои тиббии кишвар тақсим карда мешаванд.

   Мавриди зикр аст, маводи мазкур пешниҳоди ширкатҳои фармацевтии амрикоист, ки дар ҳамдастии бо департаменти давлатии Амрико, Вазорати тандурустӣ ва Лоиҳаи ХОУП ба таври ройгон расонида мешавад.

    Дар назар аст, ки соли ҷорӣ Лоиҳаи ХОУП се дафъаи дигар ба муассиҳои тибби Тоҷикистон кумаки худро мерасонад.

 Маркази матбуоти ВТ 

 

ТОҶИКИСТОН БА ЛОИҲАИ ОҶОНСИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НЕРӮИ ҲАСТАӢ МЕПАЙВАНДАД

       3.03.2009: Дар пойтахти Австрия шаҳри Вена нахустин мавшарати ҳамохангсози аз рӯи лоиҳаи Оҷонсии байналмиллали оид ба нерӯи ҳастаӣ «Такмили бунёдҳои озмоиши ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ» ба кори худ анҷом дод.

      Тавре иттилоъ дода меашвад, дар машварат намояндагони Тоҷикистон фаъолияти босамар доштанд. Иштирокдорон нахуст аз маърузаҳои сардухтури беҳдошти муовини вазири тандурустии ҶТ Аъзамҷон Мирзоев ва сардори хадамоти давлатии назорати вогириву беҳдоштии вазорати тандурустии Тоҷикистон Самардин Алиев бо вазъи таъмини амнияти озуқавори дар ҶТ, дурнамои милли ва зарурати ҳалли масоили мазкур ошно шуданд. Пас аз баррасии батафсил марбут ба гузаронидани тадбирҳои зарури аз қабили ташкили семинару курсҳои бозомузи ва тренингҳо барои духтурони иштирокчии лоиҳаи мазкур тавсияҳо қабул шуданд.

      Дар ҷараёни машварат ҳамзамон панҷ лоиҳаи нави марбут ба Тоҷикистон барои солҳои 2009-2011 тасдиқ шуданд. Маблағи умумии лоиҳаҳо аз якуним миллион доллари амрикои беш буда, расонидани кумак ба озмоишгоҳҳои маркази ва наздисарҳади барои таҳлили боқимондаҳои радиоактиви ва ё маводҳои дигар дар таркиби маводи хурока ва хоҷагии қишлоқ, аз ҳадафҳои ин лоиҳаҳо номбар шудаанд.

Маркази матбуоти ВТ 

 

 ЭЪЛОНИ ҶОИ КОР

        2.03.2009: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои байналмилалии кумакрасон дар доираи муносибатҳои бисёрсоҳавӣ (SWAp) ҳал намудани проблемаҳои тандурустӣ ва татбиқи марҳилаи аввали он- таҳияи стратегияи рушди соҳаи тандурустӣ, барои иштирок дар озмуни ишғоли ҷойҳои кории зерин хоҳишмандонро даъват менамояд:

• Мушовири Миллӣ оиди таҳияи стратегия;
• Мушовир оид ба идоракунии соҳаи тандурустӣ;
• Мушовир оид ба маблағгузории соҳаи тандурустӣ;
• Мушовир оид ба хизматрасонии тиббӣ;
• Мушовир оид ба захираҳои тандурустӣ;

Хоҳишмандон бояд дипломи оид ба хатм намудани мактаби олӣ дар соҳаи тиб, иқтисодиёт, молия ва менеҷмент, 3 сол ва ё бештар аз он таҷрибаи корӣ дар татбиқи Лоиаҳои вобаста ба донорҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва муасисаҳои давлатии дахлдор, ки ба рушди соҳаи тандурустӣ равона шудаанд доро бошанд. Дониши забони русӣ, тоҷикӣ ва англисӣ барои ҳамаи ҷойҳои кори афзал дониста мешавад. Давомнокии фаъолият 12 моҳ.

Аз хоҳишмандон талаб карда мешавад, ки мактуби ҳавасманди ба номи Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қайд намудани мувофиқат ба ҷои корӣ, акси 4х6 см., шарҳи ҳол бо забони русӣ ва англисӣ (CV), нусхаи диплом, сертификатҳо ва тавсиянома ба сӯроғаи зерин пешниҳод намоянд: ш. Душанбе, к. Шевченко 10, аз 8:00 то соати 17:00.

Телефонҳо барои тамос: 2 21-85-95; 2 21 88 81
Мӯҳлати охирини қабули ҳуҷҷатҳо 9 марти 2009с. соати 17:00

 

ТОҶИКИСТОН БА КОМИССИЯИ КОДЕКС АЛИМЕНТАРИУС ҚАБУЛ ГАРДИД

       27.02.2009: Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ба маълумоти Шумо мерасонад, ки мутобиқи ахбороти фиристодаи барномаи якҷояи Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва ташкилоти байналмиллалии Озуқаворӣ ва Кишоварзӣ (Комиссияи Кодекс Алиментариюс) маълум гардид, ки дар таърихи 20 феврали соли 2009-ум Тоҷикистон ҳамчун 180-ум кишвари аъзо ба Комиссияи Кодекс Алиментариус қабул гардид.

        Комиссияи Кодекс Алиментариус ин ташкилоти байни давлатӣ оиди коркарда баромадани қоидаву меъёрҳо ва стандартҳои байналхалқӣ дар соҳаи хӯрока мебошад.

Маркази матбуоти ВТ

 МАШВАРАТИ ҲАМОҲАНГСОЗИ ДАР ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ

     27.02.2009: Дар Вазорати тандурустии кишвар айни замон машварати ҳамоҳангсози бо донорҳо ва намояндагони оҷонсиҳои иҷроии саҳмгузор дар бахши тандурустии Тоҷикистон ҷараён мегирад.

     Ҳадаф аз баргузории машварат муайянсозии самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои дуҷониба ва иқдомҳои минбаъда дар таҳияи стратегияи рушди тандурустии Тоҷикистон мебошад.

      Тавре интизор меравад, зимни ин вохури Вазири тандурустии ҶТ Нусратулло Салимов ва намояндагони созмонҳои байналмиллалии кумакрасон масоили бозомузи ва амалисозии тибби оилави, аз ҷумла таҳсилоти пайвастаи тибби дар бахши тибби оилави, ҳамчунин қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи пардохти муштарак ва хизматрасониҳои пулакии тиббиро мавриди барраси қарор медиҳанд.

Маркази матбуоти ВТ

 

МАСЪАЛАИ РУШДИ САЛОМАТИИ ҶАВОНОН БАРРАСӢ МЕГАРДАД

      26.02.2009: Дар чорчӯбаи татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Барномаи давлатии рушди саломатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар доираи лоиҳаи «Баҳодиҳии хароҷотҳои молиявӣ, манфиат ва арзиши хизматрасониҳои тиббии дӯстона барои ҷавонон» семинарии ду рӯза барпо менамояд.

     Мақсад аз гузаронидани чунин семинар баррасии самаранокии рушди хизматрасониҳои хайрхоҳона ба наврасон ва ҷавонон дар соҳаи тандурустӣ мебошад.

    Дар чорабинии мазкур cардорони Раёсатҳо ва мутахассисони Вазорати тандурустӣ, намояндагони марказҳои саломатии шаҳри Душанбе, Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД, Беморхонаҳои марказии шаҳри Исфара, Турсунзода, Ёвон ва инчунин намояндагони ЮНИСЕФ иштирок хоҳанд кард.

Маркази матбуоти ВТ 

 

ТАБИБОНИ ТОҶИК АЗ ТАҶРИБАИ ҲАМКАСБОНИ АМРИКОИ МЕОМУЗАНД

        24.02.2009: Ҳафтаи ахир табибони тоҷик пас аз сафар ба ИМА дар дафтари Оҷонсии амрикои оид ба рушди байналмиллали аз барномаи «Идоракуни дар низоми тандурустӣ» натиҷагири карданд.

       Тибқи иттилои мудири шуъбаи ёрии аввали тиббии вазорати тандурустии кишвар Мухбира Мақсудова дар доираи барномаи мазкур, ки аз чониби Оҷонсии амрикои оид ба рушди байналмилали маблаггузори шудааст, 10 нафар аз табибони тоҷик таи 20 рӯз дар шаҳри Шарлоттаи аёлати Королинаи Шимоли бо таҷрибаомузи фаро гирифта шуда буданд.

      Аснои сафар иштирокчиёни барнома бо коршиносони бахши тандурустии Амрико вохуриҳо анҷом дода, бо низоми кор ва дастовардҳои он ошно шуданад. Дар шаҳри Шарлотта ва баъдан дар Вашингтон маъмурони муассисаҳои тиббии Тоҷикистон аз клиникаҳои хусусиву ҷамъияти ва муасссиҳаои тибби боздид ба амал оварда дар семинарҳо ширкат варзиданд.

      Мавриди зикр аст, ки табибони тоҷик ҳангоми сафари худ дар оилаҳои амрикои зиндаги карда дар баробари ошонои бо фарҳанги онҳо аз фарҳанги тоҷик низ муаррифи карданд.

        Тавре иттилоъ дода мешавад, соли ҷори дар доираи барномаи «Рушди Ҷомеа» боз се гурӯҳи дигар аз коршиносони тоҷик аз қабили байторону соҳибкорон ба Амрико барои таҷрибаомузи равона мешаванд. Аз оғози барномаи мазкур аллакай 12 гурӯҳ мутахассиони тоҷик бо таҷрибаомузи фарогир шудаанд.

Маркази матбуоти ВТ 

 

ГУРӮҲИ ПИЗИШКОН БА НЕРӮГОҲИ ОБИЮ БАРҚИИ РОҒУН САФАРБАР КАРДА ШУДАНД

    24.02.2009: 24 феврали соли ҷорӣ як гурӯҳ пизишкони беҳтарини ҷумҳурӣ барои гузаронидани муоинаи тиббии пешгирикунандаи бинокорон ба сохтмони иншооти Нерӯгоҳи обию барқии Роғун сафарбар карда шуданд.

     Дар ин сафар пизишкони варзида, дар ҳайати табиби дандонпизишк, силшинос, уролог, табиби эндокринолог, иммунолог, табиби бемориҳои дарунӣ, чашмпизишк, табиби бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ, табиби бемориҳои асаб, акушер-гинеколог ва ғайра зиёда аз 4.5 ҳазор сохтмончиёнро муоина ва табобат хоҳанд намуд. Ҳайати табибон бо таҷҳизоти тиббии дастгоҳи электрокардиограф, дастгоҳи фаросавтӣ (УЗИ) дорувории зарурӣ ва ваксинаҳо оид ба пешгирии бемориҳои шадиди роҳи нафас ва зуком таъмин карда шудаанд.

     Инчунин, гузаронидани чорабиниҳои ташвиқотию тарғиботи оид ба баланд бардоштани маърифати санитарии бинокорон дарназар дошта шудааст.

Маркази матбуоти ВТ 

 

ТАЪМИНИ МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ БО МАВОДИ ҒИЗОӢ

     20.02.2009: 23 феврали соли ҷорӣ ба Беморхонаи ҷумҳуриявии клиники Бемориҳои сили Вазорати тандурустӣ аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии америкоӣ Resouce i Police Exchange. Inc. ва бо дастгирии Агентии америкоӣ оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) ёрии башардӯстона, иборат аз маводи ғизоӣ расонида мешавад. Дар маъракаи мазкур намояндагони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Агентии америкоӣ оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) иштирок хоҳанд кард.

     Дар чорчӯбаи барномаи Агентии америкоӣ оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) дар Тоҷикистон 80 тонна маводи хӯрокворӣ (наск, биринҷ, сабзавот) ба маблағи умумии 86 638 доллари ИМА ба ташкилоти хайриявии Авесто (Тоҷикистон) дастрас карда шуд. Ёрии башардӯстона барои беморхонаҳои бемориҳои руҳӣ, сил, беморҳои кӯдакона, хонаи ятимон ва дигар муассисаҳои иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст. Маводи хӯрока маҳсулоти муассисаи америкоии Breedlove Dehydrated Foods буда, таркиби он бо витаминҳо ва намакҳои минералӣ ғанӣ карда шудааст.

      Бояд қайд намуд, ки дар соли 2007 маводи хӯрока ба 64 муассисаҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ ва дар соли 2009 бошад, ба 75 муассиса дастрас карда мешавад.

Маркази матбуоти ВТ

МАРКАЗИ МАТБУОТИИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ЛОИҲАИ ХОУП ДАР ТОҶИКИСТОН

18.02.2009:      Озмун барои журналистон
Бехтарин силсилаи мақолаҳо дар мавзуи «Сил – пешгири, табобат ва дастгирии беморон»

Маркази матбуотии Вазорати тандурустии ҶТ дар ҳамдасти бо Созмони ғайриҳукуматии байналмилалии Лоиҳаи ХОУП дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Оҷонсии Амрикои оид ба рушди байналмиллали (USAID) маблағгузори мешавад, миёни рузноманигорони Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон барои беҳтарин мақолаи иттилоотиву таҳлили оид ба бемории сил озмун эълон мекунад. Иқдоми мазкур ҷиҳати дастгирии Барномаи Миллии мубориза бо бемории сил андешида мешавад.

Хазинаи мукофоти 1000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Беҳтарин силсилаи мақолаҳо:

Мақоми аввал - 400 доллари амрикои
Мақоми дуввум - 300 доллари амрикои
Мақоми саввум - 200 доллари амрикои

Мукофоти махсус «барои саҳмгузори дар роҳи мубориза бо бемории сил ».

Барои барраси мақолаҳо дар ҳаҷми на камтар аз як саҳифаи чопи ба забонҳои русиву тоҷикӣ қабул карда мешаванд. Мақолаҳои аз 01.01.2009 дар ВАО ва Интернетсомонаҳо интишор ёфтаро мебояд ( бо дарҷи ВАО, санаи интишор, мавзуъ, муаллиф ва ё гурӯҳи муаллифон) дар лифофа бо навиштаҷоти «Озмун миёни ВАО оид ба бемории сил» аз замони интишори эълон то санаи 20-уми марти соли 2009 бо нишонии зерин ирсол дошт:

Вазорати тандурустии ҶТ, 734025, ш.Душанбе, к.Шевченко,69, ба раҳбари маркази матбуотии Вазорати тандурустӣ Ёкубова Фотима Нуруллоевна. 

 

ДАР ПОЙТАХТ ҶАРАЁНИ ТАДБИҚИ БАРНОМАИ «РУШДИ СИСТЕМАИ ИТТИЛООТИИ ИДОРАКУНИИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» МАВРИДИ БАРРАСӢ ҚАРОР МЕГИРАД

    17.02.2009:  «Рушди системаи иттилоотии идоракунии соҳаи тандурустӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон» - таҳти ин унвон санаи 20-уми феврал дар пойтахт мизи мудаввар ба кор шуруъ менамояд. Нишасти мазкур  дар доираи амалисозии «Барномаи рушди системаи иттилоотии идоракунии соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» доир мегардад.

     Тавре интизор меравад, барномаи мизи мудавварро вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов ифтитоҳ намуда, дар кори он мутахссисони соҳа аз ВМКБ, вилоёти Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе, ҳамчунин Хазинаи Ҷамъиятии Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати Интернет, лоиҳаи ислоҳоти соҳаи танудурустии Тоҷикистон Бонки Осиёии Рушд, Бюрои Минтақавии Аврупоии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, лоиҳаи системаи иттилоотии идоракунии соҳаи тандурустӣ Иттиҳодӣ Аврупо, Лоиҳаи ЗдравПлюс, Лоиҳаи тандурустии ҷомеавӣ ва заминавӣ Бонки умуми Ҷаҳонӣ ширкат меварзанд.

      Рушди системаи иттилоотии идоракунии соҳаи тандурустии ҶТ аз масоили марказии баррасишаванда буда, дар ҷараёни нишаст ҳамчунин тақдимоти барномаи компютерии системаи иттилоотии тандурустӣ СИИТ (DHIS2) ва бори аввал видеоалоқа бо Маркази Барномаи иттилоотии системаи тандурустии Ҳиндустон ва гурӯҳи техникии байналмиллалии (DHIS2) Осло, Норвегия дар назар аст.

Маркази матбуоти ВТ 

 

ПИЗИШКОН БАРОИ ГУЗАРОНИДАНИ МУОИНАИ ТИББӢ БА СОХТМОНИ ИНШООТИ НЕРӮГОҲҲОИ САНГТӮДА ВА РОҒУН САФАРБАР КАРДА ШУДАНД

      13.02.2009: 12-уми феврал як гурӯҳ пизишкони беҳтарини ҷумҳурӣ барои гузаронидани муоинаи тиббии пешгирикунандаи бинокорон ба сохтмони иншооти нерӯгоҳи Сангтӯда -1, Сангтӯда – 2 ва Роғун сафарбар карда шуданд.

       Бо супориши Вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов пизишкони варзидаи соҳаҳои гуногуни тиб, ба монанди табиби дандонпизишк, силшинос, уролог, табиби эндокринолог, иммунолог, табиби бемориҳои дарунӣ, чашмпизишк, табиби бемориҳои гӯшу гулӯю бинӣ, табиби бемориҳои асаб, акушер-гинеколог ва ғайра сохтмончиёнро муоина ва табобат хоҳанд намуд. Ҳайати табибон бо таҷҳизоти тиббии дастгоҳи электрокардиограф, дастгоҳи фаросавтӣ (УЗИ) ва дорувории зарурӣ таъмин карда шудаанд.

       Ғайр аз ин бо супориши Вазир ҳайати табибон бо 6 ҳазор дона ваксинаҳои зиддизуком барои эмкунии бинокорон таъмин карда шуданд. Фаъолият пизишкон дар сохтмони иншоотҳои стратегии кишвар то 20-уми феврал идома хоҳад ёфт.

Маркази матбуоти ВТ

 

ПЕШГИРӢ НАМУДАНИ ҶИНОЯТҲОИ КОРРУПСИОНИДОШТА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАНДУРУСТӢ

      13.02.2008: 10 феврали соли ҷорӣ ҷаласаи ғайринавбатии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он масъалаҳои пешгирӣ намудани ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳои хусусияти коррупсионидошта дар муассисаҳои тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима гардида, паҳлӯҳои мухталифи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» шарҳ дода шуд.

     Дар баромади худ муовини Вазири тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов қайд намуд, ки масъалаи мазкур масъалаи хеле ҷиддӣ буда, камбудиҳои дар пешниҳоди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия омада, солҳои 2007- 2008-ро дар бар мегирад. Ин бори дигар собит месозад, ки ҳанӯз ҳам сартабибони як қатор минтақаҳои ҷумҳурӣ ба ҷиддияти ин масъала диққати зарурӣ намедиҳанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки на ҳамаи сардорони муассисаҳо ва сармуҳосибон вазифаҳои хизматии худро дар сатҳи зарурӣ дарк мекунанд. Аз ин рӯ, нисбати ҳар як роҳбар ва сармуҳосибон ба таври фардӣ сӯҳбат гузаронида, оиди ба фаъолияти онҳо хулосаҳои зарурӣ бароварда мешавад.

     Тибқи Қарори ҷаласа нисбати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба сардорони раёсатҳои тандурустии ВМКБ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд, шаҳри Душанбе ба сартабибони беморхонаҳои марказии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони муассисаҳои шифоии ҷумҳуриявӣ супоришҳои мушаххас дода шуд

       Ба масъулони Дастгоҳи марказии вазорат супориш дода шуд, ки мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷавии соҳаи тандурустии кишварро зери назорати қатъӣ қарор диҳанд. Ба роҳбарони муассисаҳои шифоӣ супориш дода шуд, ки дар кӯтоҳтарин мӯҳлат масъалаи такмили ихтисоси сармуҳосибон ва хазинадоронро мавриди баррасӣ қарор дода, сохтори ҷадвали аёлоти муассисаҳоро боздид намоянд.

Маркази матбуоти ВТ 

 

 ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ТАНДУРУСТИИ ИТТИҲОДИ ИҚТИСОДИИ АВРУПО ВА ОСИЁ (ЕВРАЗЭС) ОИД БА СОЗМОН ДОДАНИ ХАЗИНАИ СПИД ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

     13.02.2009: Дар таърихи 10-12-уми феврали соли ҷорӣ дар ш. Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон ҷаласаи гурӯҳи кории Шӯрои тандурустии Иттиҳоди иқтисодии Аврупо ва Осиё (ЕврАзЭС) оид ба созмон додани Хазинаи СПИД дар Осиёи Марказӣ, баргузор гардид.

     Бояд қайд намуд, ки дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ маҷмӯи ҳуҷҷатҳо ҷиҳати созмон додани Хазинаи СПИД дар Осиёи Марказӣ таҳия гардида, ба Шӯрои тандурустӣ пешниҳод карда мешаванд. Аз он чумла, масъалаҳои ҷойгиршавӣ, низомнома ва тартиби идоракунии Хазинаи СПИД дар Осиёи Марказӣ баррасӣ мегарданд.

     Дар ҷаласаи мазкур Ҷумҳурии Точикистонро сардори Раёсати санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ Г.Азимов муаррифӣ менамояд.

Маркази матбуоти ВТ

 

УСУЛҲОИ ТАБОБАТИ ВИЧ

     5.02.2009: Аз 5 то 7 феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе барои омӯзгорони тибби оилавӣ семинар дар мавзӯъи «Сирояти ВИЧ/СПИД, клиника, эпидемиология, ташхис, пешгирӣ ва табобат дар сатҳи кӯмаки аввалияи тиббӣ ба аҳолӣ» бо дастгирии техникии Лоиҳаи Потенциал/ЮСАИД дар Тоҷикистон гузаронида мешавад.

     Дар он намояндагони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД ва Ассотсиатсияи тибби оилави иштирок хоҳанд кард.

      Иштирокчиёни семинар оид ба таърих, эпидемиологияи ВИЧ, давраи ҳаёти вирус ва усулҳои табобати ВИЧ-ро муҳокима хоҳанд кард.

Маркази матбуоти ВТ

 

 МАРКАЗИ ИЛМИИ САРАТОНШИНОСӢ «РУЗҲОИ КУШОДАИ ҚАБУЛ» ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

     4.02.2009: Маркази илмии саратоншиносии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар моҳи шанбеи дуюм аз соати 9.00 то 12.00, дар дармонгоҳи Марказ «Рузҳои кушодаи қабул» барои ниёзмандонро эълон менамояд. Муоина ва машварат аз тарафи мутахассисони Марказ ройгон буда, мақсад дарёфти бармаҳали омосҳои хушсифат ва бадсифат ва табобати онҳо мебошад.

     Аз руйи нишондоди омор дар тамоми ҷаҳон ва инчунин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 60% аҳолӣ ба беморхонаҳо бо бемории саратони дараҷаи паҳншуда (III-IV) муроҷиат мекунанд.

     Соли 2008 дар Марказ ду лабораторияи нав – лабораторияи иммунологи барои муайянкардани маркерҳои омос (АФП, ХГЧ, Са125, ПСА ва ғайрахо) ва лабораторияи иммуногистохимиёви бо дастгири ва хамкори бо фирмаи фармацевтии «Лярош» Швецария, ба кор шуруъ намуд.

     Барои ташхиси имуногистохимиёви микроскопи фирмаи Карл Цейс ва реактивҳо дастрас карда шуданд. Ин намуд таҷҳизот шароити дар сатҳи баланд гузаронидани ташхиси гистологии омоси бадсифатро муҳаё мекунад.

     Соли ҷорӣ дар Марказ якчанд намудҳои нави муолиҷа дар амалия ворид карда шуданд, ба монанди табобати кимиёвии бемории саратон бо дорувориҳои хозиразамон Гемзар, Кселода, Мабтера, Авастин, методикаи нави пешгирии аворизҳои баъди табобати кимиёви ба монанди кайкуни ва дилбеҳузури. Дар шуъбаи кӯдакона усулҳои табобати кимиёви бо вояи баланд ба беморони гирифтори саратон дар синни то 3 солаги, ҷарроҳиҳои узвнигоҳдорандаи бофтаҳои мулоим, ҷарроҳиҳои мураккаб ба монанди Гарлок (буриши проксималии меъда бо сеяки поени сурхрӯда), ҷарроҳии Люис (буриши сеяки мобайн ва поёни сурхрӯда бо гузоштани анастамоз байни сурхрӯда ва меъда дар ковокии плевра), барои табобати беморони гирифтори саратони паҳншудаи узвҳои кафаси сина ва шикам табобати кимиёвии эндолимфатики, методикаи биопсияи трепанациони бо ёрии аппарати «Магнум», ки он барои муайян намудани морфологияи омос ва рецепторҳои «Нer -2 neo» дар таркиби омоси бадсифат мусоидат менамояд.

Маркази матбуоти ВТ

 

ВОХӮРИИ СОҲИБКОРОНИ МИСРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БАХШИ
ФАРМАТСЕВТИИ ТОҶИКИСТОН

     4.02.2009: Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорони Ҷумҳурии Мисри Араб бо намояндагони бахши фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохури барпо намуданд.

     Дар вохӯрӣ намояндагони Идораи ширкати касбҳои тиббии дорусозӣ, Ширкати доруворӣ ва таҷҳизоти тиббии «Экзима», ширкати дорусозӣ дар Қазоқистон, ширкатҳои дорувории «Эбко», «Сайид», Мамфис»-и Ҷумҳурии Мисри Араб ва намояндагони бахши давлатию хусусии фарматсевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доштанд.

     Дар он масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи фарматсевтӣ, воридоту содироти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, рушди истеҳсоли доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

Маркази матбуоти ВТ 

 

ДДТТ – АВВАЛИН ДОНИШГОҲЕ, КИ ТАҶРИБАИ ДАТ-РО ПАЗИРУФТ

      28.01.2009: 26 январи соли ҷорӣ доир ба фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни сино дар соли 2008 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

       Дар он ректори Донишгоҳ Убайдулло Қурбонов дар бораи бурду бохти Донишгоҳ дар соли 2008 маълумот дода, зикр кард, ки имрӯз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ягона маркази тарбияи кадрҳои дорои маълумоти олии соҳаи тандурустӣ мебошад.

       Ӯ афзуд, ки соли гузашта Донишгоҳи тиббӣ дар байни дигар макотиби олӣ яке аз аввалин донишгоҳе буд, ки таҷрибаи донишгоҳи аграриро ҳамчун намуна қабул намуда, бо усули тестӣ гузаронидани имтиҳонҳои ҷориро дар фаъолияти худ ворид намуд. Натиҷаҳои аввалини он аз бартарият доштани ин усул нисбат ба усули анаъанавӣ шаҳодат медод.

       Дар давраи ҳисоботӣ бо лоиҳаҳои байналмилалии «Здрав Плюс», «ТЕМПУС», «Институти Ҷомеаи кушода» ва «Идораи Швейтсариягии Рушд ва Ҳамкориҳо» ҳамкориҳо ба роҳ монда шуд. Барномаи мазкур ба ҳаҷми 36 000 доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шуд. Тибқи барномаи «ТЕМПУС», ки маблағи умумиаш 104 000 евро аст, дар донишгоҳ 2 маркази таълимӣ ба фаъолият шурӯъ кард. Дар доираи амалӣ сохтани барномаи «Здрав Плюс» дар донишгоҳ Маркази захираҳои собитшудаи тиббӣ таъсис дода шуда, фаъолияташро бомуваффақият пеш бурдаистодааст. Бо дастгирии лоиҳаи «Здрав Плюс» инчунин Маркази иттилоотии маводи дорӯгӣ таъсис дода шуда, ба кор сар кардааст. Аз тарафи Шӯъбаи Тоҷикистонии «Институти Ҷомеаи кушода» - и Бонки Мадад дар соли 2007 тақрибан 34720 ҳазор доллари амрикоӣ аз худ карда шуд. Ин лоиҳа дар роҳи татбиқи Консепсияи маълумоти олии касбии тиббӣ дар Тоҷикистон ва инкишофи факултаи нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ корҳои назаррасеро ба сомон расонид.

Маркази матбуоти ВТ 

ТАШКИЛИ СИТОДИ ДОИМАМАЛКУНАНДАЙ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ ҲОДИСАҲОИ ФАВТИ МОДАРОНУ НАВЗОДОН

       27.01.2008: Ба хотири пешгирии омилҳо ва сабабҳои асосии ҳодисаҳои фавти модарону навзодон Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ситоди доимамалкунандай «Ҳифзи саломатии модарону навзодон»-ро дар назди Вазорати тандурустӣ созмон дод.

     Созмон додани чунин Ситод бо мақсади идорасозии босамари масъалаҳои ташкилу расонидани кӯмаки фаврии табобатию профилактики перинатологӣ, гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ доир ба пешгирии ҳар як ҳодисаҳои фавти модарону навзодон дар муассисаҳои тандурустии мамлакат мебошад.

     Инчунин ба сардухтурон ва директорони муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва марказҳои миллию ҷумҳуриявӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе, сардухтурони беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ супориш дода шуд, ки оид ба ҳар як мушкилоти пешомада дар мавриди ташкил ва расонидани кӯмаки тиббӣ ба занони ҳомила, таваллудкунанда ва таваллудкарда дар муассисаҳои тандурустӣ ба Ситоди зикргардида назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти фаврӣ пешниҳод намоянд.

Маркази матбуоти ВТ

 

ТАЪМИНИ АҲОЛИИ НОҲИЯҲОИ ТАҶРИБАВӢ БО КӮМАКИ ТИББИЮ САНИТАРӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2008-2009

       27.01.2009: Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009 мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ таҳия гардида, баҳри ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст, қайд намуд зимни нишасти матбуоти Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов.

      Инчунин қайд намуд, ки ҳамаи дастуру низомномаҳо ва ҳуҷҷатҳои лозимӣ оиди татбиқи Барнома ба 8 шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ дастрас гардонида шуда, роҳбарону мутахассисони онҳо омӯзонида шуданд.

     Гурӯҳӣ мониторингӣ оид ба гузаронидани мониторинги рафти амалисозии Барнома дар шаҳру ноҳияҳои Данғара, Рашт, Спитамен, Турсунзода ва мониторинги рафти омодагиҳо аз аввали соли 2009 ворид намудани Барнома дар шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Сарбанд, Норак ва Шаҳринав таъсис дода шудааст.

     Бо мақсади инкишофи минбаъдаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, истифодаи самараноки маблағҳои барои хизматрасонии беморхонавӣ Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006-2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2006, таҳти № 407 қабул гардидааст.

     Қобили қайд аст, ки таҷдиди сохтори тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти таҷдиди муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва сохтори госпиталӣ қаблан, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002, таҳти № 525 «Дар бораи тасдиқ намудани сохтори ташкилии муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ» оғоз гардида буд.

    Дар доираи амалисозии қарори мазкур муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ аз сохтори беморхонаҳо ҷудо гардида, ҳам муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ ва ҳам сохторҳои госпиталӣ мустақилияти фаъолиятро ба даст оварданд.

 Маркази матбуоти ВТ

 

ДАР ЯКҚАТОР НОҲИЯҲОИ ТОБЕИ ҶУМҲУРӢ БАХШҲОИ БЕМОРИҲОИ ДИЛ КУШОДА ШУД

        27.01.2007: Дар Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил соли сипаригашта тадқиқоти холтерии фишори шараёнӣ ва набз, озмоиши фраксияи холестерин ва тропонинҳо ба роҳ монда шудааст.

    Барои дастрас намудани маводҳои сарфшаванда, қисмҳои эҳтиётӣ ва дастгоҳҳои нави ташхисиву табобатӣ барои Маркази ҷумҳуриявии бемориҳои дил, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,200 ҳазор сомонӣ таҷҳизотҳои ташхисӣ, қисмҳои эҳтиётӣ ва маводҳои сарфшавандаи озмоишӣ тибқи шартнома бо ширкати ООО «Сино-фарма», ки дар озмуни тендерӣ ғолиб дониста шуда буд, қисман дастрас карда шуд.

     Инчунин дар доираи амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил дар давраи солҳои 2007-2015» соли равон корҳои зерин ба сомон расонида шуд.

     Дар ноҳияи Рашт Маркази байниноҳиявии бемориҳои дил, дар ноҳияҳои Ашт, Данғара, Бохтар, Вахш, Ёвон, Қумсангир, Ҷиликул, Ҷ.Румӣ, Шаҳритуз. А.Ҷомӣ, Сарбанд, Рӯдакӣ ва ш.Ваҳдат бахшҳои бемориҳои дил кушода шуда, миқдори катҳои кардиолоҷӣ аз ҳисоби таҷдиди сохтори беморхонаҳо дар маҷмӯъ 194 адад зиёд карда шуд.

Маркази матбуоти ВТ 

 

БЕМОРОНИ НАШЪАМАНД ДАР ТӮЛИ ДАҲ СОЛИ ОХИР БОРИ АВВАЛ КОҲИШ МЕЁБАНД

      26.01.2009: Соли ҷорӣ дар назди Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи проффесор М.Ғ.Ғуломов шӯъбаи нави қабул ба фаъолият шурӯъ кард. Марказ қисман аз таъмир бароварда шуда, дар самти тайёрӣ барои фасли зимистон бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Ҳоланд генератори баландшиддат васл карда шуда, ба миқдори 5000 литр маводи сӯхт низ захира шудааст.

     Инчунин дар Марказ ҳамагӣ дар соли 2008 513 нафар нашъамандон зери назорати диспансерӣ гирифта шуда, шумораи умумии онҳо ба 2169 нафар расид. Аз ҷумла, 78,1% онҳо гирифтори нашъамандии намуди ҳероинӣ, 7,8% истеъмолкунандагони опий, 6,5% истеъмолкунандагони гашиш ва 6,5% онҳо гирифторони навъи бисёрнашъамандӣ мебошанд.

     Шумораи беморони нашъаманд, ки дар қайди муассисаҳои соҳаи наркологӣ мебошанд дар тӯли даҳ соли охир бори аввал коҳиш меёбанд.

 Маркази матбуоти ВТ

 

ЖУРНАЛИСТОН БО ҶОИЗАИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ҚАДР КАРДА ШУДАНД

       23.01.2009: Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Вазорати тандурустӣ нишасти матбуотӣ бо иштироки рӯзноманигорони дохиливу хориҷӣ баргузор гардид.

     Дар он Вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов, муовини аввали вазир Саида Ҷобирова, муовини вазир Аъзамҷон Мирзоев ва роҳбарони Хадамоту Марказҳо ва Раёсатҳои Вазорати тандурустӣ иштирок намуданд.

    Дар нишасти матбуотӣ Вазири тандурустӣ оид ба фаъолияти 3-моҳаи соҳа ба ҳозирин маълумот пешниҳод намуд. Сипас рӯзноманигорон ба суолҳои хеш доир ба масъалаҳои бемории сил, доруҳои бесифати қалбакӣ, сатҳи касбияти табибон, ҳомиласозии сунъӣ, мушкилоти донорӣ ва ғайра аз Вазири тандурустӣ ва мутахасссисони соҳа посухҳои мушаххас гирифтанд.

    Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ рӯзноманигорони фаъол бинобар саҳми хоса гузоштан дар болоравии сатҳи маърифатии тиббии мардум, инъикоси бештари мавзӯи тандурустӣ дар ВАО-и ҷумҳурӣ бо Ҷоизаи Вазири тандурустӣ қадр карда шуданд.

    Вазири тандурустии кишвар Нусратулло Салимов ба журналистон Додохони Эгамзод – бунёдгузор ва сорбони рӯзномаи «Саломат бошед!», Мавҷуда Ҳасанова – хабарнигори Оҷонсии «Азия плюс» ва Олимҷон Қурбонов – мухбири рӯзномаи «Бизнес и политика» тӯҳфаи хотиравӣ супорид.

Маркази матбуоти ВТ 

 

 МУАССИСАИ БЕҲТАРИНИ СОЛИ 2008

      21.01.2009: 10 январи соли ҷорӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи озмуни муассисаи беҳтарини соли 2008 ҷамъбаст гардид.

     Беморхонаи клиникии ёрии таъҷилии тиббӣ дар байни муассисаҳои зертобеи раёсати тандурстии шаҳри Душанбе ғолиб эълон карда шуд.

    Инчунин Маркази илмии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина, беморхонаи вилоятии шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маркази вилоятии бемориҳои дили шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Маркази эндокринологии вилояти шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ва беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав хамчун муассисаҳои беҳтарини сол дониста шуданд.

     Ба роҳбарони беморхонаҳо сертификати муассисаи беҳтарини сол ва як адад компютер супорида шуд.

Маркази матбуоти ВТ ҶТ

 

 БАРҚАРОР СОЗИИ ШӮЪБАИ КӮДАКОНАИ БЕМОРХОНАИ ҶУМҲУРИЯВИИ БЕМОРИҲОИ СИЛИ «МАЧИТОН»

       21.01.2009: Дар асоси супориши Президенти мамлакат аз 17 апрели соли равон ҳангоми мавриди истифода қарор додани қисмати дуввуми Хона-интернати кӯдакони ноқис-ул-ақли Чорбоғ доир ба таъмин намудани шароити муносиб барои барқарорсозии саломатии кӯдакони маъюб роҳбарияти Вазорати тандурустӣ бо истифода аз бинои сеошёнае, ки то аввали солҳои навадум дар он Шӯъбаи кӯдаконаи Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сили «Мачитон» фаъолият менамуд қарор намуд, ки Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдаконро созмон диҳад.

        Дар биное, ки зикр карда шуд, аз соли 1965 то соли 1992 бо иқтидори 110 кат шӯъбаи бемориҳои сили кӯдакона фаъолият дошт.

       Дар ҳамин асос, бо истифода аз маблағи буҷетӣ, дастгирии молиявии созмонҳои байналмиллалӣ ва саҳмгузории бевоситаи шахсони алоҳида, ҷамъ ба маблағи умумии бештар аз 3.5 млн сомонӣ дар муддати камтар аз ним сол дар сатҳи ниҳоят муносиб ин марказ созмон дода шуд.

       Мақсад аз созмон додани Маркази ҷумҳуриявии барқарорсозии саломатии кӯдакон, амалӣ намудани ҳуқуқҳои кӯдакони маъюби гирифтори бемориҳои асаб ва ортопедӣ, дил ва рагҳо ба дастрас намудани кӯмаки реабилитатсионии тиббӣ тавассути намудҳои муосири ислоҳи тиббӣ ва ҷисмонӣ, табобати меҳнатӣ бо мақсади баргаштан ба ҷомеа мебошад. Дар айни ҳол Марказ дорои 2 шӯъба (пулмонологӣ ва ортопедо-неврологӣ) буда, ба 69.5 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст.

       Маркази номбурда барои гузаронидани реабилитатсияи тиббии кӯдакон бо бемориҳои узвҳои такягоҳӣ – ҳаракатӣ, дилу рагҳо ва системаи асаб пешбинӣ шудааст.

       Чунин муассисаи махсусгардонидашуда бори аввал дар ҷумҳурӣ кушода мешавад ва ягона муассисаи тиббиест, ки ба кӯдакони гирифтори бемориҳои ортопедию неврологӣ ва кардиопулмонологӣ аз гӯшаҳои гуногуни мамлакат имконияти гузаштани муолиҷаи барқарорсозиро пайдо менамояд.   

 ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ДАР СОЛИ 2008
ВА  ВАЗИФАҲОИ ОН ДАР СОЛИ 2009

      13.01.2009: «Вазорати тандурустӣ дар соли 2008 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ, корҳои муайянеро амалӣ намуд», - қайд кард дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ, Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов.

     Дар ҷаласа муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Руқия Қурбонова, роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таълимӣ, тиббию профилактикӣ, роҳбарони кумитаи иттифоқҳои касабаи муассисаҳои тандурустӣ, раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва сардухтурони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

     Вазири тандурустӣ Нусратулло Салимов оид ба фаъолияти Вазорати тандурустӣ дар соли 2008 ва вазифаҳои он дар соли 2009 баромад намуда қайд кард, ки дар соҳаи тандурустии кишвар 54 лоиҳаи инвеститсионӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳаҷми умумии маблағҳои ба соҳаи тандурустӣ равона шуда 445 214 280 сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 91 млн. 687 ҳазор сомонӣ маблағҳои кредитӣ ва 353 527 708 сомонӣ маблағҳои грантӣ мебошад. Дар соли сипаришуда бо дастгирии лоиҳаҳои инвеститсионӣ сохтмон ва таъмиру барқарорсозии зиёда аз 54 иншооти соҳаи тандурустӣ ба анҷом расонида бо таҷҳизотҳои муосир ҷиҳозонида шуданд.

      Дар доираи «Лоиҳаи мубориза бар зидди бемориҳои сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: марҳалаи 2», ки аз тарафи Бонки Олмонии Рушд дар ҳаҷми 4,6 млн. Евро маблағгузорӣ мегардад, корҳои сохтмонию таъмирӣ ва муҷҷаҳазгардонии Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил босуръат идома дошта, мувофиқи Нақшаи амалисозии лоиҳа иншооти мазкур то охири соли 2010 ба истифода дода мешавад.

     Лоиҳаҳои таҳия ва пешниҳод намудаи Вазорати тандурустӣ дар байни дигар давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷониби Хазинаи Глобалӣ оид ба мубориза бар зидди бемориҳои ВИЧ/СПИД, вараҷа ва сил ба маблағи 92 миллион доллари амрикои дастгирӣ ёфт.

    Аз ҷониби Бонки Олмонии Рушд ҷиҳати таъмиру барқарорсозии муассисаҳои таваллудии 10 ноҳияи вилояти Хатлон дар давоми солҳои 2009-2010 ба маблағи 17,4 млн. Евро ҷудо мегардад.

    Дар баробари ин, дар соли ҳисоботӣ лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ба маблағи 4 млн. доллари амрикоӣ оид ба масъалаҳои ғизои модарону кӯдакон аз тарафи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва ба арзиши 1,3 млн. доллари амрикоӣ оид ба рушди потенсиали муассисаҳои тандурустӣ аз ҳисоби гранти Алянси глобалии эмгузаронӣ дастгирӣ ёфт.

    Натиҷаҳои хуби Лоиҳаи тандурустии ҷомеавӣ ва заминавиро ба инобат гирифта Бонки Умумиҷаҳонӣ қарор қабул кард, ки иловатан боз 5 млн. доллари амрикоӣ ҷудо менамояд.

     Инчунин, дар давраи ҳисоботи барои муассисаҳои тиббию профилактикии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавӣ 97 нақлиёти санитарӣ харидорӣ карда шуд.

     Соли 2008 Идораи сохтмони асосии Вазорати тандурустӣ сохтмони 20 иншоотҳои соҳаи тандурустиро оғоз намуд ва корҳои сохтмониро дар 6 иншоот ба анҷом расонида, онҳоро мавриди истифода қарор дод.

Маркази матбуоти ВТ

 

МАШҚИ МУДОФИАИ ГРАЖДАНӢ ҲАНГОМИ РАХНАШАВИИ КӮЛИ САРЕЗ

       9.01.2009: Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон дар мавзӯъи «Ташкили маҷмуи чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи аҳоли ҳангоми рахнашавии кӯли Сарез» машқи мукаммали мудофиаи гражданӣ гузаронида шуд.

     Дар он хадамоти тиббии мудофиаи граждании ноҳияи Шаҳритус иштирок намуданд. Ҷиҳати расонидани кӯмаки амалӣ дар тайёр намудан ва гузаронидани машқ намояндагони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати тандурустии вилояти Хатлон сафарбар шуда буданд.

      Хадамоти тибии ноҳия вазифаҳои аз тарафи ситоди роҳбарикунандаи машқ гузошташударо ба пуррагӣ иҷро намуда, собит намуданд, ки дар ҳама ҳолатҳо аз иҷрои вазифаҳои касбии худ баромада метавонанд.

Маркази матбуоти ВТ

 

ИШТИРОКИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТИИ НОҲИЯИ НУРОБОД

     6.01.2009: Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 26 декабри соли 2008 Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов 6 январи соли ҷорӣ дар маҷлиси ҷамъбастии мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод иштирок намуд.

    Дар маҷлиси ҷамъбасти раиси ноҳия Зиёратшоҳи Сайдулло оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар соли 2008 ва вазифаҳо дар соли 2009 ҳисобот намуд. Сипас Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов доир ба дастовардҳо, проблемаву камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаи хоҷагии халқи ноҳия ва рушди он баромад намуд.

     Нусратулло Салимов ба ҳайси аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини соҳаро вазифадор намуд, ки барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда ва камбудиҳои ҷойдошта чораҳои амалӣ биандешанд.

Маркази матбуоти ВТ 

 

 ЭМКУНИИ ДОНИШҶӮДУХТАРОН ЗИДДИ БЕМОРИИ САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОН

      5.01.2009: Яке аз проблемаҳои афзалиятноки тандурустии муосир масъалаҳои вобаста ба саратон, алалхусус саратони гарданаки бачадон мебошад, ки таи солҳои охир беш аз пеш, ба қайд гирифта шуда истодааст.

     Дар ҳамин замина мутобиқи фармони Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов дар байни донишҷӯ духтарони Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ ва Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ зидди бемории саратони гарданаки бачадон эм гузаронида шуд.

     Барои пешгирии чунин беморӣ 19 ҳазор адад ваксинаи Гардасил аз ҳисоби лоиҳаи ХОУП (Барномаи башардӯстонаи (USAID)) маблағгузорӣ карда шуд.

     Чунин моякӯбӣ дар байни 6 ҳазор донишҷӯдухтарони курсҳои 3 ва 4 дар се давр гузаронида мешавад.

    Мақсад аз гузаронидани чунин чорабинӣ пешгирии бемории саратони гарданаки бачадон байни донишчудухтарон мебошад.

      Ваксинаи Гардасил истеҳсоли Sanati Pasteur-и кишвари Фаронса буда, барои пешгирии бемории саратони гарданаки бачадон ва дигар намудҳои саратони узвҳои таносул истифода бурда мешавад. Ваксинаи Гардасил барои наврасони аз 9 то 17 сола ва занони ҷавон аз 18 то 26 сола барои пешгирии бемориҳои зерин ки барангезандаашон вируси папиломаи одам типҳои 6, 11, 16 ва 18 пешбинӣ шудааст.

       Ёдовар бояд шуд, ки ваксинаи Гардасил на барои табобат, балки барои пешгирии саратони гарданаки бачадон мебошад.

 Маркази матбуоти ВТ

 

 СОХТМОНИ БЕМОРХОНАҲО МЕАФЗОЯД

     30.12.2008: Мутобиқи банди 10 чорабиниҳои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 1999 «Дар бораи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шӯробод, ба Вазорати тандурустӣ барои сохтмони беморхонаҳои маркази ноҳияви (БМН) супориш дода шуда буд.

    Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаро бо иқтидори 13 кат иборат аз шӯъбачаи рентгенӣ, ташхиси лабораторӣ, бинои трансформатории барқӣ, хати дупайвастаи тозаи барқӣ, чоҳи оби нушокӣ, хати оби нушокӣ, иншооти пасобтозакунӣ ва девори гирду атрофи беморхонаро 8 сентябри соли 2006 бо қарори раиси ноҳия таҳти №266/а бо маблағгузории 2410 ҳазор сомонӣ мавриди истифода қарор дод.

    Шӯъбаи кӯдаконаи беморхона барои 8 кат ба қадри 544.7 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ гардида, 17 августи соли 2007 бо қарори раиси ноҳия таҳти №219 ба истифода дода шуд.

     Аз моҳи августи соли 2007 Вазорати тандурустӣ сохтмони шӯъбаи таваллудии беморхонаро барои 16 кат оғоз намуда, моҳи декабри соли 2008 онро мавриди истифода қарор дод. Маблағи умумии иншоот дар ин давр 1756 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла таҷҳизоти зарурии тиббӣ 100 ҳазор сомониро дар бар гирифт.

 Маркази матбуоти ВТ

 

БЕМОРОНИ ҶУЗОМ ТАҲТИ САПАРАСТИИ ҲАМЕШАГИИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИЯНД

      30.12.2008: Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон 72 нафар беморони ҷузом, аз ҷумла 44 нафар мард ва 28 нафар зан ба қайд гирифта шудааст, ки аз инҳо 16 нафарашон дар шӯъбаи ҷузом воқеъ дар савхози Боғистони ноҳияи Ҳисор умр ба сар мебаранд. Аз соли 2001 то инҷониб дар қаламрави ҷумҳурӣ ягон бемори нав ба қайд гирифта нашудааст.

      Баҳри дастгирии беморони шӯъбаи мазкур роҳбарияти Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои башардӯстона ва шахсони алоҳида пайваста кӯмак мерасонанд. Бояд қайд кард, ки беморони мазкур маҷрӯҳони гурӯҳи 1 ва 2-юм буда, аз тарафи заводи ортопедии Вазорати ҳифзи меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо пойафзолҳои махсус пайваста таъмин мебошанд.

      Ҳудуди шӯъбаи мазкур 50 га заминро ташкил медиҳад, ки аз ин 29 га заминҳои корам ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, ҳудуди заминҳои корам аз хору буттаҳо ва дарахтони фарсуда тоза карда шуда, айни замон дар 27 га он ғаладона кишт карда шудааст.

      Масъалаи асосие, ки ҷой дорад ин ҳам бошад аз нав барқароркунии саломатии беморон мебошад, ки бевосита бо усулҳо ва асбобҳои физиотерапевтӣ эҳтиёҷ доранд.

Маркази матбуоти ВТ 

 

КӮМАКИ ХАЙРИЯ БА НИЁЗМАНДОН

     29.12.2008: Ҳамасола ба кӯдакони маъюб, сағира ва бепарастор кӯмаки доимии хайрия аз тарафи зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва сарпарастон бахшида ба идҳои Рамазон, Қурбон, рӯзи Конститутсияи ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли нав ва ғайра ба Хонаҳои кӯдакони шаҳри Душанбе, Ҳуҷанд ва Шифохонаи ҳамшираҳои шафқати шаҳри Душанбе, ба монанди маводҳои хӯрока, пӯшока, шустушӯй, тӯҳфаҳои гуногун ва асбобҳо барои маъюбон кӯмак расонида мешавад.

      Дар соли 2008 ба ин муассисаҳо аз тарафи зерсохторҳои Вазорати тандурустӣ ва сарпарастон ба маблағи умумии 54043 сомонӣ кӯмаки хайрия расонида шуд.

    Инчунин дар назар аст, ки дар арафаи Соли нави милодӣ ба Хонаҳои кӯдакони шаҳри Душанбе, Ҳуҷанд ва Шифохонаи ҳамшираҳои шафқати шаҳри Душанбе туҳфаҳои соли навӣ расонида мешаванд.

Маркази матбуоти ВТ

 

 37 МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИЮ ПРОФИЛАКТИКИИ ҶУМҲУРӢ ДОРОИ СЕРТИФИКАТ ГАРДИДАНД

      29.12.2008: Моҳи декабри соли ҷорӣ Беморхонаҳои Марказии ноҳияҳои Данғара, Ёвон, Шаҳритӯс ва Восеи вилояти Хатлон ва ноҳияҳои Шаҳристон, Ғончӣ ва шаҳри Табошари вилояти Суғд дорои сертификати умумиҷаҳонӣ оид ба «Беморхонаи муносибати некбинона нисбати атфол» шуданд.

    Беморхонаҳои Марказии ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ваҳдат, Спитамени вилояти Суғд, Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологӣ аз сертификатсияи такрорӣ оид ба «Беморхонаи муносибати некбинона нисбати атфол»-ро гузаштанд.

    Ҳамин тариқ, 37 муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ дорои ин сертификат гардиданд. Дар ин муассисаҳо 53,6 фоизи кӯдакони навзод таваллуд меёбанд.

Маркази матбуоти ВТ

 

 МАРКАЗИ МУОСИРИ ТАЪЛИМИЮ КЛИНИКИИ ТИББӢ ОИЛАВИ ДАР ҚИЗИЛ- ҚАЛЪА

     25.12.2008: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол бо мақсади дар сатҳи ғайримуттамарказонида ба роҳ мондани бозомӯзии мутахассисони муассисаҳои тандурустии кишвар марбут бо тибби оилавӣ корҳои мушаххасро амалӣ намуда истодааст.

       Бинобар талаботи бештари аҳолӣ ба мутахассисони тибби оилавӣ дар вилояти Хатлон (зиёда аз 1500 табиб ва зиёда аз 3100 ҳамшира), зарурияти ба истифода додани Маркази таълимию клиникии тибби оилавӣ дар вилояти Хатлон бо шароитҳои муносиб ва муосири корӣ ба миён омад.

      Рӯзи 26 декабри соли 2008 дар мавзеи Қизил-Қалъаи ноҳияи Хуросон аз тарафи Маркази татбиқи Лоиҳа оид ба тандурустии ҷомеавӣ ва заминавӣ бо маблағгузории Бонки умумиҷаҳонӣ Маркази таълимию клиникии тибби оилавии вилояти Хатлон бо синфхонаҳои муосир, толорҳои мутолиа ва лексионӣ, хобгоҳ барои толибилмон, китобхонаи анъанавӣ, маркази автономии гармидиҳӣ, бино барои нигоҳдории нақлиёт ва манбаи обтаъминкунӣ бо зарфи ғунҷоишаш зиёда аз 100 тонна баъди таъмиру барқарорсозӣ расман ба истифода дода мешавад. Ғайр аз ин, Маркази мазкур бо таҷҳизотҳо барои гузаронидани презентатсияҳо, техникаи маишӣ, мебели таълимӣ, дастгоҳҳои нусхабардорӣ, адабиёти илмию таълимӣ, воситаҳои муосири алоқа, аз ҷумла пайваст ба шабакаи байналмилалии Интернет, генератори баландшиддат ва нақлиёт таъмин карда шудааст.

       Маркази мазкур дар Қизил-Қалъа ягона Маркази таълимию клиникие мебошад, ки бо иқдоми Вазорати тандурустӣ ва дастгирии бевоситаи Маркази татбиқи Лоиҳа оид ба тандурустии ҷомеавӣ ва заминавӣ соҳиби хобгоҳи муосир барои истифодаи 57 нафар дарсгирандагон ҷудо гардида, дорои техникаи муосири маишӣ, аз ҷумла асбобҳои гармидиҳанда ва хӯрокпазӣ, либосшӯӣ, мебели нарм, телевизорҳои бузург ва дигар ашёҳои барои зиндагӣ ва истироҳат муҳим мебошад. Барои таъмини бемайлони барқ ба Марказ хатти озоди барқ гузаронида шуда, трансформатори алоҳида насб карда шудааст.

     Инчунин бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи Лоиҳаи тандурустии ҷомеавӣ ва заминавӣ, бо маблағгузории Бонки Умумиҷаҳонӣ барои муассисаҳои тандурустии вилоят 20 адад нақлиёти санитарии УАЗ, 21 адад автомашинаи «НИВА», 1 адад «Ҷип Хунда Таксон» ва 1 адад автомашинаи «НИВА– Шевролет» дар ин рӯз такдим мегардад, ки ин барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат менамояд.

Маркази матбуоти ВТ

 

ВАЗЪИ БЕМОРИИ ҲОРӢ ВА БЕМОРИҲОИ СИРОЯТКУНАНДАИ ҶИНСӢ МАВРИДИ БАРРАСИИ ҶАЛАСАИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ

        24.12.2008: 23 декабри соли равон ҷаласаи навбатии мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он ду масъалаи муҳими соҳаи тандурустӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд.

      Аз рӯи масъалаи аввал: «Вазъи эпидемиологии бемории ҳорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Наврӯз Ҷаъфаров – сардори Раёсати эпидемиологии Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ маърӯза намуда, қайд намуд, ки дар солҳои 2006 (2 ҳодиса) ва 2007 (1 ҳодиса) кам гаштани сатҳи бемории ҳорӣ ба назар расида буд, вале дар 10 моҳи соли 2008 (13 ҳодиса) нисбат ба 10 моҳи соли 2007 (7 ҳодиса) болоравӣ сатҳи ин беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

     Инчунин қайд карда шуд, ки сабабҳои асосии дучори бемории ҳорӣ гардидани аҳолӣ ин дар 70 – 80% ҳолатҳо саривақт муроҷиат накардани осебдидагон барои гирифтани ёрии таъҷилӣ ва маърифатнокии пасти аҳолӣ оиди ин беморӣ ва пешгирии он мебошад. Дар баробари ин қайд гардид, ки яке аз сабабҳои фавт аз ин беморӣ ин ба қадри зарурӣ ҷудо нагардидани маблағ барои дастрас намудани маводҳои табобатӣ, аз ҷумла гамма – глобулин ва ваксинаи зидди бемории ҳорӣ ва дар ҳудуди ҷумҳурӣ камчин будани ин маводҳо мебошад. Баҳри бартараф намудани камбудиву норасоиҳо ба сохторҳои масъули Вазорати тандурустӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

      Аз рӯи масъалаи дуюм: «Дар бораи «Барномаи миллии пешгирӣ ва мубориза алайҳи ВИЧ/СПИД ва бемориҳои сирояткунандаи ҷинсӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2007» Азизулло Қосимов – директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул ва Муродали Рӯзиев – директори Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД маърӯза намуданд ва қайд карда шуд, ки аз соли 1991 то инҷониб 1422 ҳодисаи сирояти ВИЧ ба қайд гирифта шудааст. Аз ин миқдор 1148 ҳодиса дар байни мардон ва 274 ҳодиса дар байни занон ба қайд гирифта шудааст. Аз рӯи роҳҳои гузариш сирояти ВИЧ 56,3% ё 802 ҳодиса бо роҳи тазриқӣ, 25,5% ё 364 ҳодиса бо роҳи алоқаи ҷинсӣ, дар 17,2% ё 245 маврид роҳҳои номаълум ва 0,7% ё 11 ҳодиса аз модар ба кӯдак сироят ёфтанд. Аз байни сироятшудагон 140 нафарашон муҳоҷирони меҳнатӣ мебошанд, ки 9,8%-ро ташкил менамояд.

      Ба ғайр аз ин, дар доираи Барномаи мазкур дар 30 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳуҷраҳои боварӣ оид ба табобати синдромӣ нисбати бемориҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ сироятёбанда ташкил карда шуд. Бо мақсади татбиқи Барнома то имрӯз 22 семинар нисбати омӯзиши мутахассисон гузаронида шуд ва дар маҷмӯъ 355 нафар кормандони соҳаи тиб омӯзонида шуд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ҳуҷраҳои боварӣ бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва дастгирии Хазинаи глобалӣ пурра бо лавозимотҳои тиббӣ (микроскоп, реактивҳо, спирт, мизу курсиҳо) ва 10 номгӯи доруворӣ таъмин карда шудаанд ва духтурони ин ҳуҷраҳо ба миқдори 140 – 200 сомонӣ аз ҳисоби Хазинаи глобалӣ маош мегиранд.

     Дар баробари дастовардҳо дар самти татбиқи Барнома баъзе камбудиҳо низ мавҷуданд, ки нисбати бартараф кардани онҳо супориҳои мушаххас дода шуд.

Маркази матбуоти ВТ

 

 ЭҲТИЁТ БЕМОРИИ БОТУЛИЗМ!

      23.12.2008: Шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар арафаи фарорасии соли нави 2009-ум қарор доранд, дар ин рӯзҳои ид аз ҳаргуна маҳсулотҳои хӯрока истифода мебаранд, аз он ҷумла аз маҳсулотҳои консервагӣ, қаннодии дар шароити хона тайёршуда.

    Аз ҳамин лиҳоз Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри пешгирии бемории ботулизм ва дигар бемориҳои сироятӣ аз шарвандон хоҳиш менамояд, ки аз истеъмоли ҳаргуна маҳсулотҳои пастсифати дар шароити хона тайёршуда худдори намоянд.

    Бояд қайд намуд, ки ботулизм бемории вазнини гурӯҳи заҳролудшавӣ аз маводи хӯрокаи табиати микробӣ дошта мебошад.

Маркази матбуоти ВТ

 

 ОМОДАГИИ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИЮ ПРОФИЛАКТИКИ ҶУМҲУРӢ БА МАВСИМИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОНИ СОЛҲОИ 2008-2009

      23.12.2008: Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009» ва оиди омодагии муассисаҳои табобатию профилактики ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009, як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

    Зикр бояд кард, ки ҷиҳати тайёрии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ як қатор тадбирҳо то имрӯз амалӣ шудаанд.

    Тибқи маблағҳои дар соли 2008 ҷудошуда, нақшаи захира дар давраи омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 дар муассисаҳои табобатию профилактикии ҷумҳурӣ чунин мебошад, захираи ангишт 5110,5 тонна, дар асл 4895,6 тонна (95,8%), ҳезум 6955 м3, дар асл 9215,5 м3 (132,3%), сӯзишворӣ 185,5 тонна, дар асл 148,4 тонна (80%) захира карда шуд.

    Иҷро нашудани нақшаи захираи ангишт дар он аст, ки дар ҳудуди ВМКБ нархи 1 тонна ангишт аз 400 сомонӣ то 850 сомонӣ расид. Аз ин сабаб ба ҷои ангишт ҳезум харидорӣ шудааст. Нақшаи захира дар ВМКБ ангишт 1003,3 тонна, дар асл 575 тонна (57,3%), ҳезум 1220м3, дар асл 3420,5м3 (280,4%)-ро ташкил медиҳад, ки захираи ангишт ва ҳезум дар муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоят кофӣ буда, барои зимистонгузаронии солҳои 2008-2009 пурра таъмин карда метавонад.

    Бояд қайд кард, ки нақшаи захираи сӯзишворӣ 80% иҷро гардид, захираи сӯзишворӣ ва маводӣ хурокворӣ ҳар моҳ тибқи маблағҳои ҷудогардида харидорӣ карда мешаванд.

     Ҳамаи беморхонаҳои марказии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дорои хати тозаи барқ, 3415 адад печкаи барқӣ ва 612 адад генераторҳои барқӣ буда, дар ҳолати қатъ гардидани қувваи барқ мавриди истифода қарор дода мешаванд. Дар қисми зиёди муассисаҳои соҳаи тандурустӣ корҳои шишабандӣ, таъмири капиталӣ ва косметикии бинову иншоотҳо ва қубурҳои обгузар гузаронида шудааст.

    Инчунин корҳои тайёрӣ барои гузарондани фасли тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 давом дошта, таҳти назорати доимии Вазорати тандурустӣ қарор дорад.

Маркази матбуоти ВТ

 

ТАЪМИНИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ МОДАРОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРАИ ТО СОЛИ 2014

       22.12.2008: 26 декабри соли ҷорӣ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кумак ва дастгирии  Чамъияти Олмон оид ба хамкорихои техники,  бо мақсади баррасии масъалаи механизми идора ва таъмини татбиқи Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2014, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 таҳти № 370 тасдиқ карда шудааст, Машварати миллӣ гузаронида мешавад.

     Чорабинии мазкур, дар мавзӯи «Татбиқи Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2014» мегузарад.

     Дар он масъулини вазорату кумитаҳо ва идораҳои дахлдор, инчунин ташкилотҳои кӯмакрасон иштирок хоҳанд кард.

Маркази матбуоти ВТ 

 

ҲАЛЛИ ПРОБЛЕМАИ ГИЁҲДАРМОНӢ ВА ИСТИФОДАИ ГИЁҲҲОИ ДОРУВОРӢ ДАР КИШВАР

      19.12.2008: 19 декабри соли ҷорӣ дар иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо ибтикори Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ, Институти байналмилалии омӯзиши осори Ибни Сино ва фармакология (ИБООИС) Анҷумани якуми фитотерапевтҳо ва фитофармакологҳои Тоҷикистонро баргузор гардид.

     Дар анҷуман намояндагони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ, кормандони Пажӯҳишгоҳи байналхалқии омӯзиши осори Абӯалӣ ибни Сино ва фармакология, инчунин олимони варзидаи соҳа иштирок намуданд.

    Дар он масъалахои муҳими проблемаи гиёҳдармонӣ ва истифодаи гиёҳҳои дорувори кишвар, ба монанди нашри китобу рисолаҳои олимони тибби тоҷик оид ба гиёҳдармонӣ, маълумот оид ба гиёҳҳои дорувории кишвар, натиҷаи омӯзиши клиникӣ ва фармакологии гиёҳҳои шифобахши кишвар ва имкониятҳои ҳал намудан ва рушди минбаъдаи соҳа мавриди барраси карор доштанд.

    Тавре муовини Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳибназар Раҳмонов дар баромади худ қайд намуд, гиёҳдармонӣ – муолиҷаи бемориҳо бо ёрии доруҳои набототӣ, яке аз усулҳои қадимтарини табобатии тибби суннатӣ ба шумор меравад.

     Дар маросими ба истифодадиҳии бинои навтаъмири Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар самтҳои муҳими соҳаи тандурустӣ, дар шароити кунунии рушди мамлакат соҳаи гиёҳдармониро низ яке аз соҳаҳои муҳим арзёби намуданд.

     Сарвари давлат, Вазорати тандурустӣ ва сохторҳои дахлдори онро вазифадор намуд, ки дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳифзи муҳити зист минбаъд ба масъалаи парвариш ва ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, фурӯши онҳоро дар дорухонаҳои кишвар, ташкили гӯшаҳои махсуси чойнушӣ бо истифода аз гиёҳҳои шифоӣ ё бо роҳи ташкили дорухонаҳои махсус васеъ ба роҳ монанд.

   Чуноне, ки қайд гардид, баргузории анҷумани якуми фито-гиёҳпизишкони Тоҷикистон такони хубе мегардад дар роҳи дар амал татбиқ намудани пешниҳодҳои вобаста ба ворид намудани воситаҳои дорувории ватанӣ дар ивази доруҳои синтетикии начандон безарари хориҷӣ ва истифодаи васеи усули табобати гиёҳдармонӣ дар кишвар.

Маркази матбуоти ВТ

 

ТАЪМИН НАМУДАНИ СОЛИМИИ РЕПРОДУКТИВИИ НАВРАСОН ВА ҶАВОНОН ДАР ТОҶИКИСТОН

      18.12.2008: 18 декабри соли ҷорӣ Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилоти ғайридавлатии байналмилалии КАРЕ Тоҷикистон дар мавзӯи баҳодиҳии миёнамуҳлати лоиҳаи «Фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмин намудани солимии шаҳвонӣ ва репродуктивии наврасон ва ҷавонон» мизи мудаввар доир намуд.

     Дар он инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, аз ҷумла ЮНИСЕФ, Хазинаи аҳолии СММ, Алянси танзими оилаи Тоҷикистон ва сохторҳои масъули Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

    Тавре қайд гардид, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайридавлатии байналмилалии КАРЕ барномаи 3 соларо оид ба таъмин намудани солимии шаҳвонӣ ва репродуктивии наврасон ва ҷавонон дар Тоҷикистон амалӣ карда истодааст.

      Барои ноил шудан ба ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 марказҳои маърифатӣ-иттилоотии хайрхоҳона ба ҷавонон ташкил карда шуданд ва 375 нафар ихтиёриён омӯзонида шудаанд, ки онҳо ҳоло ҳамчун тренерон аз рӯи принсипи «ҳамсол ба ҳамсол» фаъолият доранд. 

     Аз тарафи барнома 8 маркази тиббӣ – машваратии хайрхоҳона ба ҷавонон пас аз таъмир ва таҷҳизонидан ба истифода дода шуд ва 72 нафар кормандони тиб доир ба хизматрасонии хайрхоҳона ба ҷавонон омӯзонида шуданд.

      Инчунин барои дастрасии гурӯҳҳои осебпазири ҷавонон барнома бо 5 ташкилоти ғайридавлатии маҳаллӣ ҳамкорӣ карда, барои баланд бардоштани иқтидори онҳо оид ба солимии репродуктивӣ мусоидат намуда истодааст.

Маркази матбуоти ВТ 

 

ИБТИКОРИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ҶИҲАТИ АМАЛӢ НАМУДАНИ САРИВАҚТИИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ МАМЛАКАТ

      15.12.2008: Тибқи Фармони Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини Вазири тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов дар ҳайати сардорони раёсатҳои шӯъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва роҳбарони сармуассисаҳои ҷумҳурӣ дар давоми ду ҳафта аз вазъи хизматрасонии тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дидан намуданд.

     Дар рафти омӯзиш аз ҷониби гурӯҳи корӣ фаъолияти зиёда аз 17 беморхонаҳои ноҳиявӣ, 85 марказу дармонгоҳҳо ва 105 марказҳои саломатӣ мавриди санҷиш карор гирифтанд.

     Натиҷаҳои омӯзиш дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати тандурустии вилояти Суғд, ки бо иштироки муовини раиси ҳукумати вилояти Суғд Мавҷуда Бобоева муҳокима гардид. Нисбати он роҳбарони муассисаҳое, ки ба камбудиҳо роҳ додаанд қарорҳои мушаххас ва чораҳои маъмурӣ дида шуд.

     Ҳамзамон супориш дода шуд, ки ба мақсади бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта нақшаи чорабиниҳо ва барномаҳои махсуси рушди соҳаи тандурустии вилояти Суғд таҳия карда шавад.

       Ҳамчунин бо иштироки муовини Вазири тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов ҷаласаи муовинони раиси ҳукумати шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки сарпарасти соҳаи тандурустӣ мебошанд, баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои ҳалталабе, ки иҷроиши онҳо аз мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вобастагӣ дорад ва роҳҳои ҳалли онҳо муҳокима карда шуданд.

 Маркази матбуоти ВТ

 

ҶАЛАСАИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

       4.12.2008: 3 декабри соли ҷорӣ ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

      Дар он роҳбарият, кормандони Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ, роҳбарони муассисаҳои илмию таълимӣ, тиббию профилактики, роҳбарони кумитаи иттифоқҳои касабаи муассисаҳои тандурустӣ, раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва сардухтурони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

     Дар ҷаласа масъалаҳои «Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006 – 2010», иҷроиши Нақшаи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимии репродуктивии аҳолӣ дар давраи то соли 2014, тайёрии саривақтии соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба кори самаранок ва мунтазам дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2008 – 2009» ва вазъи иҷозатномадиҳии фаъолияти тиббӣ ва фармасевтӣ дар солҳои 2007 ва 2008 мавриди муҳокима қарор дода шуд.

     Чуноне, ки зикр гардид новобаста аз натиҷаҳои назаррас дар таъмини сатҳ ва сифати расонидани ёрии тиббӣ ба аҳолӣ оид ба солимии репродуктивӣ ва танзими оила дар муассисаҳои тандурустии мамлакат, то ҳол нишондиҳандаҳои фавти модарону кӯдакон, исқоти ҳамл, таваллуди кӯдакон дар фосилаи камтар аз ду сол дар сатҳи баланд қарор дошта, фоизи истифодабарандагони маводҳои контрасептивӣ миёни занони қобили таваллуд қаноатбахш нест ва дар сатҳи паст қарор дорад.

      Соли 2007 – 2008 Вазорати тандурустии мамлакат як қатор чорабиниҳоро дар чорчӯбаи татбиқи нақшаи солимии репродуктивӣ ва танзими оила амалӣ намуд ва дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ғайридавлатии КАРЕ - интернатсионал дар 5 муассисаи тандурустии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Ваҳдат ва Ёвон барои наврасон ва ҷавонони Шӯъбаҳои тиббию машваратӣ барои дарёфти иттилооти зарури оид ба солимии репродуктивию танзими оила ташкил намуд.

     Инчунин қайд гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳукуматҳои маҳалӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ барои таъмини мунтазами кори муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ дар мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008-2009 корҳои муайянеро ба сомон расонида шуд ва дар ин самт корҳо давом доранд.

      Дар доираи татбиқи Консепсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷдиди сохтори беморхонаҳо барои солҳои 2006 – 2010» ва «Барномаи рушди системаи иттилоотии идоракунии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010», бо иштироки мутахассисони системаи омор ва иттилооти тиббӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Қурғонтеппа, ва Хуҷанд бо дастгирии Лоиҳаи ЗдравПлюс ва Маркази татбиқи Лоиҳа оид ба тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ (Бонки умумиҷаҳонӣ) семинарҳои омӯзиши дар мавзӯи «Пурзӯр намудани системаи иттилоотии идоракунии сохтори госпиталӣ» гузаронида шудааст.

Маркази матбуоти ВТ 

 

 АНҶУМАНИ ЯКУМИ ФИТОТЕРАПЕВТҲО ВА ФИТОФАРМАКОЛОГҲОИ ТОҶИКИСТОН

       3.12.2008: Моҳи декабри соли ҷорӣ Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ дар якчоягӣ бо Институти байналмилалии омӯзиши осори Ибни Сино ва фармакология (ИБООИС) гузаронидани Анҷумани якуми фитотерапевтҳо ва фитофармакологҳои Тоҷикистонро ба нақша гирифтаанд, ки бешубҳа, маъракаи муҳими илмии сатҳи чаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

       Дар анҷуман иштироки олимони варзида аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Россия, Америка, Франсия, Чин ва ғайра дар назар аст.

      Дар мақолаҳои илмии анҷуман, ки дар маҷмӯаи «Масъалаҳои фитотерапия ва фитофармакология» ҷой гирифтаанд, чунин масъалаҳои муҳими тибби муосир, ба монанди масъалаҳои умумӣ ва ҷузъии фитотерапия, вазъи ҳозираи тибби халқии тоҷик, ҳамчунин дастовардҳо ва масъалаҳои ҳалталаби фитофармакологияи тоҷик мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.

     Қариб дар аксари мақолаҳои олимони хориҷӣ ҳамкорон – олимони тоҷик, кормандони Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ мебошанд, ки ин аз дастовардҳои илмии Марказ дарак медиҳад.

Маркази матбуоти ВТ

 

 МАҶЛИСИ ШӮРОИ ТАНДУРУСТИИ ҶОМЕАИ ИҚТИСОДИИ ЕВРАЗИЯ

      27.11.2008: Дар шаҳри Душанбе маҷлиси панҷуми Шӯрои тандурустии назди Кумитаи иҷроияи Ҷомеаи иқтисодии Евразия баргузор гардид. Дар он намояндагони Тоҷикистон, Белорусия, Қазоқистон, Россия, Қирғизистон, инчунин котиботи Кумитаи ҳамгироии Ҷомеаи иқтисодии Евразия ва гурӯҳи минтақавии амалӣ сохтани барномаҳои назорати СПИД дар Осиёи Марказӣ ширкат варзиданд.

    Дар маҷлис масъалаҳои ҳамкорӣ дар бобати пешгирӣ ва кам кардани бемориҳои сирояткунанда муҳокима шуданд.

    Қарор дода шуд, ки маҷлиси ояндаи Шӯрои мазкур дар Федератсияи Россия гузаронида шавад. Дар он ҷараёни иҷрои барномаи байнидавлатии «Саломатии халқҳои мамлакатҳои аъзои Ҷомеаи иқтисодии Евразия», ҳамкорӣ дар рушди муносибатҳо ва технологияи иттилоотӣ дар соҳаи тандурустӣ ва кӯмаки технологии тиббӣ ба мамлакатҳои аъзои ҷомеа муҳокима мешаванд.

    Ёдовар бояд шуд, ки Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов раиси шӯърои тандурустии Ҷомеаи иқтисодии Евразия интихоб гардид.

Маркази матбуоти ҶТ

 

 ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ БЕМОРИҲОИ ПӮСТ ВА УЗВҲОИ ТАНОСУЛ

       27.11.2008: 28 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси Маркази ҷумҳуриявии клиники бемориҳои пӯст ва узвҳои таносули Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар оид ба таҳрезии фаъолияти санҷишгоҳҳои серологӣ (RW) баргузор мегардад.

       Мизи мудаввар тибқи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ки 25 ноябри соли 2008 дар вохӯрӣ бо кормандони тибби кишвар дар Донишгоҳи Давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино барои солҳои 2008 – 2009 баргузор шуда буд гузаронида мешавад. Дар он мутахассисони соҳаи тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

     Инчунин як қатор чорабиниҳо оид ба мубориза бо паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории СПИД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2007-2010, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳоли аллалхусус нисбати санҷиши хун дар санҷишгоҳҳои серологии кишвар, пурзур намудани базаи моддию – техники санҷишгоҳҳои серологии мамлакат, мустаҳкам ва таҳким бахшидани ба тарзи хизматрасонии тиббии хайрхоҳона ба ҷавонон ва дар якҷоягӣ бо Маркази ҷумҳуриявии илмии хун ва пажуҳишгоҳи илмию – тадқиқоти тибби – профилактикӣ ва сохторҳои соҳа ба роҳ мондани усулҳои ҳозиразамони санҷишҳои хун ва ғайраҳо гузаронида мешаванд.

 Маркази матбуоти ВТ

 

ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ТИББИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО АЗ НАВ БА ИСТИФОДА СУПУРДА ШУД

         26.11.2008: 25 ноябри соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар кушодашавии Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ширкат варзид.

       Бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон биноҳои марказии донишгоҳ пас аз барқарорсозии баъдисӯхтор дубора ба истифода супурда шуд.

      Хотиррасон бояд кард, ки бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббиро, ки соли гузашта бар асари сӯхтори шадид нобуд гардида буд, коргарону мутахассисони ширкатҳои сохтмонии «Авторем», «Асос» ва «Сомон - сохтмон» барқарор намуданд. Донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ низ дар сохтмони бино саҳми калон гузоштанд.

      Бояд гуфт, ки ганҷинаи китобхонаи донишгоҳ ва бойгонии он аз сӯхтор наҷот дода шуда буд. Бинои Донишгоҳи давлатии тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли 1939 сохта шуда, яке аз биноҳои кӯҳнатарини пойтахт ба шумор меравад.

     Дар натиҷаи чораҳои фаврии андешидаи Президенти мамлакат дар зарфи камтар аз 11 моҳ ин биноҳо барқарор ва аз пештара дида хеле ободу зебо ва муҷаҳҳазу мураттаб шудаанд. Танҳо барои сохтмону барқарорсозии биноҳо бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон беш аз 14 миллиону 100 ҳазор сомонӣ маблағҳои ҷумҳуриявӣ сарф шудааст.

      Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо шароити таълимии навбунёд дар донишгоҳ аз наздик шинос шуда, аз он изҳори қаноатмандӣ намуд. Зимни сӯҳбатҳо зикр гардид, ки ба донишгоҳ беш аз 1 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ маблағҳои хайриявии давлатҳои хориҷӣ, ташкилоту муассисаҳои ватанӣ ва шахсони алоҳида техникаю таҷҳизоти гаронарзиши таълимӣ, таҷрибавӣ ва ташхисию муолиҷавӣ ворид карда шудааст, ки метавонанд ба болобарии сифати таълим ёрӣ расонанд.

      Инчунин ба китобхонаи электронии донишгоҳ таваҷҷӯҳи хосса зоҳир гардид, ки ин китобхона дорои 70 компютер буда, ҳар яки он ба шабакаи ҷаҳонии Интернет пайваст мебошанд. Дар донишгоҳ боз 6 синфхонаи дигари компютерӣ бо Интернет ва китобхонаи электронӣ пайвастанд ва 135 компютери ба Интернет пайвастшуда барои истифодаи донишҷӯён омода гардидааст.

     Имрӯз танҳо дар хотираи компютерҳои ин китобхонаи электронӣ 7 ҳазор китобҳои таълимӣ ва илмӣ ҷойгир шудаанд. Зимни шиносоӣ бо китобҳои нави илмию таълимӣ, ки бо забонҳои тоҷикию русӣ дастраси донишҷӯён мегарданд, зикр гардид, ки таъминоти донишгоҳ бо китобҳои дарсӣ аз 46,8 дар сади соли 2005 имрӯз ба 86 дар сад расидааст.

      Мутобиқи дастурҳои дигари Сарвари давлат бояд дар кишвар Академияи илмҳои тиббӣ, Маркази ҷумҳуриявии ташхиси хун ва Маркази бемориҳои гулӯ ва гӯшу бинӣ таъсис дода шаванд ва хобгоҳҳои донишҷӯён дубора ба мувозанаи Донишгоҳи Давлатии Тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино баргардонда шаванд. Ду хобгоҳ аллакай то охири соли оянда бояд пурра барқарор карда, 1,5 ҳазор донишҷӯ бо ҷойи хоб таъмин шаванд.

Маркази матбуоти ВТ 

 

 САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР МАРОСИМИ БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ АСОСИИ ДДТТ ИШТИРОК МЕКУНАД

         24.11.2008: 25 ноябри соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани бинои асосии Донишгоҳи Давлатии тиббии ба номи Абӯали ибни Сино иштирок хоҳад кард.

       Дар маросими ба истифода додани бинои асосии донишгоҳ кормандони муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои мамлакат, инчунин донишҷӯён иштирок менамоянд. Тавре хабар дода шуда буд, Ҳукумати мамлакат барои барқарор сохтани бинои асосии донишгоҳ бештар аз 14 миллион сомонӣ ҷудо кард.

      Бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббиро, ки соли гузашта бар асари сӯхтори шадид нобуд гардида буд, коргарону мутахассисони ширкатҳои сохтмонии «Авторем», «Асос» ва «Сомон - сохтмон» барқарор намуданд. Донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ низ дар сохтмони бино саҳми калон гузоштанд. Бояд гуфт, ки ганҷинаи китобхонаи донишгоҳ ва бойгонии он аз сӯхтор наҷот дода шуда буд. Бинои Донишгоҳи давлатииё тиббии ба номи Абӯалӣ ибни Сино соли 1939 сохта шуда, яке аз биноҳои кӯҳнатарини пойтахт ба шумор меравад.

Маркази матбуоти ВТ

 

 СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИТСОН ДАР БОРАИ РУШДИ САЛОМАТИИ КӮДАКОН ВА НАВРАСОН ТО СОЛИ 2015

        24.11.2008: 29 ноябри соли ҷорӣ дар маҷмааи давлатии «Кайён -1» машварати миллӣ оид ба татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикитсон дар бораи рушди саломатии кӯдакон ва наврасон то соли 2015» гузаронида мешавад.

       Дар он намояндагони Вазорати тандурустӣ, масъулини вазорату кумитаҳои ҷумҳурӣ, ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.

    Инчунин дар он масъалаҳои стратегияи аврупоӣ оид ба рушди саломатии кӯдакон ва наврасон, мундариҷа, мақсад ва вазифаҳои «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушди саломатии кӯдакон ва наврасон то соли 2015» муҳокима карда мешаванд.

Маркази матбуоти ВТ

 

КОНФЕРЕНСИЯИ XIV СОЛОНАИ ИЛМӢ – АМАЛИИ ДОНИШКАДАИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ БАЪДИДИПЛОМИИ КОРМАНДОНИ ТИББИ ТОҶИКИСТОН

      21.11.2008: 22 ноябри соли равон конференсияи XIV солонаи илмӣ – амалии Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони давлатҳои бурунмарзӣ баргузор мегардад.

     Конференсияи мазкур бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон бахшида ба мавзӯи «Моҳияти таълимоти баъдидипломӣ ва мунтазам барои ҳалли масъалаҳои муосири тандурустӣ» гузаронида мешавад.

    Дар он мутахассисони Вазорати тандурустӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Маркази матбуоти ВТ 

 

ИНШООТҲОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУДАНД

     20.11.2008: Идораи сохтмони асосии Вазорати тандурустӣ дар соли 2008 як қатор иншоотҳои соҳаи тандурустиро бо таҷҳизотҳои зарурии тиббӣ ҷиҳозонида мавриди истифода қарор дод.

     Маркази саломатии деҳаи Қизил-Юли ноҳияи Турсунзода ба маблағи умумии 574 ҳазор сомони, таҷҳизот 30 ҳазор сомонӣ, обтаъминкунии беморхонаи касалиҳои пусти ноҳияи Ҳисор ба маблағи умумии 200 ҳазор сомонӣ, аз навсозии бомҳои БМН Шаҳринав ба маблағи умумии иншоот 180 ҳазор сомониро ташкил медиханд.

    Илова бар ин соли равон Идораи сохтмони асосии Вазорати тандурустӣ тасмим гирифтааст, ки иншоотҳои шӯъбаи таваллуди Беморхонаи маркази ноҳияи Шурообод барои 16 кат ва ду Марказҳои саломатиро дар ноҳияҳои Ванҷ ва Ишкошим мавриди истифода қарор диҳад.

Маркази матбуоти ВТ   

 

ЗАРАРИ ЗАМИНЛАРЗА ДАР НОҲИЯИ ТАВИЛДАРА

        17.11.2008: Аз 17 то 31 октябри соли ҷорӣ мутахассисони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оқибатҳои заминҷунбии шаби 13 октябр дар ҳудуди ноҳияи Тавилдара аз муассисаҳои табобатию профилактики ноҳия дидан намуданд.

      Бино ба маълумоти Мутахассиси пешбари шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббии Вазорат Низомиддин Иброҳимов, бар асари офати табиӣ-заминларзаи шаби 13 октябри соли 2008 биноҳои шӯъбаҳои беморхонаи марказӣ ва бинои маъмурии Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемологии ноҳияи Тавилдара қисман зарар диданд. Беморхонаи марказӣ аз 5 шӯъба иборат буда, ғайр аз бинои шӯъбаи ҷарроҳӣ, ки соли 2006 сохта шудааст, дар натиҷаи заминларза зарари калон дидаанд. Дар деворҳои бино, кунҷҳои утоқҳо тарқишҳо ба амал омадааст. Шӯъбаи бемориҳои сироятӣ, ки нав таъмир карда шудааст, нисбатан зиёдтар зарар дида, дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.

    Бинои Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемологии ноҳия аз 2 ошёна иборат буда, дар қисми чапи беруни бино ва дар қисми дарунии бино тарқишҳои зиёд ба амал омадааст.

     Аз тарафи комиссияи муштарак оид ба ҳаҷм ва маблағи зарар санад тартиб дода шуда, онро раиси ноҳия - раиси Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Тавилдара тасдиқ кардааст.

    Мувофиқи санади комиссия маблағи зарар дар беморхонаи марказӣ 73 ҳазор сомонӣ ва дар Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемологӣ 30 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Маркази матбуоти ВТ   

 

МАНЪ НАМУДАНИ МАҲСУЛОТИ ХӮРОКВОРИИ ШИРӢ ИСТЕҲСОЛИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН

     12.11.2008: Мутобиқи ахбори Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии мардумии Чин ҳодисаи заролудшавии кӯдакон аз ҳисоби шир, маҳсулотҳои шири ва қаннодии ширдор, ки дар таркибашон моддаи зарароварӣ «меланин» илова карда шудааст ба қайд гирифта шуд. Дар натиҷаи заҳролудшави чор кӯдак фавтидаанд.

     Нисбати саривақт пешгири намудани чунин ҳодисаҳо дар байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ қарор таҳти №2 аз 7 октябри соли 2008 «Дар бораи манъ намудани маҳсулоти хӯроквории Ҷумҳурии мардумии Чин, ки дар истеҳсолоти он шири Чинӣ истифода бурда мешавад» бароварда барои пурзур намудани назорат дар ин самт ва иҷрои қарор ба ҳамаи Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояту шаҳру ноҳияҳо равона карда шуд.

    Инчунин мактуби расмӣ ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Агентии давлатии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсефтии назди Вазорати тандурустӣ нисбати манъ намудани воридоти маҳсулотҳои шири истеҳсоли Ҷумҳурии мардумии Чин фиристода шуд.

Маркази матбуоти ВТ ҶТ

 

 МАБЛАҒГУЗОРИИ САРИКАСӢ ДАР НОҲИЯҲОИ ТАҶРИБАВИИ ҶУМҲУРӢ

          12.11.2008:  13 ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи «Индикаторҳои арзёбӣ ва мониторинги миёнамӯҳлати маблағгузории сарикасӣ, проблемаҳо ва душвориҳое, ки дар раванди татбиқи маблағгузории сарикасӣ ба миён омаданд» баргузор мегардад.

    Дар он роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.

     Инчунин дар он масъалаҳои индикаторҳои пешниҳодшаванда арзёбӣ ва мониторинги миёнамӯҳлати маблағгузории сарикасӣ, муайян намудани индикаторҳо, проблемаҳои асосие, ки дар раванди амалисозии маблағгузории сарикасӣ ба миён омадаанд ва роҳҳои ҳалли проблемаҳои пешниҳод гардида, муҳокима карда мешаванд.

 Маркази матбуоти ВТ ҶТ

 

 ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ ТИРАМОҲУ ЗИМИСТОНИ 2008-2009

       4.11.2008: Бо мақсади омӯхтани омодагии муассисаҳои табобатию профилактикии шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои ҷумҳурӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2008 – 2009, тибқи фармони Вазири тандурустӣ аз 27 октябр то 8 ноябри соли ҷорӣ роҳбарону мутахассисони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои мазкур дидан хоҳанд кард. 

      Санҷишҳо дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва муассисаҳои ҷумҳуриявӣ бо дастгирии Бюрои минтақавии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, Лоиҳа оид ба тандурустии ҷамоавию заминавӣ (Бонки умумиҷаҳонӣ), Лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурустии Тоҷикистон (Бонки Осиёии рушд) ва Лоиҳаи Сино гузаронида мешаванд.

Маркази матбуоти ВТ

 

САФАРИ КОРИИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ БА НОҲИЯИ ВОСЕЪ ВА ШАҲРИ КӮЛОБИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

     30.10.2008: 28 октябри соли ҷорӣ Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов бо як қатор мутахассисони вазорат ва намояндагони Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ инчунин Хазинаи Глобалӣ ба ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сафари корӣ доштанд.

        Сафари мазкур бо мақсади омӯзиши ҳолати эпидемиологии бемории сил дар ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мебошад.

       Гуруҳи кори бо як қатор намояндагони ҳукумат, директорони мактабҳои миёнаи ва аҳолии ноҳияи Восеъ вохурӣ гузаронида, аз Беморхонаҳои вилояти ва марказҳои мубориза бар зидди бемории сили ноҳияи Восеъ ва шаҳри Кулоб дидан карданд.

Маркази матбуоти ВТ   

 

СЕМИНАР - МАШВАРАТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРГУЗОР МЕГАРДАД

        27.10.2008: Аз 27 то 29 октябри соли равон як гуруҳ мутахассисони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани семинар-машварат ба намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мутахассисони муассисаҳои тиббию профилактики вилояти Хатлон ба шаҳри Кӯлоб сафарбар шуданд.

      Семинар-машварат оид ба «Мусоидат ба мониторинг ва баҳодиҳии Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2009 дар соҳаи тандурустӣ» гузаронида мешавад.

        Дар назар аст, ки дар семинари мазкур сардухтурон ва мутахасисон оид ба омори муассисаҳои тиббии ноҳияҳои Восеъ, Шуробод, Фархор, Ҳамадонӣ, Ховалинг, Муминобод, Норак, Данғара, Темурмалик ва Балҷувон иштирок хоҳанд кард.

Маркази матбуоти ВТ   

 

ФАЪОЛИЯТИ НУҲМОҲАИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

          21.10.2008: Имрӯз дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба фаъолияти 9 моҳаи вазорат баргузор гардид.

          Дар баромади худ муовини аввали вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова қайд намуд, ки Вазорати тандурустии Ҷумхурии Точикистон дар нӯҳ моҳи соли 2008 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои байналхалқӣ, корҳои муайянеро амалӣ намуд.

      Дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи нақшаи тақвимӣ аз ҷониби Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон ва шӯъбаҳои он ба ҷои 293 давраи нақшавӣ 331 давра (113%) гузаронида шуда, дар онҳо ба ҷои 1328 шунаванда 1631 нафар (121,1%) таҳсил гирифтанд.

        Масъалаи то ба ҷои кор рафтани хатмкунандагони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино ду маротиба дар ҳайати мушовара баррасӣ карда шуда, маълум гардид.

       Бо мақсади беҳтаргардонии сатҳ ва сифати хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон бо қарори Хукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2008 таҳти №370 «Нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба таъмини ҳифзи саломатии модарон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2014» тасдиқ карда шуд.

       Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 23 640 479 доллари ИМА, ваксинаҳо 17 908 доллари ИМА ва витамини А 50 282 доллари ИМА таҷҳизоти хунукнигоҳдорӣ, аз он ҷумла бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миқдори 165 365 доллари ИМА ва бо дастгирии ташкилотҳои байналмилалӣ 23 543 304 доллари ИМА ворид гардидаанд.

       Дар ҷумҳурӣ то 1 сентябри соли 2008-ум 1231 нафар сироятёфтагони ВИЧ ба қайд гирифта, аз ҳисоби бақайдгирифтагон 989 ҳодиса дар байни мардон ва 242 ҳодиса дар байни занон қайд шудаанд, аз ин миқдор 234 нафар бо табобати зиддиретровирусӣ фаро гирифта шудаанд, аз он ҷумла 28 занони ҳомила. Инчунин ташкил ва гузарондани эмгузаронии мутахассисони тиббӣ, ки фаъолияташон таҳдиди сироятшавӣ доранд бар зидди бемории зардпарвини В давом дорад.

     Дар охир ба саволҳои рузноманигорон муовини аввали вазир ва сардорони Раёсатҳои Вазорати тандурустӣ посух доданд.

        Дар маҷмуъ нишасти матбуотӣ дар Вазорати тандурусти бо иштироки фаъолонаи намояндагони ВАО ва мутахассисони соҳа ҷолибу пурмазмун гузашт.

Маркази матбуоти ВТ

 

ДАР ДУШАНБЕ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТИББӢ МУҲОКИМА МЕШАВАД

      20.10.2008: 21 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир ба ҳамбастагии фаъолияти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ - санитарӣ, марказҳо, ҳуҷраҳои ташакули тарзи ҳаёти солим, Шӯроҳои ҷомеавӣ оид ба саломатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар чорчӯбаи тадбиқи Барномаи Хазинаи ҷопонии паст кардани сатҳи камбизоатӣ 9043 TAJ/ Бонки Осиёгии Рушд мизи муддавар доир мегардад.

      Дар он намояндагони Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ва гурӯҳои кори ҳукуматӣ, ноҳиявӣ, намояндагони марказҳои ташакули тарзи ҳаёти солим иштирок менамоянд.

      Мақсад аз гузаронидани чорабинии мазкур пурсамар ва саривақт тадбиқ намудани «Барномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иштироки ҷомеа ва чорабиниҳои ҷамъиятӣ-иттилоотӣ баҳри беҳдошти саломатӣ дар солҳои 2007 -2015», «Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2010», муаян намудан ва коркарди тарзи нави ҳамбастагии фаъолияти муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббӣ-санитарӣ, марказҳо/ҳуҷраҳои тарзи ҳаёти солим, Шӯроҳои ҷомеавӣ оид ба саломатӣ ва мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Маркази матбуоти ВТ   

 

САМАРАНОКИИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА БЕМОРИИ СИЛ МАВРИДИ ТАДҚИҚОТ ҚАРОР МЕГИРАД

       17.10.2008: Аз 16 то 15 ноябри соли ҷорӣ бо мақсади омӯзиши ва баҳодиҳи сатҳи дониш, муносибати шаҳрвандон, беморони гирифтори бемории сил, кормандони тиб нисбати бемории сил дар доираи ҳамкориҳо байни Вазорати тандурустӣ, СУТ, ЮСАИД ва Лоиҳаи ХОУП дар ноҳияҳои таҷрибавии Рӯдакӣ, Восеъ, Рӯшон, Бохтар, Масчоҳ, шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Хорӯғ ва Қурғонтеппа тадқиқот гузаронида мешавад.

        Бояд қайд кард, ки чунин тадқиқот дар ноҳияҳои номбурда соли 2005 гузаронида шуда, сатҳи дониш, муносибат ва амали гурӯҳҳои мақсаднок муайян карда шуданд ва оид ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ва баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳо оид ба бемории сил тавсияҳои конкретӣ қабул гардида буданд.

        Мақсади такроран гузаронидани тадқиқот омӯзиш ва баҳодиҳии самаранокии чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи дониш, муносибат ва амали гурӯҳҳои мақсаднок нисбати бемории сил, ки дар солҳои охир гузаронида шудаанд мебошад.

Маркази матбуоти ВТ   

 

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР ДДТТ БА НОМИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО

         13.10.2008: 10 октябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино оид ба фаъолияти нимсола ва нисбат ба баланд бардоштани сифати таълим ва сатҳи донишандӯзии донишҷӯён нишасти матбуоти баргузор гардид.

       Дар он ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино Убайдулло Қурбонов зикр намуд, ки яке аз проблемаҳои асосии раванди таълим, ин компютеркунонии ҷараёни таълим дар донишгоҳ буда, баъди гирифтани ёрии башардӯстона дар шакли таҳҷизоти таълимӣ аз Ҷумҳурии мардумии Чин мушкилоти мазкур ҳалли худро ёфт. Имрӯз донишгоҳ соҳиби 631 адад компютер, 42 адад мултимедиа, 56 адад сканер ва 64 дастгоҳи нусхабардор мебошад. Дар донишгоҳ 17 компютер ба шабакаи Интернет пайваст карда шудааст.

       Дар 9 моҳи соли ҷорӣ, дар корҳои барқарорсозии бинои аз сӯхтор зарардидаи донишгоҳ саҳми кормандон ва донишҷӯён хело назаррас мебошад. Махсусан, фаъолияти гурӯҳи донишҷӯёни сохтмончӣ – «Сино – 2008», ки иборат аз 60 нафар ихтиёриён буда, дар давоми 2 моҳи таътили тобистона меҳнати шоён намудаанд. Онҳо ба маблағи 83503 сомонӣ корҳои сохтмониро ба анҷом расониданд.

     Корҳои барқарорсозии бинои асосӣ, ки баъди сӯхтор зарари ҷиддӣ дида буд, холо дар арафаи анҷомёбист. Соли 2007 ба иншооти мазкур ба маблағи 6000,0 ҳазор сомонӣ, соли 2008 8104,0 ҳазор сомонӣ ва дар маҷмӯъ 14104,0 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, то имрӯз аз тарафи пудратчиён 12000,2 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудааст. Бо супориши Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1 ноябри соли ҷорӣ иншоот бояд пурра ба истифода дода шавад.

      Дар оғози соли таҳсили 2008-2009 шумораи умумии донишҷӯёни донишгоҳ 5694 нафар буда, аз онҳо 517 нафарашон донишҷӯёни хориҷӣ ва 436 нафарашон донишҷӯёни тибқи Квотаи Президентӣ кабул шудаанд.

      Инчунин, барои намунаҳои беҳтарини ташкили раванди таълим ва маҳорати баланди касбии ҳайати омӯзгорон Донишгоҳ моҳи сентябри соли ҷорӣ аз тарафи Ассамблеяи Бизнеси Аврупоӣ (ЕВА) ба гирифтани ҷоизаи байналмилалии «Сифати аврупоӣ» сазовор гардид.

Маркази матбуоти ВТ   

 

ДУЮМИН ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВИИ ВОБАСТА БА БЕМОРИҲОИ РАВОНИ

      10.10.2008: Имрӯз дар шаҳри Душанбе дуюмин форуми ҷумҳуриявии вобаста ба бемориҳои равони зери унвони "Саломати бе саломатии равони намешавад" ба кор шурӯъ намуд.

      Дар кори форум намояндагони созмонҳои ғайри давлатии вазоратҳо, мақомотҳо ва сохторҳои ҳавасманд ба саломатии равонии аҳолӣ даъват шуданд. Ҳадаф аз ин чорабинӣ, ҷалб намудани ҷомеа ба ҳалли проблемаҳои аҳолӣ дар робита ба саломатии равони ва проблемаи суитсида дар ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

      Лозим ба ёдоварист, ки тибқи омори коршиносон дар ҳоли ҳозир 10% фоизи шумораи беморони аҳолии кураи заминро беморони дорои амрози ҷисмию равони ташкил медиҳад ва мумкин аст, ки ин нишондод то соли 2020 ба 15% расад.

     Бояд гуфт, ки дар рӯи замин 120 миллион одамон аз бемории депрессави, 37 миллион аз бемории Алтсейгмер ва 24 миллион аз бемории шизофреник ранҷ мебаранд. Мутобиқи омори Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, Точикистон ба гуруҳи 41% кишварҳое дохил мешавад, ки сиёсати ислоҳоти бемории равони надорад.

Маркази матбуоти ВТ   

ДАР ШАҲРҲОИ ДУШАНБЕ ВА КӮЛОБ ИДОРАҲОИ ҶАМИЯТИ ОИД БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ ВИЧ / СПИД ТАЪСИС ДОДА МЕШАВАНД

    10.10.2008: 11 октябри соли ҷорӣ дар Душанбе ҷаласаи корӣ оид ба роҳандозии Лоиҳаи «Беҳдошти дастрасии гурӯҳҳои ҳассоси аҳолӣ дар Осиёи Марказӣ ба хизматрасонӣ ҷиҳати пешгирии ВИЧ/СПИД, табобат нигоҳубин ва дастгирӣ» доир мегардад.

     Лоиҳаи мазкур аз ҷониби ташкилоти ғайриҳукуматии башардӯстонаи Ҳоланд «СПИД Фонд Восток-Запад» (AFEW) бо дастгирии Лоиҳа оид ба назорати СПИД дар Осиёи Марказӣ амалӣ карда мешаванд.

    Чорабии мазкур бо иштироки намояндагони Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ, Кумитаи Миллии ҳамоҳангсоз оид ба ВИЧ/СПИД, сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронида мешавад.

   Мақсади асосии лоиҳаи мазкур беҳдошти дастрасии гурӯҳҳои ҳассоси аҳолӣ, ба хизматрасониҳои пешгирии ВИЧ-инфексия, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ бо роҳи ташкили системаи кӯмаки иҷтимоӣ мебошад.

     Усули «Кӯмаки иҷтимоӣ» аз ҷониби ташкилоти «СПИД Фонд Восток-Запад» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2005 инҷониб амалӣ карда мешавад. Айни замон дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ 10 Бюрои иҷтимоӣ амал мекунанд, ки хизматрасониҳои рӯҳӣ-иҷтимоӣ, машваратӣ ва пешгириро барои намояндагони гурӯҳҳои ҳассоси аз ҷумлаи истеъмолкунандагони тазриқотии маводи нашъадор , одамони мубталои ВИЧ, коркунони шаҳвонӣ, маҳбусон ва собиқ маҳбусон пешниҳод мекунанд. Дастгирии методӣ ва омузишии Бюроҳои иҷтимоиро Марказҳои таълимии дар системаи шаҳрвандӣ ва корҳои ислоҳӣ (пенитенциарный) ифтитоҳёфта амалӣ месозанд.

     Лоиҳа имкон фароҳам меорад, ки аз таҷрибаи ташкилоти «СПИД Фонд Восток-Запад» барои таъсис додани 2 Бюрои иҷтимоӣ ва 2 Маркази таълимӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб истифода шаванд.

    Ба барномаи ҷаласаи корӣ ҳамчунин маърузаи ташкилоти «СПИД Фонд Восток-Запад» оид ба натиҷаи тадқиқоти моҳҳои апрел-майи соли 2008 гузаронидашуда дар хусуси баҳодиҳии эҳтиёҷоти талаботи гурӯҳҳои мақсаднок ва пешниҳодкунандагони хизматрасониҳо дар бахши пешгирии ВИЧ/СПИД дар вилояти Суғд низ шомил гардидааст.

Маркази матбуоти ВТ   

 

 АНҶУМАНИ ҶАРРОҲОНИ ДИЛУ РАГИ МАМЛАКАТҲОИ ИДМ ДАР ДУШАНБЕ БАРГУЗОР МЕГАРДАД

      9.10.2008: Рӯзҳои 10 ва 11 октябр дар Душанбе анҷумани дуюми ҷарроҳони дилу раги мамлакатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

      Дар ҷараёни анҷуман конфронси сеюми духтурони дили Тоҷикистон гузаронида мешавад. Дар анҷуман маҷмуи васеи масъалаҳои ҷарроҳии дилу раг муҳокима карда мешавад. Дар он ба проблемаҳои табобати бемориҳои дил ва ҷарроҳии он диққати махсус дода хоҳад шуд.

       Инчунин, намоишгоҳи таҷҳизоти тандурустӣ ва маҳсулоти фарматсевтии ширкатҳои ватани ва хориҷӣ ташкил карда мешавад.

Маркази матбуоти ВТ

 КӮМАК БА МАРКАЗҲОИ САЛОМАТИИ ДЕҲОТ

           9.10.2008: Маркази ҷумҳуриявии пешгири ва мубориза бар зиди бемории СПИДи Вазорати тандурустӣ барои мустаҳкам кардани заминаи моддию техникии шифохонаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мунтазам кӯмак мерасонад.

    Аз ҷумла, чанде пеш бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва кӯмаку дастгирии Хазинаи умумибашарии табобати бемории СПИД, сил ва табларза 10 мошини сабукрав харидорӣ намуд.

    Ин мошинҳо ба марказҳои табобати бемории СПИДи ноҳияҳои Рушон, Рашт, Тоҷикобод, Панҷакент, Истаравшан, Ҳисор, Шаҳринав, Данғара, Ҷалолиддини Рӯми ва шаҳри Хоруғ тақсим карда шуданд.

Маркази матбуоти ВТ

 МУҲОКИМАИ НАТИҶА ВА ПЕШРАВИҲОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

      7.10.2008: 7 октябри соли ҷорӣ дар Душанбе дар мавзӯи нақши барномаҳои хизматрасонии аввалияи тиббӣ дар ҷараёни ислоҳоти соҳаи тандурустӣ семинар баргузор шуд.

     Дар семинар Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов, кормандони дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ, намояндагони раёсатҳои тандурустӣ, шифохонаҳо, ноҳияҳои озмоиши, бонки ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалии мададгор ширкат варзиданд.

    Семинар дар доираи таҳлили миёнамӯҳлати барномаи Вазорати тандурустӣ бахшида ба беҳтар сохтани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ гузаронида шуд.

Иштирокчиёни семинар вазифаҳо ва роҳҳои асосии фаъолияти соҳаи тандурустӣ, нақши лоиҳаҳои ҷамъияти ва хизматрасонии аввалияи тиббӣ, системаи иттилоотӣ – ҳамчун қисми асосии ислоҳоти ташкилию – молиявӣ, маблаггузории фардӣ, ва тайёрии ноҳияҳо ба вусъат додан, барқарор кардан ва сохтмони муассисаҳои хизматрасонии аввалияи тибӣ, ҳамчунин дастовардҳо ва мушкилоти фаъолияти духтурони оилавии тиббӣ дар деҳотро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Маркази матбуоти ВТ     

СЕМИНАР «САҲМИ ЛОИҲАИ ТАНДУРУСТИИ ҶАМОАВӢ ВА ЗАМИНАВӢ ДАР ИСЛОҲОТИ СИСТЕМАИ ТАНДУРУСТӢ»

      6.10.2008: 7 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе семинар дар мавзӯи «Саҳми Лоиҳаи тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ дар ислоҳоти системаи тандурустӣ» баргузор мегардад.

      Дар он роҳбарият ва кормандони Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ, раёсатҳои тандурустии вилоятҳо, роҳбарон ва мутахассисони беморхонаҳои марказӣ ва муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС)-и ноҳияҳои таҷрибавии Лоиҳаи тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ (Бонки умумиҷаҳонӣ), инчунин намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.

          Бояд қайд кард, ки дар семинар оид ба ҳадафҳо, вазифаҳо ва самтҳои асосии фаъолияти тандурустӣ, ташаккул ва рушди ислоҳоти ташкилӣ-молиявии тандурустӣ, саҳми Лоиҳаи тандурустии ҷамоавӣ ва заминавӣ, системаи иттилоотӣ – ҷузъи муҳими ислоҳоти ташкилӣ-молиявӣ, маблағгузории сарикасӣ ва омодагии ноҳияҳо ба фарохсозӣ, барқарорсозӣ ва сохтмони муассисаҳои тиббии КАТС: комёбиҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо ва фаъолияти духтури тибби оилавӣ дар деҳот гузаронида мешавад.

Маркази матбуоти ВТ

МУҲОКИМАИ  БАРНОМАИ  СТРАТЕГИИ  МУБОРИЗА  БА  МУҚОБИЛИ  БЕМОРИҲОИ  СИРОЯТКУНАНДА  ДАР  ҲУДУДИ  МАМЛАКАТҲОИ  ИДМ

        2.10.2008: Чанд  рӯз  пеш   дар  шаҳри  Волгоград  таҳти  унвони  «Роҳу  усулҳои   навтарин   ва  самарабахши  амалӣ  сохтани  барномаи умумибашарии   стратегии   мубориза ба  муқобили  бемориҳои  сирояткунанда  дар  қаламрави  давлатҳои  ИДМ» конфронси  9 - уми  байналхалқии  илмӣ  баргузор  гардид. 
        
      Дар ин конфронс  аз  Тоҷикистон  муовини  директори идораи  назорати   давлатии  санитарию  эпидемиологии  Вазорати  тандурустии  ҷумҳурӣ Исохон Гурезов  ширкат  варзид.
     
       Дар  доираи конфронс   маҷлиси  навбатии Шӯрои  хамоҳангсози  ҳалли  проблемаҳои  ҳифзи  санитарии  қаламрави   давлатҳои  ИДМ  аз  ворид  сохтан ва  паҳн  кардани  бемориҳои  махсусан  хавфноки  сирояткунанда  гузаронида шуд. Иштирокчиёни  маҷлис  роҷеъ  ба  роҳу  усулҳои  имрӯзаи   истифодаи  имконияту  захираҳои   мамлакатҳои  ИДМ   барои  амалӣ  сохтани   қоидаҳои  байналхалқии  тиббию  санитарӣ,   пешгирӣ ва  бартараф  сохтани  оқибати  вазъияти  фавқулодда  дар  соҳаи   тандурустӣ ва технологияҳои   муосири  таҳлилию  иттилоотӣ ва  назоратӣ  табодули  назар  намуданд. 
     
       Дар  конфронс  ва  маҷлиси  Шӯрои  ҳамоҳангсоз  олимону  мутахассисони  соҳаҳои  микробшиносӣ,  эпидемиология  ва  санитарияи  мамлакатҳои  ИДМ,  инчунин  намояндагони  Созмони  ҷаҳони тандурустӣ  ширкат  варзиданд.

                 Маркази матбуоти ВТ 
 

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ҲИФЗИ САЛОМАТИИ РӮҲӢ

     30.09.2008: 10 октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи саломатии рӯҳӣ таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат 3 октяыбри соли ҷори дар бинои нашриёти «Шарқи озод» нишасти матбуотӣ ташкил карда мешавад.

      Дар доираи Рӯзҳои ҳифзи саломатии рӯҳӣ дар саросари ҷумҳурӣ тадбирҳои гуногун ба нақша гирифта шудаанд. Ин тадбирҳо бо кӯмаки Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Созмони умумибашарии саломатии рӯҳӣ, Маркази саломатии рӯҳӣ ва Маркази пешгирии бемориҳои ВИЧ/СПИД ва созмонҳои дигар баргузор мегарданд.

      Ҳадафи асосии Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи саломатии рӯҳӣ огоҳ намудани одамон аз бемориҳои хавфноки рӯҳу асаб, пешгирӣ ва табобати онҳо мебошад. Бемориҳои ташаннуҷи рӯҳӣ, фаромӯшхотирӣ, шизофрения, бемории Алтсгеймер, нашъамандӣ, саръ ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд. Дар ҷараёни ин ҷамъомадҳо роҷеъ ба масъалаҳои табобати бемориҳои рӯҳӣ, дар муассисаҳои махсуси тиббӣ нигоҳ доштани онҳо ва расондани кӯмакҳои гуногун ба шахсони бемор маълумот дода мешавад.

     Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи саломатии рӯҳӣ аз соли 1992 бо ташаббуси Федератсияи ҷаҳонии саломатии рӯҳӣ таҷлил карда мешавад.

Маркази матбуоти ВТ   

 

НАМОИШГОҲИ НАВБАТИИ ЧАҲОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «ТАНДУРУСТӢ - DIHE 2008»

     29.09.2008: Аз 7 то 9-уми октябр дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоишгоҳи навбатии чаҳоруми байналмилалии «Тандурустӣ - DIHE 2008» баргузор мешавад. Дар намоишгоҳ намояндагони ҳудуди 30 ширкат аз 15 кишвари дунё иштирок мекунанд.

     Дар намоишгоҳ ширкату корхонаҳои давлатҳои Маҷористон, Белгия, Эрон, Русия, Украина, Шветсия, Арманистон, Ҷопон, Олмон, Белорус, Туркия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон маҳсулоти худро ба маърази тамошо мегузоранд.

     Бино ба иттилои манбаъ, намоишгоҳ аз ҷониби ширкати намоишгоҳҳои Бритониёи Кабир «ITECA Osiyo и I. T. E. E&C Ltd» созмон дода шуда, дар он бори нахуст ширкатҳои Чин иштирок мекунанд. Дар намоишгоҳ ҳама гуна тамоили муосири рушди соҳаи тандурустӣ таҷассум гардида, он бо мақсади мусоидат ба ҷалби сармоягузорӣ, ҷорисозии технологияи нав, дастоврдҳои тозаи илмии тиббӣ ва таъмини бозор бо доруворӣ гузаронида мешавад. Намоишгоҳ табибони таҷрибакунандаро бо технологияи нав дар соҳаи тандурустӣ, инчунин бо доруворӣ ва асбоҳои нави тиббӣ ошно менамояд.

    Мувофиқи пешгӯии созмондиҳандагон, намоишгоҳ ҳудуди 4 ҳазор намояндаи соҳаи тандурустии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва давлатҳои хориҷи дурро сарҷамъ хоҳад кард. Қобили зикр аст, ки ин намоишгоҳ дар ҷомеа ва дар байни мутахассисону коршиносони соҳаи тандурустии Тоҷикистон нуфузу ҷойгоҳи муҳимеро касб кардааст. Соли гузашта дар кори намоишгоҳ 35 ширкат аз 18 кишвари дунё иштирок карданд.

Маркази матбуоти ВТ   

 

ҲАМКОРИИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ БО АГЕНТИИ РУШДИ БАЙНАЛХАЛҚӢ ИМА ВУСЪАТ МЕЁБАД

  26.09.2008: Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов ва сардори минтақавии ИМА оиб ба Агентии рушди байналхалқӣ Уилям Фрей имрӯз дар Душанбе Меморандуми ҳусни тафоҳуми ҳамкориро имзо карданд. Ҳадафи аслии Меморандум ба роҳ андохтани ҳамкории Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА оиб ба Агентии рушди байналхалқӣ мебошад.

      Вазорати тандурустии Тоҷикистон айни ҳол бо ИМА оиб ба Агентии рушди байналхалқӣ бо 8 барномаи афзалиятнок ҳамкорӣ дорад. Аз ҷумла, Барномаи Осиёи Марказӣ оид ба мубориза ба муқобили СПИД дар байни гурӯҳи аҳолии зарардида (ПОТЕНЦИАЛ), Барномаи беҳдошти саломатии репродуктивӣ («Ман медонам»), Барномаи дастрасии васеъ ба хизматрасонии босифати тиббӣ (ЗдравПлюс), Барномаи эпидимиологии марказҳои ИМА оид ба назорат аз болои бемориҳо, Барномаи назорати бемории сил дар Осиёи Марказӣ, «Озуқаворӣ барои сулҳ» (КАРЭ, Корпуси шафқат, Наҷоти кӯдакон), Барномаи банақшагирии оила ва омӯзиш дар соҳаи гигиенаи шахсӣ ва санитарӣ.

     Бояд қайд кард, ки Вазорати тандурустӣ бо Агентии рушди байналхалқии ИМА моҳҳои наздик ҳамкориро аз рӯи ду барномаи нав - «Зукоми паррандаро пешгирӣ мекунем» ва «Беҳдошти саломатии модару кӯдак» низ шурӯъ хоҳад кард.

 Маркази  матбуоти ВТ   

 

САФАРИ ВАЗИРИ ТАНДУРУСТӢ БА МИНТАҚАИ РАШТ

       25.09.2008:  Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов бо мақсади иҷрои супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 сентябри соли равон ҷиҳати омодагии сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои минтақаи Рашт сафар намуд.

         Дар назар аст, ки сафари кории вазир бо мақсади расонидани кӯмаки хайрия ба ноҳияҳои минтақаи Рашт аз 24 сентябр то 4 октябри соли ҷори идома хоҳад ёфт.

Маркази матбуоти ВТ    

 ВОХӮРИИ ВАЗИР БО ТАБИБОНИ АКУШЕР - ГИНEКОЛОГ

 24.09.2008:  20 сентябри соли равон Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов бо як қатор акушер-гинекологҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мулоқот кард.
       Дар мулоқот иштирокчиён роҷеъ ба вазъи хизматрасонӣ ба модару кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инъикоси фаъолияти акушер-гинекологҳо дар васоити ахбори омма табодули назар карда, зикр намуданд, ки дар муассисаҳои ҳифзи саломатии модар ва кӯдак камбудиҳо низ ҷой доранд. Аз ин рӯ, бояд сиёсати кадрӣ оид ба дастгирии мутахассисони лаёқатманду баландихтисос дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад. Қариб дар тамоми таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ мутахассисони ҷавон ба амалиётҳои ҷарроҳи ҷалб намешаванд, ки ин боиси бетаҷриба мондани онҳо мегардад.
     Чуноне ки мудири бахши модаршавии бехавф ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ Гулбаҳор Ашурова зикр намуд, дар баъзе ноҳияҳои дурдасти ҷумҳурӣ шумораи табибони акушер-гинеколог кам ё тамоман нест. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Балҷувон, Тавилдара ва Н. Хисрав ин ҳолат ба мушоҳида мерасад. Нишондиҳандаи фавти модарон дар ҳашт моҳи соли 2007 ба 36,7 ва дар ҳашт моҳи соли 2008 ба 41,3 баробар шуд.
      Аз ҳама бештар ташвишовар он аст, ки имрӯз дар баъзе муассисаҳои таваллудии ҷумҳурӣ муздситонии ғайриқонунӣ давом дорад. Дар баробари ин муносибати некхоҳонаи табибон нисбати беморон ва мизоҷон қариб, ки аз байн рафтааст.
     Дар фарҷоми вохӯри Вазири тандурустии кишвар Н.Салимов мутахассисони соҳаро даъват намуд, ки барои бартараф намудани камбудиҳои чойдошта саъю кӯшиш намоянд, донишу малакаи хешро истифода намоянд, то андешаи мардум нисбати фаъолияти пизишкони акушер-гинеколог хубтар гардад. Ҳамчунин муомилаи хубро нисбати корафтодагон набояд фаромӯш кард.

Маркази матбуоти ВТ   

 БАРНОМАИ КАФОЛАТҲОИ ДАВЛАТӢ  –  ЯКЕ АЗ ОМИЛҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ТИББӢ

 12 ва 13 сентябри соли ҷорӣ дар Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзӯи «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009» баргузор гардид.
        Дар он Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов, масъулини раёсатҳои тандурустии вилоятҳои Хатлону Суғд, сартабибон, менеҷерҳои муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ (КАТС) ва сармуҳосибони беморхонаҳои марказии ноҳиявии шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Турсунзода, Варзоб, Рашт, Шаҳринав ва Спитамен иштирок намуданд.
Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов дар баромади худ қайд кард, ки яке аз проблемаҳои ҳалталаби соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ин мукаммал сохтани системаи маблағгузории тандурустӣ мебошад.
       «Мо бояд дар шароити воқеии иҷтимоию иқтисодии имрӯза, маблағҳои давлатиро самаранок истифода бурда, роҳҳои пайдо намудани маблағҳои иловагиро барои дар сатҳи баланд ташкил намудани хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ ҷустуҷӯ намоем. Бо ин мақсад Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон системаи маблағгузории сарикасӣ, хизматрасонии пулакӣ, суғуртаи тиббӣ, мусоидат намудан ба рушди муассисаҳои худмаблағгузор ва хусусӣ, Барномаи кафолатҳои давлатиро марҳила ба марҳила ворид намуда истодааст», - тазаккур дод вазир.
        Қобили қайд аст, ки «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009» мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ таҳия гардида, баҳри ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст. 
Барномаи мазкур соли 2008 дар ноҳияҳои Данғара, Спитамен, Рашт, шаҳри Турсунзода, соли 2009 бошад дар ноҳияҳои номбурда ва ноҳияҳои Варзоб, Шаҳринав, шаҳрҳои Сарбанд ва Норак амалӣ карда мешавад.
        Дар доираи семинар, инчунин дар гурӯҳҳо, мутахассисон оид ба таҳия намудани нақшаи фаврии амалисозии барномаи мазкур фаъолият намуданд.

Дафтари матбуоти ВТ   

 ОМӮЗИШИ МУТАХАССИСОНИ НОҲИЯҲОИ ТАҶРИБАВӢ

Аз 12 то 13 сентябри соли ҷорӣ бо ибтикори Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар дар мавзӯи «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008 -2009» дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
         Дар семинар оид ба «Дастурамали тартиб ва ҳаҷми гузаронидан, баҳисобгирӣ, истифодабарӣ ва баргардонидани маблағҳои ҳаммаблағгузории (ҳампардохти) аҳолӣ барои хизматрасониҳои тиббӣ дар муассисаҳои давлатии тандурустӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ барои солҳои 2008 -2009», «Қоидаи ҳаммаблағгузории кӯмаки тиббию санитарӣ аз ҷониби аҳолӣ, ки аз тарафи муассисаҳои давлатии тандурустӣ барои солҳои 2008-2009 дар ноҳияҳои таҷрибавӣ расонида мешавад», инчунин «Қоида дар бораи воситаҳои махсуси ташкилотҳои давлатии тандурустии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кӯмаки тиббию санитарӣ барои солҳои 2008-2009» ва «Оид ба натиҷаҳои татбиқи Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолии ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯмаки тиббию санитарӣ барои соли 2008 дар ноҳияи Данғара, Рашт, Спитамен ва шаҳри Турсунзода» гузаронида мешавад.
        Ҳамзамон дар доираи семинар дар гурӯҳҳо оид ба таҳия намудани нақшаҳои амалиётӣ оид ба амалисозии «Барномаи кафолатҳои давлатӣ» машғулиятҳо гузаронида мешаванд.
       Дар семинар намояндагони раёсатҳои тандурустии шаҳру вилоятҳои ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

Дафтари матбуоти ВТ

БОЗДИДИ ВАЗИР АЗ МУАССИСАҲОИ ТАБОБАТИИ НОҲИЯҲОИ ВОДИИ РАШТ 

  Аз 2 то 4 сентябри соли 2008 Вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимов ва ҳайати сармутахассисони Вазорати тандурустӣ бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва расонидани кӯмаки амалию дастурӣ ба ноҳияҳои Рашт, Тавилдара, Тоҷикобод ва Ҷиргатол сафари корӣ доштанд.
           Инчунин сафари мазкур бо мақсади санҷиши омодагии муассисаҳои соҳа ба сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба минтақаи водии Рашт гузаронида шуд.
          Ёдовар бояд шуд, ки аз ҷониби Маркази идораи Лоиҳаи ислоҳоти системаи тандурустии Тоҷикистон (қарзи Бонки Осиёии Рушд №2054-TAJ-SF), таъмири шӯъбаи бемориҳои дарунии БМН Рашт ба маблағи 55,6 ҳазор доллари ИМА, Бунгоҳи саломатии Дашти Рашт, Шоиндара ва Маркази саломатии деҳоти Ҳичбораки ноҳияи Рашт ба маблағи умумии 58,3 ҳазор доллари ИМА ба сомон расонида шуданд.
       Ҳамчунин бо дастгирии Маркази мазкур дар ноҳияи Рашт Маркази байниноҳиявии таълимию клиникии тибби оилавӣ, ки дорои мебелу таҷҳизоти замонавӣ мебошад, барои бозомӯзии мутахассисони тибби оилавӣ аз ноҳияҳои Нуробод, Тавилдара, Тоҷикобод ва Ҷиргатол омода карда шудааст.
       Аз ҷониби Вазири тандурустӣ ба муассисаҳои табобатии пешгирии ноҳияҳои зикршуда маводҳои ташхисӣ ва табобатӣ кӯмак расонида шуд.

                                                                                                               Маркази матбуоти ВТ

 
« Пред.









Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш. Душанбе, кучаи Шевченко 69
тел: (992 37) 600-60-02; presscenter_mz@mail.ru