Tj Ru En
Саҳифаи асосӣ
Хабарҳо
SWAp
Шарикони байналмиллалӣ
Махзани санадхои меъёри-хукуки
Хадамоти санитарию эпидемиологӣ
Хизматрасонии тиббӣ
Саҳифаи духтури амалӣ
Тибби оилавӣ
Молҳои фармасевтӣ ва тиббӣ
Ҳифзи сиҳатии модару кӯдак
Тибби халки
Этика ва деонтология
Робита
Суолҳо ва посухҳо

 фев   марта 2010   апр

вспнвтсрчтптсб
   1  2  3  4  5  6
  7  8  910111213
14151617181920
21222324252627
28293031 
VLSI Technology
Саіифаи асосг

Замимаи 1
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «28»декабри соли 2006, № 603
 тасдиқ карда шудааст


НИЗОМНОМАИ
(Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
1. Муқаррароти


1. Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Вазорат) мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки барои таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба танзимдарории меъёрии ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ масъул аст.

2. Вазорат дар фаъолияти худ Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҳамин Низомномаро ба роҳбарӣ мегирад.

3. Вазорат, воҳидҳои сохтории дахлдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва вазоратҳои (идораҳои) ҷумҳурӣ системаи ягонаи идораи давлатиро ташкил медиҳанд, татбиқи сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ таъмин менамоянд.

4. Вазорат фаъолияти дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳоро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияти идориашон, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вобаста ба масъалаҳои марбут ба салоҳияташ ҳамоҳанг месозад.

5. Иҷрои стандартҳо, муқаррарот, меъёру нормативҳое, ки Вазорат дар соҳаи тандурустӣ бо тартиби муқарраргардида таҳия ва тасдиқ намудааст, барои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, инчунин шахсони воқей ҳатмӣ мебошанд.   

 

СОХТОРИ
Дастгоҳи марказии Вазорати тандурустии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳбарият 

Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ

Раёсати илм ва таҳсилоти тиббию фармасевтӣ

Раёсати ислоҳот ва робитаҳои байналмилалӣ

Раёсати ташкили хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдакон ва танзими оила 

Раёсати иқтисодӣ ва банақшагирии буҷети соҳаи тандурустӣ 

Раёсати фарматсия ва молҳои тиббӣ 

Раёсати санитарию эпидемиологӣ

Шӯъбаи баҳисобгирӣ ва муҳосибавӣ

Шӯъбаи ҳуқуқ 

Шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодда ва ёрии фаврии тиббӣ

Шӯъбаи аудити дохилӣ 

Шӯъбаи коргузорӣ ва назорат 

Шӯъбаи кадрҳо

 НАҚШАИ
идоракунии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастгоҳи марказӣ 

Раёсати тандурустии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 

Раёсати тандурустии Вилояти Хатлон 

Раёсати тандурустии Вилояти Суғд 

Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 

Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ

Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ 

Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ

 НОМГӮИ
муассисаҳо ва ташкилотҳои системаи Вазорати тандурустии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маркази миллии тиббӣ

Маркази миллии ташхис

Маркази миллии солимии репродуктивӣ

Маркази миллии мониторинг ва пешгирии нашъамандӣ 

Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино

Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинатологии Тоҷикистон»

Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии педиатрӣ ва ҷарроҳии кӯдакона»

Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон

Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии тибби профилактикии Тоҷикистон 

Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу раг ва қафаси сина

Маркази ҷумҳуриявии илмии хун 

Маркази ҷумҳуриявии илмию клиникии стоматологӣ 

Маркази ҷумҳуриявии илмию таълимии ҷарроҳии барқарорсозӣ

Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ

Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои рӯҳӣ 

Маркази ҷумҳуриявии саломатии рӯҳии кӯдакон ва наврасон

Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои рӯҳӣ

Маркази ҷумҳуриявии байниноҳиявии психоневрологии шаҳри Турсунзода

Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сил

Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои пӯст ва узвҳои таносул 

Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологии ба номи профессор М.Ғ.Ғуломов 

Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм 

Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил 

Маркази ҷумҳуриявии клиникии урологӣ 

Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои сутунмӯҳра

Маркази ҷумҳуриявии тибби халқӣ

Маркази ҷумҳуриявии клиникии ортопедия ва осебшиносӣ 

Санаторияи ҷумҳуриявии кӯдаконаи «Қаратоғ» 

Санаторияи ҷумҳуриявии кӯдаконаи кардиоревматологии «Ҳушёрӣ» 

Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии тиббию иҷтимоӣ «Тангаӣ» 

Беморхонаи ҷумҳуриявии физиотерапевтии ба номи Нурматов Абдусаттор 

Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ 

Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои сил 

Маркази ҷумҳуриявии клиникии эндокринологӣ 

Маркази ҷумҳуриявии кори ҳамширагӣ 

Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди касалиҳои карантинӣ

Маркази ҷумҳуриявии эмтаъминкунӣ

Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории СПИД 

Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ

Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим

Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббию судӣ 

Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию тиббӣ 

Маркази ҷумҳуриявии ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона 

Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ 

Коллеҷи тиббии шаҳри Қурғонтеппа 

Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб 

Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд

Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Ҳисор 

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Ваҳдат 

Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Рашт 

Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Ёвон 

Омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара 

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Конибодом

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Истаравшан 

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Панҷакент 

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хоруғ

Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Турсунзода

Маркази илмию тадқиқотии дорусозӣ 

Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои ғизо 

Маркази ҷумҳуриявии хизматрасонии тиббии хадамоти сайёри соҳаи чорво 

Маркази ҷумҳуриявии хариди доруворӣ ва молҳои тиббӣ

Маркази ҷумҳуриявии дезинфексияи профилактикӣ 

Корхонаи воҳиди давлатии «Ронанда» 

Базаи ҷумҳуриявии автомобилӣ 

Идораи таъмиру сохтмонии шаҳри Кӯлоб

Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикфарминдустрия» 

Корхонаи муштараки «Тоҷик Аҷанта Фарма Лимитед» 

Идораи сохтмони асосӣ 

Редаксияи маҷаллаи «Шифо» 

Редаксияи маҷаллаи «Тандурустии Тоҷикистон»

Маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тиббӣ 

Маркази ҷумҳуриявии барқароркунии кӯдакона

Базаи ҷумҳуриявии таъминоти махсуси тиббӣ 

Муассисаҳои соҳаи тандурустии вилоятҳо, шаҳр ва ноҳияҳо   

 
След. »









Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ш. Душанбе, кучаи Шевченко 69
тел: (992 37) 600-60-02; presscenter_mz@mail.ru